• 03.01.2017

Мехоҳед, ки ровии писандидаи дили шумо аз миёни даҳгона ягона ғолиби озмун гардад?

           Нашунидам  нагӯед, нафаҳмидам нагӯед! Хонандагони азиз! Тавре ки огоҳӣ доред, сомонаи “Tajikistantimes.tj” бо мақсади муайян намудани рейтинги сарояндагон, ҳунармандон, ҳаҷвнигорон ва ровиёни радиову телевизион озмуни “Ягона аз даҳгона”-ро эълон намуда буд.   [fv id=»2″] Даври аввали озмун, ки миёни сарояндаҳои машҳури кишварамон баргузор гашта буд, анҷом ёфт. Инак, аз санаи 1-уми январи соли 2017 даври […]

  • 03.01.2017

Мурғ бо кӣ хушбахт мешавад?

Марду занҳои дар соли мурғ тавлидёфта хислату хӯи душвор доранд. Онҳо ростқавлу ростгӯянд, вале ба касе тобеъ намешаванд. Маҳфилҳои серодамро меписанданд, мехоҳанд ҳамеша гули сари сабад бошанд. Ҳукмфармоӣ карданро дӯст медоранд. Мардҳои дар соли мурғ ба дунё омада боғайрат буда, аз уҳдаи ҳама кор мебароянд. Намояндагони ин бурҷ орзупарвар буда, дар олами хаёлҳои ширин парвоз […]

Дин 0
  • 03.01.2017

Сӯиқасд ба Додоҷони Атовулло, воқеият ё пиари навбатӣ?

Додоҷони Атовулло,  як  роҳбари мухолифини  Тоҷикистон мегуяд, ки  ба ҷони ӯ боз як сӯиқасд сурат гирифтааст ва  мақомоти Олмон аз  талоши сӯиқасд ба ҷони ӯ пешгирӣ кардаанд. Додоҷони Атовулло, яке аз  роҳбарони мухолифини  Тоҷикистон, дар хориҷа шаби 31 декабр дар як изҳороти видеоӣ, ки ба таври зинда аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук пахш шуд, аз […]

  • 03.01.2017

Ба рӯйхатгирии оилаҳои камбизоат

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад рӯйхати давлатии мардуми камбизоатро тартиб диҳад. Бино ба оморҳо, ҳар хонаводаи сеюм дар ин кишвар зери хатти фақр ба сар мебарад. Дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар рӯйхати ягонаи давлатии оилаҳои камбизоатро тартиб медиҳанд. Ба оилаҳои мушаххаси мӯҳтоҷи кумак расондани кумакҳои иҷтимоӣ ҳадафи асосӣ аз таҳияи […]

  • 03.01.2017

Маош 10 ва нархи маҳсулот 100 % болантар шуд

Аз 1 январи соли 2017 дар Туркманистон маоши кормандони буҷавӣ, стипендияи донишҷӯён, нафақа ва дигар кумакпулиҳо 10 дарсад боло рафт. Аммо бо назардошти гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ тайи моҳҳои охир харҷи сокинон 100 дарсад афзудааст. Нимаи моҳи июли соли 2016 дар Туркманистон аз боло рафтани маош хабар расид. Баъди […]

  • 03.01.2017

Мугамбои тоҷик аз чӣ “недоволен” аст?

Мугамбо- ин ном барои хурду калон ошност. Ин ҷавони шӯху ширинкор бо ҳазлҳои намакинаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, мухлисони бешумор пайдо намудааст. Дар арафаи Соли нави мелодӣ мо бо Мугамбо ҳамсуҳбат гаштем, то хонандагони азизи “Оила”-ро бо навгониҳои ҳаёти ин ҳаҷвнигори ҷавон ошно сохта, хотири ҳаводорони ҳаҷву мутоибаро шод гардонем.  -Аввалан ташрифатонро ба […]

  • 03.01.2017

Мурғу хӯрус — тухм ва гӯшти онҳо чӣ манфиат дорад?

