• 23.05.2019

Як умр кифоя нест…

Ман ҳанӯз бо ручка дар варақи нотанависӣ, ки монускрипт ном дорад, менависам. Бо компютер кор кардан хоси ман нест. Баъд монускриптҳоро ба мутахассисон медиҳам, ки ба компютер ворид кунанд. Мусиқӣ бояд аз қалб ояд, компютер техника аст.

  • 23.05.2019

Нони ӯзбекӣ ба феҳристи ЮНЕСКО шомил мешавад?

Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба ҷониби Ташкилоти СММ оид ба маориф ва фарҳанг ё ЮНЕСКО дар мавриди ба феҳристи мероси моддий ва ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил кардани нони ӯзбекӣ пешниҳод ирсол кардааст.

  • 26.03.2017

Иншооти нави Фурудгоҳи Хуҷанд ва анҷоми сафар

 Нимаи дуюми рӯзи 25 марти соли 2017 дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як қатор иншооти таъиноти гуногуни хизматрасониро ифтитоҳ намуданд. Нахуст Сарвари давлат аз иншооти навбунёд, ки дар Соли ҷавонон ифтитоҳ ёфта, ба ифтихори он “Толори ҷавонон” номгузорӣ гардидааст, шинос шуданд. Бинои мазкур, […]

  • 26.03.2017

Тошканд – Душанбе 4 апрел парвози нахустин

Намояндагии «Узбекистон ҳаво йулларӣ», ширкати давлатии Узбакистон, ба фурӯши билетҳо дар масири Душанбе – Тошканд – Душанбе шуруъ кардааст. Орифҷон Рӯзимуродов, намояндаи расмии ин ширкат дар Тоҷикистон, рӯзи 25 март гуфтааст, ки арзиши роҳкиро дар ҳоли ҳозир 1200 сомонӣ буда, дарёфти билет тавассути ширкати «Антарес» (fly.tj) имконпазир аст. Рӯзимуродов гуфтааст, парвози нахустини мунтазам тавассути ширкати […]

  • 26.03.2017

Ҳамлаи ҳавоӣ16 нафар кушта барҷо гузошт

Гурӯҳи ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 25 март гуфт, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ болои як зиндон дар вилояти Идлиб дастикам 16 нафар кушта шудаанд. Вилояти Идлиб таҳти тасарруфи шӯришиён қарор дорад ва нерӯҳои давлатии Сурия ҳамлаҳои худро болои ин минтақа шиддат бахшидаанд. Бахши шимолу ғарби Идлиб аз тарафи шӯришиёни таҳти Туркия назорат шуда, […]

  • 26.03.2017

Валентина Матвиенко Убайдуллоевро ба Русия даъват кард

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон – ба Русия хоҳад рафт. Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ,  гуфт, ки ин сафари Убайдуллоев бо даъвати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои узви ИДМ, сурат мегирад. Ба қавли ӯ, ин сафар то 29 март дар шаҳри Санкт-Петербург идома карда, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар […]

  • 26.03.2017

Истеъфои Атомуҳаммади Нур

Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон, таъкид дорад, ки нирӯҳои амниятии ин кишвар аз ҳолати дифоӣ ба ҳолати таҳоҷумӣ бигузаранд. Оқои Нур ин гапро рӯзи 25 март дар маросиме дар шаҳри Мазори Шариф баён дошт ва гуфт, дар вазъи дифоӣ нирӯҳои амниятӣ бештар осебпазир хоҳанд буд. Вай ҳамчунон гуфт, ҷанг дар Афғонистон ҷанги Толибону гурӯҳи “Давлати […]

  • 26.03.2017

Толеъномаи рӯзи 26 март

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Рӯзи номусоиду хатарнок аст. Аз гуфтори ноҷову дуруштӣ ва шӯхиҳои духӯра худдорӣ намоед. Ба дӯстдорони нӯшокиҳои спиртӣ истеъмоли машруботро тавсия намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шунидани хабари нохуш оид ба касбу коратон вуҷуд дорад. Ба дӯстдоштаи худ қавлу қасами беҳуда надиҳед. Савр ( 21 апрел – 22 май) Дар ин рӯз […]

App Banner