• 23.05.2019

Як умр кифоя нест…

Ман ҳанӯз бо ручка дар варақи нотанависӣ, ки монускрипт ном дорад, менависам. Бо компютер кор кардан хоси ман нест. Баъд монускриптҳоро ба мутахассисон медиҳам, ки ба компютер ворид кунанд. Мусиқӣ бояд аз қалб ояд, компютер техника аст.

  • 23.05.2019

Нони ӯзбекӣ ба феҳристи ЮНЕСКО шомил мешавад?

Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба ҷониби Ташкилоти СММ оид ба маориф ва фарҳанг ё ЮНЕСКО дар мавриди ба феҳристи мероси моддий ва ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил кардани нони ӯзбекӣ пешниҳод ирсол кардааст.

  • 31.12.2016

Замира Рустамова, “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016”

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва литсейи №55 даври ниҳойии озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон-2016” баргузор шудааст. Чуноне аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, Замира Рустамова, омӯзгори мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ғолиби озмун эълон гардид: “Ба ғолиби озмун ва […]

  • 31.12.2016

93-то журналист кушта шуданд

Дар як соли гузашта дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон 93 корманди расонаҳо кушта шудаанд. Масъулони Федератсияи байналмилалии журналистон гуфтанд, бисёре аз ин хабарнигорон ҳангоми адои вазифа дар Ироқу Афғонистон, Мексика, Яман ва Сурия қурбон шуданд. Дар ин қатор исми Павел Шеремет, корманди «Ҳақиқати Украина» ҳам дарҷ шудааст. Соли 2015 дар ҷаҳон 112 журналист кушта шуда буд. […]

  • 31.12.2016

Фаронса: Полис сафирро кушт

Мақомоти пулиси Бразилия гуфтанд, ки қотили сафири Юнон дар ин кишвар як афсари 29-солаи пулис будааст. Ин афсар эътироф карда, ки бо ҳамсари дипломати юнонӣ Кириакос Амиридис робита дошт ва бо фармоиши ӯ сафирро кушт. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ҳамсари сафири Юнон низ ба доштани робита бо ин маъмури пулис эътироф кардааст. Ҷасади Кириакос Амиридиси […]

  • 31.12.2016

Дар қабули Трамп

 Мусоҳибаи хабарнигори “Тоҷикистон” бо президенти Амрико …Мо ҳаргиз интизори ин даъват набудем, вале аз тариқи почтаи электронӣ даъватнома барои суҳбат бо президенти  тозаинтихоби Амрико Доналд Трампро дида, ба он бовар накардем. Зеро вақтҳои охир ҳуҷумҳои хакерии Русия  ба Амрико ва баръакс эътимодро ба ин гуна тамос аз байн бурда буд. Хостем ин даъватро фаромӯш кунем, […]

  • 30.12.2016

Хурӯсроҳбарон кистанд онҳо?

 Соли Хурӯс, бо такопӯ ва ҷунбуҷӯле, ки худи Хурӯс дорад, дарвозаи моро мекӯбад. Ситорашиносон аслан соли Хурӯсро соли хуб медонанд ва кушода шудани ағлаби гиреҳҳоро маҳз дар ин сол арзёбӣ мекунанд. Аммо аксари коршиносон, махсусан донандагони иқтисод ба соли 2017 он қадар хушбин нестанд ва онро идомаи соли 2016 медонанд. Сиёсати дунё ва идораи он […]

  • 30.12.2016

«Ҳамлаҳои солинавӣ» пешгирӣ шуд

Хадамоти амнияти Русия (ФСБ) гуфт, ки ҳафт нафарро бо гумони тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар остонаи соли нав, боздошт кардааст, ки дастури гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ»-ро иҷро мекарданд. Ин ниҳоди амниятӣ рӯзи 29 декабр гуфт, ки ходимонаш тарҳрезони амалҳои террористиро дар Доғистон, минтақае дар Қафқози Шимолӣ, боздошт карданд. Ба гуфтаи хадамоти амният ин гурӯҳ мехост бо […]

