• 03.03.2017

Ним моҳ заҳмат -ним моҳ фароғат

  Дар моҳи марти соли равон аҳолии Тоҷикистон наздики ним моҳ – 13 рӯз истироҳат мекунанд. Мутобиқ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи  рӯзҳои ид» агар рӯзҳои иди расмӣ ба рӯзҳои истироҳат рост ояд, рӯзи баъдинаи корӣ низ истироҳатӣ эълон карда мешавад. Федератсияи иттифоқҳои  мустақили касабаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки   дар моҳи марти соли равон […]

  • 03.03.2017

Чор соли татбиқи ТШСИ дар Тоҷикистон

Дар фарҷоми моҳи феврал ба санаи номзадии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофияти  соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) чор сол пур шуда, ҷумҳуриамон дар ҷумлаи 40 кишвари дунё ба татбиқи меъёрҳои ТШСИ шурӯъ намуд. Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамоиши Идораи байналмилалии ТШСИ, ки  26-27 феврали соли 2013  дар Осло (Норвегия) баргузор шуд,  мақоми кишвари номзад ба ТШСИ-ро гирифт. Кӯшиши вориднамоии […]

  • 03.03.2017

Саида – Самарқанд

         Дастони тақдир  Хазон мегардаду хоҳад шукуфтан, Гули насрину лола дар баҳорон. Кулоҳи сап-сафед ҳар сол пўшад, Дарахти кўҳсорон дар зимистон. Зи найсонаш баҳорон сабз гардад, Замину дашт, лабони ҷўйборон. Дар осмон турнаҳо боз раҷъат орад, Хабар доданд оғози баҳорон. Дареғо рўзи рафта пас нагардад, Шуда кам аз китоби зиндагонӣ. Касе заҳмат, […]

  • 03.03.2017

САҲА дар Тоҷикистон мемонад

Мандати фаъолияти дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид шудааст.  Мунира Шоинбекова, масъули дафтари матбуоти САҲА дар Душанбе гуфт, ки бо қарори Шӯрои доимии САҲА дар шаҳри Вена мандати фаъолияти дафтари САҲА дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид гардид: “Шӯрои доимии САҲА яке аз муҳимтарин […]

  • 03.03.2017

Варзоб. Роҳ ва мушкилоти тарма (Видео)

Гузориши махсус аз минтақаи Варзоб, ки бар асари фаромадани тарма барои Тоҷикистон мушкилот пеш овардааст, дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

  • 03.03.2017

Толеъномаи рӯзи 3 март

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ин рӯз ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Бегонаҳоро аз нияту нақшаҳои худ огаҳ накунед, вагарна гапи зиёдатӣ гуфта ба худатон зарар мерасонед. Душманон як камбудиятонро ёфта, ғайбату овоза мекунанд ва ин боиси асабхаробиятон мегардад. Сафарҳои роҳи дурро ба таъхир гузоред, вагарна хатари рух додани вазъиятҳои ногувор имкон дорад. […]

  • 03.03.2017

Заминфурӯш ин бор 13 сол гирифт

Суди ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Нуралиев.А-ро дар фурӯши такрории заминҳо, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи иттилои Прокуратураи генералии  Тоҷикистон Нуралиев қаблан барои заминфурӯшӣ маҳкум шуда буд, аммо баъди адои ҷазо боз ба ин кори ғайриқонунӣ даст задааст: “Аз ҷумла давоми солҳои 2014 – 2015 бо «Ҳоҷиамон» ва «Холаҳмад» […]

  • 03.03.2017

Яке аз Мукаммиловҳо дар зиндон вафот кард

Қаноат, яке аз панҷ бародарон Мукаммиловҳо, ки ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири мудофиаи  Тоҷикистон айбдор шудаанд, рӯзи 2 март дар муассисаи ислоҳии рақами 1-и Вазорати адлия дар Душанбе даргузаштааст. Ӯ ҳамроҳ бо бародари дигараш — Мирзо Мукаммилов, ронандаи Абдуҳалим Назарзода — тобистони соли гузашта дар Русия боздошт ва ба […]