• 27.01.2017

Нумян Чусу: тӯйи тоҷиконро дида талхакаф шудам

Духтари куриё ҳастам ва бо амри тақдир барои идома додани таҳсил ба Тоҷикистон омадам. Пештар ба чандин давлати дунё сафар карда будам, вале меҳмоннавозии тоҷиконаро дар ягон гӯшаи олам надидаам. Тоҷикон охирин бурдаи нонашонро бо меҳмон тақсим мекардаанд. Ман аз халқи тоҷик миннатдорам, ки маро дар ватанашон бо оғӯши кушодаю дили гарм истиқбол гирифтанд ва […]

  • 27.01.2017

Путин ба Душанбе меояд

Владимир Путин – президенти  Русия ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар ин бора Игор Шувалов, муовини сар вазири Русия, дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод.  Вале дар бораи барномаи сафари ӯ ҷузъиёти бештар ироа накард. Хабаргузории РИА Новости аз қавли ӯ навишт, «мо бояд ба сафари президент Путин омода бошем, ки ҳафтаҳои […]

  • 27.01.2017

Султонзода сохторҳои аз ҳама порахӯртаринро номбар кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоливу Вазорати маориф ва илм аз фасодзадатарин ниҳодҳои кишвар унвон шуданд. Сулаймон Султонзода, роҳбари нави Агентии  зидди фасод  дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли 2016 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103 ҷиноят ва дар Вазорати маориф ва илм 90 ҷиноят ба қад расидааст: “Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Вазорати нақлиёт 24, Вазорати […]

  • 27.01.2017

Пайравони “ДИИШ”-ро чӣ интизор аст?

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи равон ду шаҳрванди Тоҷикистон-Асроров ва Мирзоевро барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ равонаи зиндон кард. Тибқи иттилоияи додситони кулли Тоҷикистон ин ду нафар ҳангоми муҳоҷираташон дар Маскав бо аъзои фаъоли ДИИШ дар Сурия тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, «Вайбер», «Вотсап» ва «Телеграмм» робита доштаанд: “Мирзоев дидаю дониста, ки бародараш дар Сурия алайҳи ҳукумати […]

  • 27.01.2017

Сабаби марги Илёс Мирзозода таҳқиқ мешавад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, сабаби марги Илёс Мирзозода, муҳоҷири 23-солаи тоҷик, ки ҷасадаш як ҳафта қабл аз ҷангали назди Маскав дарёфт шудааст, таҳқиқ мешавад. Марҳум сокини ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон буда, ҷасадаш рӯзи 25-уми январ ба Ватан интиқол дода шуд. Илёс Мирзозода як ҳафта ҷон бохта, сабаби маргашро мақомот айни замон муайян накардааст. Сафорати […]

  • 27.01.2017

Тоҷикбача дар Петербург шаҳид шуд

Дар Петербург холатҳои марги ҷавонписари 18-сола, муҳоҷир аз Тоҷикистон мавриди тафтиш қарор дорад. Хабар дода мешавад, ки муҳоҷирбача бар асари таркиши оташдони хушккунак фавтидааст. Ҳодиса шаби ҷумъа, рӯзи 19 январи соли 2017 дар ҳудуди заводи маснуоти оҳанубетонӣ, воқеъ дар кӯчаи Ванееви ноҳияи Неви Петербург рух додааст. Ҳангоми хушконидани маснуоти оҳанубетонӣ бо сабабҳои номаълум деги оташдони […]

  • 27.01.2017

2,3 миллиард доллар қарзи берунии Тоҷикистон

Қарзи берунии Тоҷикистон дар соли 2016 –ум ба 2,3 миллиард доллар баробар шудааст. Қарзи дохилии давлатӣ бошад,  дар ин давра ба 6,6 миллиард сомонӣ рост меояд. Дар ин бора имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ аз забони Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон садо дод. Инчунин, ба гуфтаи номбурда дар соли сипаришуда  нақшаи буҷаи ҷумҳурӣ […]

  • 27.01.2017

Суғд: Майдони партовгоҳи радиатсионии Деҳмойро хокпӯш мекунанд

 Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд тасмим дорад бо ҷудо кардани беш аз 1 миллион сомонӣ маблағ 20 гектар майдони партовгоҳи радиатсионӣ дар мавзеи Деҳмойро бо хок рӯйпӯш кунад. Темур Нӯмонзода, сардори ин раёсат зимни баргузории  нишасти хабарӣ гуфт, ки ин миқдор маблағ соли ҷорӣ ҷудо мегардад ва корҳои хокпӯшкунӣ низ оғоз мешавад.   […]

  • 27.01.2017

Агентии зидди коррупсия Убайдуллоевро тафтиш мекунад?

Агентии мубориза зидди фасод мегӯяд, ки бар асоси муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тафтиш мешавад. Илёс Идрисзода, муовини раиси Агентии  мубориза бо фасод имрӯз  зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин тафтишҳо дар робита ба аз худ кардани маблағҳо, сурат хоҳад гирифт. Вай аз ҷумла афзуд, ки ҳоло тарҳи «Манзили дастрас» ва дар бархе […]

  • 27.01.2017

Дар Тоҷикистон 8 миллиону 742 ҳазору 182 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. 

Дар ин бора Гулнора Ҳасанова, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки феълан миёни сокинони кишвар 50,6 дарсадро мардон ва 49,4 дарсадро занон ташкил медиҳанд: “Синни миёнаи занҳо 75,6 сол ва аз мардҳо 71,8 мебошад. Синни миёнаи сокинони кишвар 73,6 сол мебошад”. Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 742 ҳазору 182 нафарро […]

  • 27.01.2017

“Маркази” Шувалов баҳсҳоро хотима мебахшад?

Дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия бо иштироки муовини аввали нахуствазир Игор Шувалов маросими ифтитоҳи намояндагии маркази экспортии Русия баргузор мешавад. Вале тамаркузи асосӣ рӯзи 27 январ ба худи ҷаласа равона мешавад, ки баҳси беш аз якмоҳаи парвозҳои миёти Тоҷикистону Русия аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ин ду кишварро ба баррасӣ мегирад. […]