  • 30.12.2016

Кишвари арзони сайёҳӣ

Маҷаллаи молиявӣ ва иқтисодии амрикоӣ Forbes Қирғизистонро дар рӯйхати самтҳои арзони сайёҳӣ барои соли 2017 ворид кард. Дар ин бора сомонаи маҷалла хабар медиҳад. Дар рӯйхат 21 самт аз 17 кишвар шомил шудааст. Дар шарҳи маҷалла навишта шудааст, ки Қирғизистон самти нав ба ҳисоб меравад. Ба навиштаи маҷалла, 93 дарсади Қирғизистон минтақаи куҳӣ буда, ин кишвар […]

  • 30.12.2016

Кушта шудани ду полис аз ҷониби зодагони ОМ

Мақомоти пулиси Русия мегӯянд, ду корманди пулис шоми 29 декабр дар задухӯрд бо зодагони Осиёи Марказӣ кушта шудаанд. 4 нафар бо иттиҳоми ҳамла ва куштори кормандони пулис дастгир шудаанд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар дод, ки ҳамаи гумонбарон ба ҳамла ва куштори кормандони Росгвардия дастгир шудаанд. Дафтари матбуоти пулиси Маскав гуфт, «дар ҷараёни амалиёти […]

  • 30.12.2016

133-тоҷики ДИИШ-гаро

Аксари хориҷиёне, ки дар Туркия дар роҳи сафар ба Сурияву Ироқ бо ҳадафи пайвастан ба созмонҳои назири ДОИШ ваё дар роҳи бозгашт аз он ду кишвари ҷангзада дастгир шудаанд, аз Русия, Чин ва Тоҷикистон будаанд. Вазорати корҳои дохилии Туркия мегӯяд, ҳар нафари бистуме ки дар ин кишвар бо иттиҳоми узвият ваё иртибот бо созмони тундрави […]

  • 30.12.2016

Ид  ва  мотами сокинони СССР

…30 декабри соли 1922 дар шаҳри Маскав анҷумани (съезди) 1 Шурои СССР баргузор гардид,ки аз ташкил шудани давлате бо номи СССР хабар медод. Дар муҳокимаи  анҷуман танҳо ду масъала: 1.Тасдиқ намудани  Декларатсия оид ба ташкил ёфтани СССР ва тасдиқи шартномаи иттифоқи байни ҷумҳуриҳо 2. Интихоботи Комиҷроияи СССР. Ин масъалаҳо дар Анҷуман   муҳокима карда шуда, аз  […]

  • 30.12.2016

Суруди солинавии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ҳамроҳ бо ду наберааш суруди «Can’t Stop the Feeling»-ро, ки оҳанги сарояндаи машҳури амрикоӣ Ҷастин Тимберлейк аст, сароид. Бердимуҳаммадов 28 декабр аз майдони марказии ҷашнҳои солинавӣ дидан кардааст. Бо таманнои хушбахтиҳои солинавӣ, таътили хуби зимистонӣ, барор дар таҳсил Бердимуҳаммадов гуфтааст, ҳамаи бачаҳоро ояндаи дурахшон интизор аст. Баъди ин вай ба мулоқоти […]

  • 30.12.2016

Русия рондашудани дипломатҳояшро беҷавоб намонд

Дар посух ба ихроҷи 35 дипломати рус аз Амрико, мақомоти Русия амр доданд, Мактаби англисӣ-амрикоӣ ҷойи таҳсили фарзандони тамоми дипломатҳои Амрико, Бритониё ва Канадаро баста шавад. Телевизиони СИ ЭН ЭН дар ин бора гузориш дод. Дар ин мактабҳо ҳамчунин фарзандони хориҷиёне, ки таҳсил мекунанд, ки дар Маскав кору зиндагӣ доранд. Бар асоси амри дигари мақомоти […]

  • 30.12.2016

Фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Русия қатъ карда шавад

Раиси Федератсияи варзиши сабуки Германия Клеменс Прокоп аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ва шахсан президенти он Томас Бах даъват ба аввал овардааст, ки фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Русия қатъ карда шавад. Ба гуфти Прокоп, вай ҳанӯз моҳи июли соли равон ба КБО муроҷиат карда будааст, ки ҳай ати варзишгарони Русия аз иштирок дар Олимпиадаи Рио […]

App Banner