• 21.01.2017

Хуҷанд: Шикоят аз кори ҳисобкунаки барқии рақамӣ афзудааст

     Дар 20 рӯзи моҳи январи соли ҷорӣ дар 174 ҳолат шикояти муштариён нисбати кори шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Сокинони ин шаҳр асосан аз он нигаронӣ намудаанд, ки баъди насби ҳисобкунаки барқии рақамӣ маблағи истифодаи барқ дар хонаҳояшон ғайричашмдошт зиёд гаштааст.   Директори шабакаҳои барқии Суғд Тӯра Муродович Атамов 20. […]

  • 21.01.2017

Дар Хатлон кӣ аз ҳама бештар ришва мегирад?

Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хатлон фасодкортарин ниҳодҳои вилоятро дар соли 2016 номбар карданд.  Солеҳ Носирзода, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон гуфт, соли 2016 дар бонкҳо 124 ҳолати фасодкорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар мавриди фасодкорӣ дар ниҳодҳои дигар раёсати Оҷонсӣ илова намуд, ки […]

  • 21.01.2017

Ҷияни зани Каримовро боздошт карданд

Акбаралӣ Абдуллоев – ҷияни як замон маъруфи Татяна Каримова – ҳамсари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар Украина боздошт шудааст. Мақомоти Киев, пойтахти Украина, гуфтанд, ки ӯ таҳти пайгарди пулиси байналмилалӣ ё Интерпол қарор дошта, ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ҳангоми боздошт аз Абдуллоеви 33-сола шиносномаҳои Доминикан ва Узбакистон гирифта шудааст. Вай соли 2014 низ […]

  • 21.01.2017

Толеъномаи 21 январ

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ин рӯз тамоми тағйиротҳои зиндагиро ҳамчун фишори  руҳӣ қабул мекунед. Ҳатто дар ҷойи кор диққати худро ҷалб кардану супоришҳои сардорро иҷро карданатон душвор мегардад. Нафароне, ки бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғуланд, бояд аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр бошанд. Савр ( 21 апрел – 22 май) Барои ба мақсад расидан шитоб […]