Соли нави 2017 бо солшумории мурғ дари хонаҳои моро мекӯбад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, барои шумо хонандагони азиз дар  бораи  манфиатҳои гӯшт ва тухми мурғ  маълумоти мухтасар диҳем. Тибқи  маълумоти ба дастомада тухм  ҳаҷмкалон ва ҳамон рӯз мокиёнаш зоида бошад, беҳтарин тухм маҳсуб меёбад. Бояд қайд намоем, ки дар фасли тобистон тухм  тез вайрон […]

Дин 0
  • 03.01.2017

«Ховар» макони баргузории нишастҳои матбуотӣ

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, ки қарор аст аз фаъолияти як соли охири худ дар баробари матбуот гузориш диҳанд, ин дафъа дар толори Маркази матбуотии «Ховар» баргузор мешаванд. Чунин тасмим марбут ба сохторҳоест, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгир ҳастанд. Худи нишастҳои хабарӣ аз 9 январ то 6 феврал баргузор хоҳанд шуд. Идораи оҷонсии давлатии […]

  • 03.01.2017

«Тугмаи хатар» талаботи ҳатмӣ барои ҳамаи мошинҳост

Аз 1 январи соли 2017 дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё талаботи насби ҳатмии «тугмаи хатар» дар воситаҳои нақлиёт ба иҷро даромад. Сухан дар бораи мошинҳои истеҳсол ё воридотии кишварҳои АвруОсиё меравад. Бино ба иттилои комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ин талабот ба мошинҳое, ки то ба иҷро даромадани қоидаи нав ворид ё истеҳсол шудаанд, дахл надорад. […]

  • 03.01.2017

Маблағи ҷаримабандӣ  афзуд

Дар Тоҷикистон ҳаҷми ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ боло рафт. Ҳаҷми ҷарима ва ё пардохтҳои давлатӣ тибқи «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» шумурда мешавад ва андозаи ин нишондиҳанда аз соли нав аз 40 сомонии қаблӣ то ба 50 сомонӣ боло бурда шуд. Ҳаҷми нави «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2017 муқаррар […]

  • 03.01.2017

Ғалаба муборак, Наимҷон!

Рӯзи 30 –юми декабри соли 2016 даври аввали озмуни “Ягона аз даҳгона” ҷамъбаст карда шуд Хонандагони азиз! Тавре ки огоҳӣ доред, як моҳ қабл сомонаи “Tajikistantimes.com” барои муайян намудани рейтинги сарояндагон, ҳаҷвнигорон, ровиён, актёрҳои театру кино ва дигар шахсиятҳои шинохта озмуни ”Ягона аз даҳгона”-ро эълон намуда буд.  Даври аввали озмун дар байни сарояндагони жанри эстрада […]

  • 03.01.2017

Аз 5 январи соли 2017 лимити барқ барҳам мехурад!

Тавре, ки як манбаи  ғайрирасмии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи “Тоҷикистон таймс” аз ширкати “Барқи тоҷик”  хабар дод, шурӯъ аз 5 январи соли равон дар сар то сари кишвар лимити барқ дар руз пурра аз байн бурда хоҳад шуд. Дар ин бораи супориши махсуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат,  Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмоамалӣ Раҳмон дода […]

  • 03.01.2017

1850 нафар тоҷикон ба Русия кӯч бастанд

Владислав Маркеевич, роҳбари раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли гузашта ба барномаи «Переселение» бештар қабул шудаанд. Маркеевич гуфт, соли гузашта шумораи хоҳишмандони ширкат дар барномаи «Переселение» ба таври рекордӣ зиёд гашт. Ба гуфтаи вай, соли ҷорӣ 1850 шаҳрванди Тоҷикистон ба барномаи «Переселение» ва ё муҳоҷират қабул шудаанд ва қасд доранд, бо […]

  • 03.01.2017

Боришот то 4-уми январ идома меёбад

 Агентии обуҳавошиносии кишвар то 4 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз ҳавои номусоид ва бориши борону барф хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, дар баъзе минтақаҳо бориши борону барф шиддат мегирад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борони пуршиддат низ дар назар […]

  • 03.01.2017

Аз 1 январ Туркманистон ба Эрон газ надода истодааст

  Баъди он, ки Эрон эълом кард, ихтилофҳо бо Туркманистонро дар мавриди қарзҳои газ ҳал кардааст, рӯзи якшанбе Ширкати миллии гази Эрон эълон кард, ки Ишқобод содироти газ ба Эронро қатъ кардааст. Тибқи баёнияе, ки шаби якшанбеи 1 январ дар сайти расмии Ширкати миллии гази Эрон мунташир шудааст, Туркманистон «бо вуҷуди созиши ҳосилшуда», содироти газ […]