• 20.04.2019

Интернети қиммат ва эътирози мардум (Видео)

Ҳарчанд ин қарор новобаста аз назари ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт, интиқод ва эътирози мардуми тоҷикро дучанд кард. Вале сару садо ва эътирози шаҳрвандонро на мақомоти дахлдор ва на Ҳукумат ба назар гирифтанд.

  • 18.04.2019

Кайҳоннаварди тоҷик: чаро ӯро ҷаҳон эътироф карду Тоҷикистон не?

Дар бораи кайҳонварди аввалин Юрий Гагарин зиёд хондаему медонем, аммо кам касон маълумот доранд, ки баъди 37 соли ин, 23 январи соли 1998 ҳаммиллати мо Солиҷон Шарифов бо киштии «Индевор STS-89» ба кайҳон парвоз кард ва сафари ӯ 8 рӯзу 19 соату 46 даққиқа идома ёфт.

  • 12.01.2017

Президент аз шарҳи Акрамӣ норозист

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ дар робита ба муқобил баромадани Зикриё Акрамӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, мукобили  таҷлили минбаъдаи солгардҳои таърихи шаҳру навоҳӣ, аст, изҳори норизои кард.  Раҳимӣ қайд кард, ки пешниҳоди Акрамӣ ақидаи шахсии ӯст ва шарҳи додааш, ки гӯё таҷлили солгарди шаҳрҳо боиси нофаҳмиҳо миёни мардум […]

  • 12.01.2017

Бонки миллӣ сатҳи таваррумро шарҳ дод

Дар моҳи декабри соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум раванди муътадил дошта, 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ ва моҳи декабри соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.  Ба таварруми ҳосилшуда дар моҳи декабр асосан ба андозаи 1,0 фоиз болоравии […]

LM2019
  • 12.01.2017

Гулрухсор: Соли ҷавонон ба гап набошад

Шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор мегӯяд, ки эълони соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон фоли хубест, аммо набояд он ҳавоӣ бошад. Баръакс дар ин сол бояд ба ҷавонони эҷодкор имкониятҳои ҷиддӣ фароҳам оварда шавад ва онҳо аз ҷониби масъулин дастгирӣ бинанд. Ин нуктаро шоири халқии Тоҷикистон, имрӯз дар рӯнамоии китоби шоири ҷавон Толиби Луқмон бо номи «Пагоҳ» […]

  • 12.01.2017

Рустами Эмомалӣ Раиси шаҳри Душанбе

 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи Раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд. Бо фармонҳои Президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ аз вазифаи Директори Агентии назорати давлатии […]

  • 12.01.2017

FIFA: Тоҷикистон се зина поин шуд!

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 12 январ нашр шуд, се зина поин шуд ва дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар ҷойгоҳи 132-юм қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мақоми 21-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 29-ум), Кореяи Ҷанубӣ дар […]

  • 12.01.2017

Ҷаласаи муштараки ҶСК «Тоҷик Эйр»

 Душанбе, 12 январи 2017 с.  – Имрӯз дар толори дафтари ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» бо ташаббуси прокуротураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки кормандони ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 22 декабри соли 2016 баргузор гардид. Дар ҷаласа […]

  • 12.01.2017

Серхаридортарин асари сол

Дар намоишгоҳи фурӯши «Ҷаҳони китоб»-и Тошканд раддабандии серхаридортарин асарҳои соли 2016 баргузор шуд. Дар бахши «Адабиёти иҷтимоию сиёсӣ» китоби «Юксак маънавият – енгилмас куч»-и Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон мақоми аввалро касб кардааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳамчунин се китоби дигари Каримов дар бахши мазкур ба панҷгонаи беҳтарин китобҳои сол ворид шудаанд. Миёни адабиёти маънавию […]

  • 12.01.2017

Сайёҳӣ сохтори алоҳида мешавад, ҷавонон чӣ?

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12-уми январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки то соли 2020 теъдоди сайёҳон дар кишвар ба 1 миллион нафар хоҳад расид. Ба гуфти А. Абдуллозода, тайи 3 соли охир теъдоди сайёҳон дар кишвар ду баробар афзоиш ёфта, соли гузашта ба 312 ҳазору 602 […]

  • 12.01.2017

М.Шарифзода: Донишҷӯён маблағи шартномаро зина ба зина пардохт менамоянд

Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 4780 донишҷӯ таҳсил дорад, ки аз он 2841 нафар дар шуъбаи  рӯзона ва 1930 нафар дар бахши ғоибона мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Мумин Шарифзода, ректори донишгоҳи мазкур ба хабарнигорон иттилоъ дод. Аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи ректор, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯйи 16 ихтисоси ба […]

  • 12.01.2017

Кӯлоб: ДИИШ сари як оиларо хӯрд

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб падар ва ду писарро барои таблиғи ғояҳои гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз 8 то 12 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст. Падари хонадон Мирзоалӣ Содиқови 54-сола ва писарони ӯ Фаррух Содиқови 28-сола ва Далер Содиқови 27-сола охирҳои моҳи гузашта аз сӯи додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба зиндон маҳкум шудаанд. Изатулло […]

  • 12.01.2017

Ҷавонон, ҳушёр шавед: амалиёти махсуси «Овора»!

Бо ибтикори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе то охири моҳи январи соли равон амалиёти махсус таҳти унвони «Овора» — ҷараён дорад. Бинобар иттилои сомонаи ВКД ҶТ мақсад аз баргузории амалиёти мазкур муайян ва ошкор кардани наврасону ҷавонони бекору оворагард дар пойтахт мебошад ва он аз баҳри татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар тарбияи […]

  • 12.01.2017

Дуди ангишт зану шавҳарро кушт

Ду нафар сокинони деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз бӯи гази ангишти бухории худсоз (сандалӣ) заҳролуд шуда ва ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса шаби 11 январ рух дода ва дар пайи он Абдусамади 55-сола ва ҳамсари 54-солаи ӯ ҷон бохтаанд. Наздикони ин хонавода гуфтанд, ки фарзандони ин зану шавҳар, ҷасадҳои волидони […]

  • 12.01.2017

Толеъномаи 12 январ

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Имрӯз аз рӯйи масали «Меҳнат кунӣ, роҳат бинӣ» амал намуда, комёб мегардед. Рӯзона эҳтимоли сафари хидматӣ ва бегоҳирӯзӣ ҷаласаи муҳим имкон дорад. Агар хеле бодиққат бошед, касеву чизе аз роҳи рост бароварда наметавонад. Савр ( 21 апрел – 22 май) Дар ин рӯз сардор вазифаи муҳимеро ба дӯшатон бор месозад, […]

App Banner