• 11.07.2017

Эҳтиёт, бананҳои заҳролуд (Видео)

Агар  шумо ба истеъмоли банан рағбати зиёд доред, пас бояд ҳатман инро донед, ки ин мева метавонад охирин меваи субтропикие бошад, ки хӯрдаед. Зеро як намуд тортанаки  бразилиягӣ аст,ки онро анкабуди бананӣ (банановый паук ) низ меноманд. Ин ҳашарот дар бадани банан тухмҳои зиёде гузошта онҳоро бо тораш моҳирона мепӯшонад ва ин тухмҳо дар танаи […]

  • 11.07.2017

Русия: Боз як миллионери тоҷик ба духтараш туйи афсонавӣ кард

Шоми 8 июл дар тарабхонаи «Zavoronki Event Hall” дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав тӯйи арӯсии Регина ва Асом доир шудааст. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, Регина духтари соҳибкори шинохтаи тоҷики муқими Русия Диловар Муҳиддинов мебошад. Тарабхонаи «Zavoronki Event Hall”, воқеъ дар шаҳраки Жаворонкии ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав, ки дар тақрибан 44-километрии ғарби пойтахти Русия ҷойгир шудааст, […]

  • 11.07.2017

Арӯси бачилла аз ҷабри шавҳар уксус хӯрд

Хабари нохуш -Саврӣ, хабар дорӣ, дар Восеъ дар рӯзи ид як арӯсакро куштанд,-пурсид дар сари дастурхон холадухтарам, ки рӯзи дуюми иди Фитр аз ноҳияи Восеъ ба шаҳри Душанбе, ба хонаи ман меҳмонӣ омада буд. -Наход дар рӯзи ид чунин нохушӣ шуда бошад-а? -гуфтам бо таассуф ва пурсидам: -Арӯсро кӣ ва барои чӣ куштааст? -Овозаҳо бисёранд, […]

  • 11.07.2017

Шадидтар шудани ҷазои ронандагон

Аз соли 2010 ба ин тараф дар садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 3300 нафар ҳалок шудаанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин далел хостори шадидтар кардани ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гунаҳкорони садамаҳои нақлиётӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 11 июл дар Кохи Борбад ба муносибати солгарди 10-уми қабули қонуни танзими […]

  • 11.07.2017

Умеда Қурбондўхт – Тоҷикистон

Сароб Ғазалҳоям саросар дарду ҳасратҳои ин дунё, Дилам дар ҷустуҷўи бахти нопайдои ин дунё. Хабар дорам, ки кулли одамиро бошад афкандан, Ба рўйи номуроди санъати болои ин дунё. Яке ҷўяд пайи модар, дигар қасди падар дорад, Нагаштам ҳеҷ огаҳ аз сару савдои ин дунё. Ҷавонӣ бар сарам афканда аз бас бебаҳо, кубро, Зи сар мастӣ […]

  • 11.07.2017

Эътирози марди юбкадор

Дар Чимкенти Қазоқистон марди маҳаллие рӯзи 10 июл дар назди бинои додгоҳи вилоятӣ бо домани занона зоҳир шуд. Ин мари 30 сола, ки нахост чеҳра ва номаш ошкор шавад, сабаби эътирозашро иштибоҳ дар матнҳои додгустарҳои маҳаллӣ унвон кард, ки дар як санад ҷинсияти ӯро «зан» навишта, дар ҳуҷҷати дигар ҷои зисташро ғалат нишон додаанд. Додгустари […]

  • 11.07.2017

«Чил» ва «сари сол» акнун бе додани таом?

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки сокинони кишвар баргузории маъракаҳои азодории бидуни додани таомро, пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин аз сӯи сокинон пешниҳод шудааст, ки маъракаҳои «чил» ва «сари сол» бо ширкати маҳдуди фотеҳахонҳо, баргузор шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 11-уми дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа шаҳрвандии кишвар муносибати 10-умин солгарди қабули […]

  • 11.07.2017

“Газпром”-и Русия нафт наёфту аз Тоҷикистон рафт

Ширкати “Gazprom International”, корхонаи фаръии “Газпром” аз ҳаққи истихроҷ дар ду кони “Сариқамиш” ва “Шоҳамбарии Ғарбӣ” даст кашида ва ба ин тартиб дигар дар Тоҷикистон фаъолият намекунад. Дар ин бора рӯзи сешанбеи 11 уми июл Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, ширкати “Газпром” дар бораи фаъолиятҳояш дар […]

  • 11.07.2017

Ҳарорати ҳаво паст мешавад

Имрӯз, 11 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то  ба 43 дараҷа мерасад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 26-31 дараҷа ва дар шарқи он  15-20 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар […]

  • 11.07.2017

Рубли русӣ боз поинтар рафт

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 11 июл, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8187 сомонӣ, 1 евро = 10.0410 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1436 сомонӣ. Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА 8.8200 сомонӣ, 1 […]

  • 11.07.2017

Мунтахаби 15-солаҳои Тоҷикистон: баҳо ғайриқаноатбахш!

Мунтахаби 15-солаҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA U-15 Boys Tournament 2017, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷараён гирифт, бо як ғалаба (!)  миёни панҷ мунтахаб ҷойи охиринро касб кард. Чунин «дастоварди варзишӣ»-ро аз академикҳои ФФТ касе интизор набуд. Мунтахаби Тоҷикистон назар ба ҳамсолони афғону қирғиз, ӯзбеку туркман техникаи пасти футболро […]

  • 11.07.2017

Дар Мӯъминобод мори шашметраро куштанд

Дар Интернет видеои як мори шашметра нашр шудааст, ки муаллифаш мегӯяд, гӯё дар деҳаи Шаҳбачаи ноҳияи Мӯъминободи Тоҷикистон пайдо кардаанд. Хабари куштани мори шашметра як моҳ боз дар Мӯъминобод вирди забони мардум аст, вале тасдиқи воқеияташ мушкил аст. Беш аз як моҳ боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар телефонҳои мобил дар Тоҷикистон видеое чарх мезанад, […]

  • 11.07.2017

Фархор: Ғарқ шудани як зану се духтар

Рӯзи 10 июл дар ноҳияи Фархор 4 нафар – як зани миёнасол ва се духтари ҷавони 18-сола дар дарёи Сурxоб ғарқ шудаанд. Онҳо дар деҳаи Первомайи ҷамоати Комсомол ҳангоми оббозӣ ба дарё афтидаанд. Ду нафарро аз дарё берун овардаанд, вале ҷустуҷӯи дуи дигар идома дорад. Гуфта мешавад, ки ин зану се духтар оббозиро хуб намедонистанд […]

  • 11.07.2017

2 медали нуқраи Сорбон аз Қазоқистон

8 июл дар шаҳри Остона мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор шуд. Варзишгари тоҷик Сорбон Латифов дар ин мусобиқа ду медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар муҳорибаи самбои размӣ дар вазни -62 кило баъди ду пирӯзӣ бар Мироншоҳ Асадуллоев (Ӯзбекистон) ва Тайбек Умаров (Қазоқистон) ба финал баромада, […]

  • 11.07.2017

Садамаҳои маргбор ва ронандаҳои гуреза

Бино ба иттилои ВКД рӯзи 8-уми июли соли 2017, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо”, марди 29-солаи ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 5-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сучинаро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. […]