• 25.01.2017

Панҷакент: Майнӯшӣ меафзояд

Дар шаҳри Панҷакент теъдоди нашъамандон коҳиш ёфта, баръакси он теъдоди майнӯшон меафзояд. Дар ин бора Зайниддин Одинаев, сардухтури беморхонаи амрози руҳӣ ва маркази наркологии шаҳри Панҷакент зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфти Одинаев соли 2016 шумораи нашъамандон тибқи омори расмӣ 210 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки  нисбати соли 2015 ба маротиб кам аст, […]

  • 25.01.2017

Суди сармуҳаррир барои тамаъҷӯйӣ

Суди шаҳри Остонаи Қазоқистон сармуҳаррири нашрияи «Central Asia Monitor» ва муассиси сомонаи «Радиоточка» Бигелди Габдуллинро, ки бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шуда буд аз толори суд озод кард. Ин рӯзноманигори қазоқ бо гумони тамаъҷуӣ дар ҳаҷми махсусан калон айбдор шуда, бо ҳукми суд 5 сол таҳти назорати доимӣ мегардад. Ҳамчунин Габдуллин 10 сол ҳуқуқи ишғоли мансабҳои […]

  • 25.01.2017

Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон маълум шуданд

Қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 23-юми январ дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб шаҳри Абу-Дабӣ баргузор шуд. Дар даври финалии Ҷоми Осиё, ки соли 2019-ум дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, аввалин маротиба аст, ки 24 даста ширкат мекунанд. 12 дастаи даври финалӣ аллакай маълум шудаанд. Инҳо дастаҳои мунтахаби Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Ӯзбекистон, Ироқ, […]

  • 25.01.2017

Хонандаи суғдӣ киштии атомӣ ихтироъ кард

Дар вилояти Суғд як хонандаи мактаби миёна киштии атомии зериобӣ ихтироъ кардааст. Тавре аз як гузориши телевизиони вилоятии СМ-1 бармеояд, Амир Эргашев яке аз иштирокчиёни озмуни шаҳрии техникони наврас, дар ин мабқат бо  лоиҳаи киштии атомии зериобӣ, ки «Киштии ояндаи ман» ном дорад ширкат варзидааст. Ба гуфти амир Эргашев ихтироъкори ҷавон, киштии сохтаи ӯ ба […]

  • 25.01.2017

Аз Хати тафсони Вазорати адлия истифода баред!

Ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва сохторҳои он дар соли 2016 беш аз 74 ҳазор мавод оид ба масалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки назар ба соли гузашта қариб 4 ҳазор адад зиёд мебошад. 25 январ Рустам Шомурод, вазири адлия, гузоришашро дар бораи фаъолияти сохтори ҳуқуқии мазкур бо ҳамин иттилоъ оғоз кард. Рустам Шомурод, аз ҷумла ба […]

  • 25.01.2017

Озмун ба хотираи Нусратулло Махсум

«Ҷумҳурият» нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба хотираи гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамояд. Дар ин озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, ширкат варзида метавонанд. Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома […]

  • 25.01.2017

Президенти Ӯзбекистон ба як тоҷик ордену ба дигараш медал дод

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури тозаинтихоби Узбекистон дар баробари гуруҳе аз фаъолони марказҳои фарҳангӣ ба ду масъули марказҳои фарҳангии тоҷикон низ мукофоти давлатӣ тақдим кардааст.  Дар ин бора торнамои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Узбекистон хабар додааст. Ин мукофотҳоро Шавкат Мирзиёев дар маросими таҷлил аз 25-умин солгарди ташкили Маркази ҷумҳурявии фарҳангии байналмилалӣ супурдааст. Бар асоси иттилои манбаъ Мирзиёев ба […]

  • 25.01.2017

Суғд: 192 ҳолати қонунвайронкунӣ дар тақсимоти замин

   Аз тарафи нозирони кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми ҷорӣ бинобар дар ҳаракатҳои шаҳрвандони китъаи заминро худсарона ишғол намуда, аломатҳои ҷиноятӣ, ки қисми 2-и моддаи 338-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, барои бурдани тафтишоти пешакӣ маводҳои санҷишӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шудааст.     Ба гуфтаи муовини аввали идораи […]

  • 25.01.2017

Суғд: Дар ҳисоботи гумрук баъзе содироти маҳсулоти кишоварзӣ ворид нашудааст

Хоҷагидорони вилоти Суғд дар соли гузашта ба маблағи 6 миллиарду 197 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардаанд. Дар соли 2016 маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагидорон асосан ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Эрон содир шудааст. Санаи 24 январ Хайрулло Бобозода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки бо вуҷуди он дар соли гузашта […]

  • 25.01.2017

Равған: талабот 60 000 –истеҳсол 10 000

Талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон  ба истеъмоли равғани растанӣ 60 ҳазор тонна мебошад, аммо истеҳсоли он  дар соли 2016 ҳамагӣ 10 000 тоннаро ташкил додааст. Ин нукта дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 25 январ  баргузор гардид, вобаста ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон» аз забони Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон садо дод. Тибқи иттилои Бобозода, ҳоло […]

  • 25.01.2017

Лоиҳаҳои Ҷопон дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар доираи 10 лоиҳаи нав аз Ҳукумати Ҷопон 834,798 доллари ИМА ёрии бебозгашт дарёфт кард.  Расми имзои созишномаҳо имрӯз, 24 январ дар Душанбе сурат гирифт. Ҳаҷиме Китаока, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ҳарчанд ин гуна ёриҳо барои рушди сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон таконе мешаванд, вале умедвор аст, раисони навоҳии кишвар низ барои рушди […]

  • 25.01.2017

“Дӯстони Дӯстум дастгир карда шаванд!” мегӯяд додситон

Додситонии кулли Афғонистон дастури боздошти 9 тан аз муҳофизон ва наздикони генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар ва ҳамзамон раиси Ҷунбиши миллӣ-исломии Афғонистонро содир кардааст. Додситонии кулли Афғонистон мегӯяд, ки ин афрод ба бадрафторӣ ба Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷон муттаҳам дониста мешаванд ва ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ вазифадоранд, ки онҳоро […]