• 11.01.2017

Мураббии дуздро 22-сол зиндонӣ карданд

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукми се нафари муттаҳам ба ғорати хонаи Қурбон Зуҳуров, сардори шӯъбаи аудити Идораи гумруки Хатлонро эълон кард. Дурандеш Иброҳимзода – додраси парванда – гуфтааст, Мӯъмин Норматов, мураббии бокс ва раҳбари ин гурӯҳ 22 сол, Фарҳодҷон Норматов 18,5 ва Раҷабалӣ Одинаев 18 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин се нафар сокинони ҷамоати Бӯстонқалъаи […]

  • 11.01.2017

Кӣ ба ҷойи HOPE ба беморони қанд кӯмаки ройгон мекунад

Мақомоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳукумати кишвар дар соли ҷорӣ барои харидани доруи инсулин 3 миллион сомонӣ ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта барои хариди ин навъи дору маблағ ҷудо нашуда буд. Дар авоили моҳи августи соли гузашта мақомоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буданд, ки […]

  • 11.01.2017

Даргузашти Кароматуллоҳи Аҳмад, журналисти собиқадор

Кароматуллоҳи Аҳмад, рӯзноманигори собиқадори тоҷик нимаи дуввуми имрӯз, ба таври ногаҳонӣ аз олам даргузашт. Номбурда дар назди ҳуҷраи кории худ дар ошёнаи якуми бинои  «Шарқи озод» ҷон додааст. Кароматуллоҳи Аҳмад, яке аз журналистони собиқадори кишвар буда, аввал дар телевизиони тоҷик ва баъдан солҳои дароз дар нашрияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла «Садои мардум», «Тоҷикистон», «Оила» ва […]

  • 11.01.2017

Сардори Саридораи бойгонӣ, иваз шуд

Лангарӣ Ҷамила Салмон, ки то ин замон дар мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе кор мекард, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Бар асоси қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон аз 11 январ, Дилором Мирсаидова, ки то ин замон дар мақоми сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард, ба сабаби ба […]

  • 11.01.2017

Қиссаи ҳофизи ноком

  Аслан ба эҷодиёти нависандаи шинохта Зариф Ғулом таваҷҷуҳи хоса дорам. Адиб бештари ҳикояю қиссаҳояшро ба ҳаёту зиндагии мардуми заҳматкаши диёри орифони Кангурт бахшидааст, ки қиссаи тозанашри «Карими Шиш» аз ҷумлаи онҳост. Асари мазкур соли равон тавассути нашриёти «Балоғат» ба теъдоди 1000 нусха ба табъ расида, ба саргузашти ғамангези ҳунарманди беҳамто Карим Файзов, ки аз […]

  • 11.01.2017

Ало, Прокурори генералӣ? (Аз бойгонии «Тоҷикистон»)

Савол: -Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”? -Бале. -Бо кӣ гап мезанам? -Бо Прокурори генералӣ. -(Хомӯшӣ) -Агар савол дошта бошед, марҳамат. -(Баъд аз лаҳзае) Агар саволамро диҳам, ба ман қасд намекунанд? -Шумо  дар ҳимояи қонун ҳастед, бемалол савол додан гиред. -Бародарам Солиев Фаридунро моҳи феврал органҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошт намуданд. Охири моҳи март ба ҳабс гирифтанд. Дар вақти даъват […]

  • 11.01.2017

Куштори дипломатҳои ИМА дар Афғонистон

  Тибқи тозатарин хабарҳо, панҷ дипломати Имороти Муттаҳидаи Араб дар таркиши шоми 10 январ дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар ҳоле сурат гирифтааст, ки сафири Имороти Муттаҳидаи Араб дар Афғонистон бо шуморе аз тоҷирон ва мақомоти ин вилоят дар як меҳмонӣ дар меҳмонхонаи мақоми вилояти Қандаҳор ҳузур доштаанд. Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб […]

  • 11.01.2017

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миниэкскаватор ҳам месозанд

Соли  сипаришуда Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро 2172 нафар донишҷӯ хатм намудааст, ки  аз онҳо 1972  бакалавр, 73 мутахассиси таҳсилоти олӣ дошта ва 160 магистр мебошад. Дар ин бора имрӯз Сафаралӣ Гадоев, ноиби аввали ректор оид ба таълими донишгоҳи мазкур зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи номбурда аз шумораи умумӣ […]

  • 11.01.2017

Китобҳои дарсии донишҷӯёнро такмил мебояд

Нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ ҳамеша барои рӯзноманигорон ҷолибу хотирмон ҷараён мегирад. Ӯ зимни гузориши пурмуҳтаво ҳам аз бурду комёбиҳо ва ҳам аз каму кости вазъи таълиму тадрис ва корҳои илмӣ ошкоро ҳарф мезанад. Ба пурсишҳои рӯзноманигорон саҳеҳ ва бо далелҳои қаноатбахш посух мегӯяд. Дар нишасти матбуотии […]

  • 11.01.2017

Зан Сурияро аз шавҳараш пеш донист

Ҳамза Тӯрабеков – сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод – ҳаргиз хаёл намекард, ки рӯзе ҳамсараш Турғуной ба хотири ҷанг дар Сурия ӯро тарк карда ва чор фарзандашро низ бо худ мебарад. Тӯрабеков мегӯяд, замоне, ки ба далели садамаи нақлиётӣ дар маҳбас ба сар мебурд, ҳамсараш ҳамроҳи фарзандон аввал ба Русия ва сипас ба майдонҳои ҷанги […]

  • 11.01.2017

Ҳуҷуми бангиҳо ба кампирҳои фаррош

Хонандаи ҳамешагии ин сомонаи машҳур ҳастам. Шунидем, ки ин сомона ба доди мо мардуми бепуштупаноҳ мерасад ва саҳифаеро бо номи «Номаҳо» кушодааст. Мехоҳам дар бораи як масъалаи бисёр муҳим ҳарф занам. Ман дар яке аз корхонаҳои шаҳр фаррош шуда кор мекунам. Мо бояд то омадани кормандон кори худро ба сомон расонем, аз ҳамин сабаб хеле […]

  • 11.01.2017

Оғози озмуни «Биё бо ҳам бихандем»

 Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем» моҳҳои январ-марти соли равон дар ду марҳила баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд. Озмун бо мақсади дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, равнақи фаъолияти гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайдо намудани чеҳраҳои […]

  • 11.01.2017

Вазъи пули миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 11 январи соли равон , бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 7.8809 сомонӣ, 1 евро = 8.3380 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1292 сомонӣ. Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, «қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд […]

  • 11.01.2017

Ҷоизаҳои олимпӣ ба 10 варзишгари беҳтарин

Ба даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2016, ки аз тарафи Анҷумани журналистони риштаи варзиш интихоб шудаанд, ҷоизаҳо супурда шуд. Ин маросим рӯзи 10 январ дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардид. Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ, гуфт, дар ин сол Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар […]

  • 11.01.2017

Хуҷанд: Дар бозор ҷои нони обӣ танг шудааст

 Дар шаҳри Хуҷанд ва чанде аз деҳаҳои атрофи он пухтани беш аз 10 намуди нон маъмул гардидааст. Аз ҳама нони серхаридору гаронарзиш ин фатири равғанин мебошад, ки дар бозор як донаи он 10 сомонӣ арзиш дорад. Инчунин нонҳои ҷаззагӣ, ширмол, гӯштин, самарқандӣ серхаридор будаанд.  Бино ба гуфти нонпазон ва фурӯшандагон солҳои охир талабгорони нони обӣ […]