• 18.06.2019

Шветсария аз Тоҷикистон пуштибонии молӣ мекунад

Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар соли 2018 13 696,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод (содирот-1 639,9 ҳазор доллари ИМА ва воридот – 12 056,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

  • 18.06.2019

Нисбати президенти собиқи Қирғизистон тафтишот оғоз шуд

Дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев низ бо гумони фасодкорӣ тафтишот оғоз шудааст.

  • 29.03.2017

Терористон ҳуҷуми эҳтимолӣ ба Тоҷикистон (Аудио)

…Субҳи имрӯз  домони торикӣ сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро дарид, вале баробари даридани он таркиши сахте фазои деҳот ва дидбонгоҳи сарҳадиро ноором кард. Як адад автомашина бар асари таркиш дар ҳаво пош хӯрд. Ба отряди сарҳадӣ хабар расид, ки гурӯҳи хурди террористон вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Миёни террористон ва сарҳадбонон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Чанд нафар аз […]

  • 29.03.2017

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Филип Беннетт

Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии ноиби якуми Президенти Бонки номбурда Филип Беннетт мулоқот намуд. Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии […]

  • 29.03.2017

Россия: Марги маҳбуси тоҷик дар боздоштгоҳ

Ҷасади як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро шоми 26 март дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Маскав, ки бо номи «Матросская тишина” маъруф аст, пайдо кардаанд. Додситонии Маскав дар пайи марги маҳбуси тоҷик масъулони боздоштгоҳро ба бемасъулиятӣ айбдор кард. Додситонии шаҳри Маскав рӯзи 28 март хабар дод, ки дар ҷараёни санҷиши сабабҳои марги як маҳбуси тоҷик дар боздоштгоҳи […]

  • 29.03.2017

Нест кардани гурӯҳи терористӣ дар Тоҷикистон (Видео)

Нирӯҳои вижаи Русияву Тоҷикистон рӯзи 29 март дар ҷараёни машқи муштарак дар тамрингоҳи Самбулӣ як гурӯҳи шартии террористиро аз байн бурданд. Дар ин машқҳо аз ҳавопаймоҳову чархболҳои ҷангӣ низ истифода шудааст. Нирӯҳои вижаи Русияву Тоҷикистон рӯзи 29 март дар ҷараёни машқҳои муштарак дар тамрингоҳи Самбулӣ таҳти ҳимояти чархболҳову ҳавопаймоҳои ҷангӣ роҳҳову шеваҳои пайдо кардан ва […]

  • 29.03.2017

Видо Фарҳудӣ — Эрон — Фаронса

Оташ бизан Худро масўзон, бар риё, ваҳму гумон оташ бизан, Ранҷе чу мековад туро, бар кунҳи он оташ бизан. Умре супурдӣ боварат, бар нокасон»! Ку ёварат? Ку дасти ғайбе бар сарат? Бар он дукон оташ бизан. Гуфтам дукон чун корашон даллолии номи худост, Ифшо кун ин даллолаҳо, бар наслашон оташ бизан. Ҷоме бинўш аз ошиқӣ, […]

  • 29.03.2017

Русия: Ҷанги муҳоҷирони тоҷику ӯзбек

Рӯзи 28 март дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Калугаи Русия байни муҳоҷирони тоҷику узбек занозанӣ шудааст. Дар натиҷа як муҳоҷири 32-соларо бо захми корд дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд. Пулиси шаҳри Калуга дар бораи занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбек хабар дод. Нашрияи маҳаллии «Калуга – Поиск” аз қавли мақомоти пулис гузориш дод, ки […]

  • 29.03.2017

Оғози барномаҳои фарҳангӣ-фароғотӣ дар Душанбе

 Бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар боғҳои «Ирам», «Рўдакӣ», «Парчами давлатӣ», «Нишони давлатӣ» ва «Дўстӣ»-и шаҳри Душанбе ҳар ҳафта […]

  • 29.03.2017

Устопириён аз карда пушаймонаст

 Варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён мегӯяд, комиссияи махсус муайян намуд, ки дар қувваозмоии баҳсбарангезаш бо Саидҷалол Саидов доварон ва мухлисон бо хатоие роҳ надодаанд. Бо нашри як изҳорот дар сафҳаи фейсбукияш Комроншоҳи Устопириён гуфтааст, “гуруҳи кории таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ҳолати баргузории қисми ниҳоии гӯштингириро дар ҷоми «Пойтахт – 2017», ки […]

  • 29.03.2017

Ӯзбекистон дар Душанбе маҳсулоташро ба намоиш мегузорад

Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро баргузор намояд. Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки намоишгоҳ аз 17 то 21 апрели соли равон дар маркази савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор доир мегардад. Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон […]

  • 29.03.2017

Зилзилаи сахт дар Бадахшон

Суби 29-уми март зилзила шарқи Тоҷикистонро такон дод. Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, ин зилзила соати 4-у 51 дақиқаи вақти маҳаллӣ, рух додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, маркази зилзила дар 280 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 15 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ — маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон воқеъ буда, шиддати зилзила дар маркази […]

  • 29.03.2017

Ҷавонзанро дар хонааш камаз кушт

 Мувофиқи маълумоти ВКД, дирӯз тахминан соати 07:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз 43255”, марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Баҳор ба самти кӯчаи Камолаи пойтахт, ҳангоми баромадани баландии роҳ муҳаррики он хомуш шуда, автомашина ба қафо ҳаракат намуда, ба девори ҳавлии истиқоматии зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст. Дар натиҷа, соҳибхоназан таги девор монда, […]

  • 29.03.2017

КҲФ: Дар роҳҳо эҳтиёт шавед!

 Сокинони кишварро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аздаъват кардааст,ки дар чанд рӯзи оянда аз сафар ба мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд. Ба пешгӯии обуҳавошиносон аз 31 март то 1 апрели соли равон ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ ноустувор гардида, боришот мешавад. Дар баъзе минтақаҳо боронҳои шиддатнок ва пай дар пай, дар манотиқи […]

  • 29.03.2017

Қурби асъор

 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 29 март, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.1537 сомонӣ, 1 евро = 8.8598 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1434 сомонӣ. Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА аз 8.2500 то […]

App Banner