• 09.01.2017

Мастчоҳ: Кӯчабозор ё лойбозор?

   Мувофиқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” савдои кӯчагӣ манъ аст. Аммо дирӯз ба ҷамоати Оббурдони ноҳия Мастҷоҳ рафта шоҳиди дар рӯи лой ба тиҷорат машғул шудани савдогарон гардидем. Бо вуҷуди он ки  ҳаво бебориш буд, на танҳо канори роҳҳо, балки роҳи мошингузар низ пурлой буд(барои инъкоми ҳол аксҳо ҳаст). […]

  • 09.01.2017

ГУЛМАҲМАДЗОДА:Сафӣ аз тоҷикон узр пурсад

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон изҳороти Умар Сафӣ, собиқ губернатори Кундузро дар бораи таъмири танку техникаи низомии Толибон дар Тоҷикистон беасос хонд. Гулмаҳмадзода имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, давлати Тоҷикистон пайваста барои ҳалли мусолиматомези мушкилоти Афғонистон талош мекунад ва изҳороти собиқ раиси Кундуз туҳмате беш нест ва барои он бояд Сафӣ аз халқи […]

  • 09.01.2017

Подполковники маҳкумшуда: Тоҷиконро ба дом афкандан мехостам, вале…

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург як подполковники пулиси нақлиёти ин шаҳрро барои 18 сол равонаи зиндон кард. Александр Левский дар нигоҳдории маводи мухаддир муҷрим шинохта шудааст. Мақомоти тафтишотии Санкт-Петербург гуфтаанд, моҳи августи соли 2014 аз манзили иҷораи Левский дар хиёбони Солидарност 36 кило маводи нашъадор дарёфт шудааст, аммо ин подполковники пулис дар додгоҳ иддао кардааст, ки ин […]

  • 09.01.2017

Президенти Россия қотили бизнесмени тоҷикро меҷӯяд?

Пайвандони Асадулло Маҳмудов, собиқ раҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Могнитогорск аз президенти Русия Владимир Путин хоҳиш кардаанд, ки ба қазияи кушта шудани ӯ дахолат намуда, барои пайдо кардани қотилонаш кӯмак намояд. Маҳмудов рӯзи 15 декабр дар назди манзилаш аз сӯи афроди номаълум парронда шуд ва ҷасади ӯро ба Тоҷикистон оварданд. Наздикони ин тоҷир ва раиси пешини […]

  • 09.01.2017

Тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ- мавзӯи сӯҳбати вазиру сафир

Неъматулло Ҳикматуллозода,  вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк мулоқот кард. Ҷонибҳо вазъи робитаҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз мунтазам […]

  • 09.01.2017

Ҷасади писари президенти собиқ ёфт шуд

Хабаргузории Associated Press аз ёфт шудани ҷасади яке аз фарзандони Лех Валенса, раиси ҷумҳури собиқи Лаҳистон (Полша), гузориш дод. Ҷасади Пшемислав Валенсаи 43-сола дар хонаи яке аз наздиконаш пайдо шудааст. Табибон дар ҷасад аломати латту кӯбро, ки ба заминаи ҷиноии марги ӯ ишора кунад, наёфтанд. Валенса 8 фарзанд дорад ва Пшемислав фарзанди севуми ӯ буд. […]

  • 09.01.2017

Фақеров: Муноқишаи маргбор қасосгирии маҳалҳо буд на мактбаҳо (Видео)

Ҳамидуллохон Фақеров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе муноқишаи байнимактабиро ки аввали соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, шарҳ дод. Ба ақидаи ӯ ин муноқишаи маргбор ба макотибҳо дахле надошта қассосгирӣ миёни ҷавонони ду маҳалла будааст. Ин нуктаро номбурда, имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд. Номбурда афзуд, […]

