• 31.03.2017

50 %-и фавтидагон тамокукашҳоянд

Семинари дурӯза дар меҳмонхонаи “VEFA_ S баргузор гашт. Мавзӯи семинар “ Мубориза бар зидди тамоку” буда, он дар доираи рӯзноманигорон ва намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузор гашт.  Челси Хедквист дар аввали семинар қайд намуд, ки мақсади асосии ҷамъ омадан ва баррасӣ намудани ин мавзӯи муҳим панҷ омили асосӣ мебошад, ки дар ин ҷо нақши ВАО […]

  • 31.03.2017

Умеда Сайшарифзода: Хушдоманам маро корд зад

Баробари  ба утоқи корӣ ворид  шудан ҳамкорам Рустам саросема  хабар расонд: -Маҳина, аз Кӯлоб як мардак занг зада туро пурсид. Мегӯяд, ки домодам духтарамро мурданивор зада, таҳдиди куштан карда истодааст, вале касе ба доди мо намерасад. Умеди охиринамон ҳамин газетаи шумо аст. Гуфтам, ки ба идора биёед, мо бо шумо суҳбат мекунем, вале бечораҳо камбағал […]

  • 31.03.2017

Зебосанамҳо интихоб шуданд (аксҳо)

Санаи 31-уми март дар идораи ҳафтаномаи “Оила” маросими ҷамъбасти озмуни “Зебосанами фатиламӯй” баргузор гашт. Ғолибонро сардабири ҳафтаномаи “Оила” Фирӯза Сатторӣ ва сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Абдумудассир Аҳмадзода табрику муборакбод гуфтанд, сипас намояндаи толори ҷавоҳироти  “Тоҷи Зарин” Фирӯзабону туҳфаи ин ширкатро ба ғолиби озмун Наргис Асророва супурд. Ширин Нигматова ва Париваши Аҳлиддин зинаҳои дуюм ва сеюмро ишғол […]

  • 31.03.2017

Раисони Хуҷанд ва Истаравшан иваз карда шуданд

Имрӯз, 31-уми март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ду шаҳри вилояти Суғдро иваз намуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Шарифзода Шариф Файз, раиси шаҳри Хуҷанд ва Наим Набизода, раиси шаҳри Истаравшанро бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод намудааст. Ҳамчунин, бо фармони Президенти ҷумҳурии  Тоҷикистон Баҳром Иноятзода ба вазифаи иҷрокунандаи раиси […]

  • 31.03.2017

Боздошти тоҷики навбатӣ дар Санк -Петербург

Мақомоти интизомии Русия дар бораи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки, ба қавли онҳо, дар ҷустуҷӯи байналмилӣ ва гӯё дар узвияти гурӯҳи мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” буд. Исм ва ҳуввияти ин мард ошкор намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ӯ соли 1968 таваллуд шуда рӯзи 30 март дар кӯчаи назди боғи Серебристий боздошт шуд. Боздошти мардро полиси […]

  • 31.03.2017

“Қоидаҳои одоби варзишгар” таҳия мешавад

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ва федератсияҳои дахлдор пас аз таҳлили рафтори ношоистаи варзишгар Комроншоҳи Устопириён  вазифадор шудаанд, ки “таҷрибаи маблағгузорӣ кардани иштироки варзишгаронро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҷдиди назар намуда, аз рӯи як намуди варзиш гурӯҳи варзишгарони умедбахшро тарбия ва сарпарастӣ намоянд.” Инчунин, онҳо дастур гирифтаанд, ки дар давоми як моҳ […]

  • 31.03.2017

Таня Окифӣ – Афғонистон

Ҳафтсин Наврўз ба доманам, баҳорон дар даст, Так-так, так-так омадаам, дар во кун. Бо «монда набошӣ» сари роҳам бинишин, «Ғирсак» бинавозу кўчаро зебо кун. То панҷараҳо арақ намоянд аз шарм, Оҳиста гули пираҳанамро то кун. Аз «войн»-и сапед, истаконе бигзор, Даргири пиёла кун, маро Лайло кун. Ман суфраи «ҳафт син»-и туро чидаву ту, Аз дур […]

  • 31.03.2017

Маҳмадсаид Саидзода муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат доир гардид. Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки то ин вақт дар вазифаи сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ кор мекард, муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид. Қаблан дар ин мансаб генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода кор мекард, […]

  • 31.03.2017

Бонки миллӣ иҷозатномаи «Контбонк»-ро гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти «Контбонк»-ро бозхонд кард. Ҳамзамон  Бонки миллӣ ба «Бонки Осиё», барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ  иҷозатнома дод. Тавре  ки дар сомонаи  Бонки миллӣ , ки рӯзи 30-юми март нашр шудааст, бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2017, муҷаввизи фаъолияти «Контбонк» «барои иҷрои […]

  • 31.03.2017

Мақоми Тоҷикистон дар ТШСИ боздошт шуд

Бо қарори Раёсати байналхалқии ТШСИ мақоми номзадии Тоҷикистон дар ташаббус боздошт гашт. Дар раёсат изҳори эътимод намуданд, ки новобаста ба пешравиҳои начандон бузург, дар Тоҷикистон дар мавриди ҷалби мастақими сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла додани иҷозатнома барои истихроҷ ва кофтукови геологӣ, мушкилот вуҷуд дорад. Дар ҷаласаи 8-9 март дар Богота (Колумбия) баргузоргашта  аъзои Раёсати ТШСИ оиди […]

  • 31.03.2017

Дастгиршавии шавҳари қотил

 Аз сӯи кормандони пулис Як сокини 38-солаи ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми анҷом додани куштор боздошт шудааст. Бино ба итилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон , дастгиршуда шаби 27 ба 28-уми майи соли 2016, дар манзилаш баъди муноқиша бо ҳамсари 27-солааш ӯро латту кӯб намуда бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст: “Сипас, бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудааш, […]

  • 31.03.2017

Санги асос ба аввалин терминали боркашонӣ дар Душанбе

Субҳи имрӯз дар фурудгоҳи байналмиллаии шаҳри Душанбе маросими гузоштани санги асос ба терминали боркашонӣ, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон сармоягузорӣ мешавад, сурат гирифт. Ин терминал, ки зимни имзои як протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Дугшанбе», Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмиллалӣ «JICA» ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад, бесобиқа буда бори аввал […]

  • 31.03.2017

Падар духтарчаи 3 ҳафтаинаашро таҷовуз карда, кушт

Мувофиқи маълумоти ВАО Мэтью Уорнери 30 сола аз Колифорния барои куштори дараҷаи аввал ба 50 соли зиндон маҳкум гаштааст. Номбурда дар моҳи январи соли равон духтарчаи  се ҳафтаина худ Элориаи навзодро авал ба таври ваҳшиёна таҷовуз карда, сипас мекушад ва ба мақомоти пулис бо ариза дар бораи гӯё гум шудани духтарчаи 3 ҳафтаинааш муроҷиат мекунад. […]

  • 31.03.2017

Таҳдиди Соколов ба ширкатҳои тоҷикӣ

Вазири нақлиёти Русия гуфт, агар Душанбе ба парвозҳои ширкати русии «Ямал” иҷозат надиҳад, нисбат ба Тоҷикистон аз «чораҳои таҳрикдиҳанда” (побуждающие действия) кор хоҳанд гирифт. Максим Соколов гуфт, сафири Тоҷикистонро дар ин бора расман огоҳ кардаанд. Вазири нақлиёти Русия Максим Соколов рӯзи 30 март дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфт, масъалаи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Ямал”-и Русия […]

  • 31.03.2017

Президентро ба зиндон бурданд

Президенти барканоршудаи Кореяи ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 31-уми март ба иттиҳоми «фасоди молӣ» ва «сӯистифода аз мақом», боздошт шудааст. Ба иттилои хабаргузории «Рейтерз», як додгоҳи Кореяи Ҷанубӣ субҳи рӯзи ҷумъа ҳукми боздошти хонум Пан Кин Херо содир кард. Қарор аст вай ба муддати 20 рӯз то вақти анҷоми таҳқиқот дар зиндон бошад. Як додраси минтақаи маркази […]