  • 09.01.2017

Писари номазад ба мақоми президент,раиси «Рустави-2»-ро зад

Писари номзади мухолифон ба мақоми президентии Гурҷистон дар интихоботи соли 2008 Леван Гачечиладзе – Рати рӯзи якшанбе бо айби латукӯби Ника Гварамия, мудири кулли телевизиони маъруфи ин кишвар «Рустави-2» боздошт шудааст. Ба иттилои пулиси Гурҷистон, Гварамия шоми шанбе, баъди маросими дафни падараш бо дӯстҳои худ ба тарабхонаи «Dining Room» меояд, ки Рати Гачечиладзе низ бо […]

  • 09.01.2017

Дар с. 2021 равуо ба Ӯзбекистон бе виза мешавад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо нашри як фармон санаи бекор кардани равуои бе визаро барои шаҳрвандони 27 кишвар, ки қарор буд, 1 апрели соли 2017 ба иҷро дарояд, то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузоштааст. Ибтидои моҳи декабри соли гузашта Мирзиеёв қароре қабул кард, ки тибқи он сайёҳони 27 кишвари дунё метавонистанд, бе виза […]

  • 09.01.2017

Танзиму Конститутсия ба мактаб омаданд

Дар китобҳои «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои синфҳои 8,9 ва 10 бобҳои алоҳида ворид мешаванд, ки дар онҳо Конститутсия ва ё Қонуни асосӣ, омӯхта мешавад. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 9 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳамчунин бо фармони раиси раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби ин тағйирот ба хонандагони […]

  • 09.01.2017

Қотилони муҳоҷирони тоҷик дастгир шуданд

Мақомоти тафтишотии Русия таъйид карданд, ки ду тоҷири тоҷик чанд рӯз пеш дар роҳи Чита ба ноҳияи Красночикойск, кушта шудаанд. Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки муттаҳамон дар қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ҳоло боздошт шудаанд. Ба гуфтаи манобеи тафтишотӣ, яке аз муттаҳамон чанде қабл баъд аз сипарӣ кардани давраи 12-солаи зиндон раҳо шуда буд. […]

  • 09.01.2017

Тоҷикистон Толибонро эътироф намекунад

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Русия ва Чин ба хотири таъмини амнияти кишварҳои минтақа, бо ҷунбиши Толибон вориди гуфтугӯ шудаанд. Худойбердӣ Холиқназар рӯзи 9 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки фаъол шудани гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» сабаб шудааст, ки Русия ва Чин ба унвони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва […]

  • 09.01.2017

Кадомин варзишгарон мукофотпулии Президентро гирифтанд?

7-уми январ бо иштироки намояндагони Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент дар Душанбе маросими супоридани мукофотпулиҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми 622 ҳазору 500 сомонӣ ба 15 ғолиб ва дигар ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ баргузор гардид. Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар сомонааш хабар дода, варзишгарони мукофотпулигирифтаро муаррифӣ намудааст. Дилшод […]

  • 09.01.2017

Ғалабаи нахустини 18-солаҳои Тоҷикистон

Дар мусобиқаи байналмилалиии ёдбуди аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дар шаҳри Санкт-Петербург шурӯъ шудаст, 8 январ мунтахаби ҷавонони 18-солаи Тоҷикистон ба ҳамсолонащон аз дастаи Юнон бо ҳисоби 1:0 дастболо шуданд. Сомонаи ФФТ меафзояд, ки шогирдони сармураббӣ Виталий Левченко бозии хуб нишон дода, тӯби аввалинашонро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонданд. Ин гол дар […]

  • 09.01.2017

Аз ҲНИТ  хориҷ шудам

 Мегӯяд шоир Хушдили Абдуғаффор  Пас аз чопи мақолаи мақолаи Дилсӯзи Зарафшонӣ -«Узви Иттифоқ байрақи ДИИШ-ро парафшон дидан мехоҳад» ,(«Тоҷикистон» №50, 14.12.2016)  шоир Хушдили Абдулғафур дар қатори нӯҳ нафари дигар аз узвияти Иттифоқи нависандагон ронда гашт. Ин муродиф афтод ё давоми маъракаи ба истилоҳ поксозии Иттифоқ аст, шояд муҳим набошад. Муҳим он ки оташ, ки афтод […]