• 26.07.2017

Гумрукчиёни закӣ қочоқи навбатиро пешгирӣ карданд

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд муайян карданд, ки шаҳрванд А. И. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба ҷиноят задаанд, ки моҳияти он аз қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии […]

  • 26.07.2017

Марҳамат ба Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017»

Аз  27 то 29 июли соли равон дар шаҳри Душанбе  Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017» баргузор мегардад. Тавре аз Палатаи  савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот барои соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои  кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), сайёҳӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, соҳаи […]

  • 26.07.2017

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори маҷлис нахуст баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли […]

  • 26.07.2017

Зувайдзода: Майдафурӯшони назди бозор аз пардохти чекпулӣ озод карда шуданд

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба маъмурияти бозорҳо супориш додааст, ки дигар аз майдафурӯшоне, ки дар назди бозорҳо савдо мекунанд, пули чеки бозор нагиранд. Муовини аввали шаҳрдор гуфт, «намешавад, мо тамоми корамонро партофта, ба пеш кардани он холаҳо машғул шавем.” Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми раиси ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, шаҳрдории пойтахт рӯзи 24 июл ба мақомоти дахлдор ва […]

  • 26.07.2017

Милисаи тоҷик – ғолиби самбои соҳилӣ

 Фарҳод Ҳусейнов, паҳлавони тоҷик, дар чемпионати кушодаи Кипр оид ба самбои соҳилӣ медали тилло ба даст овард. Устоди дараҷаи байналмилалӣ, лейтенанти калон Фарҳод Ҳусейнови 30-сола, ки муфаттиш-таҳқиқотчии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт мебошад, борҳо дар мусобиқоти минтақавӣ оид ба самбои размӣ муваффақ шудааст. Тавре Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди […]

  • 26.07.2017

Қирғизистон: 38 довталаб ба курсии президентӣ

Кумиссиюни марказии интихобот дар Қирғизистон аз як шаҳрванди бознишаста аризаи иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳурро дарёфт кард, ки бо ворид шуданаш ба сабқат шумори довталабонро ба 38 нафар расонд. Ҳудудан шаш довталабро ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардаанд. Раҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби «Ота-Макон», Омурбек Текебоев ба гурӯҳи даҳҳо номзади худгардон шомил аст. Текебоев аз рақибони аслии президенти […]

  • 26.07.2017

Бохти футболбозони 20-солаи Тоҷикистон

Мунтахаби ҷавонони 20-солаи  Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона, ки имрӯзҳо дар шаҳри Сочи бахшида ба чемпионати ҷаҳон-2018 дар Русия ҷараён дорад, бозии даври дуюмро ба мунтахаби Арманистон (2:4) бой дод. Ҳисоби бозиро нахстин шуда, дар дақиқаи 18-ум аз зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ҳамлагари мо Муҳаммадҷон Лоиқов кушод. Вале ба ҷавонони […]

  • 26.07.2017

10 000 нафар маҳбусон дар зиндонҳои кишвар

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 10 000 нафар дар маҳбасҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳакими Мирсайзод, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ин шумор 237 тани онҳо занон ва 39 нафарашон ноболиғон мебошанд. Ба гуфтаи Мирсайзод, 353 шаҳрванди хориҷӣ дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон мӯҳлати ҷазои […]

  • 26.07.2017

13 милиса хароб шуда ба ВКД баргаштанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 13 милисаеро, ки бо далели фарбеҳӣ аз мақомашон сабукдӯш карда буд, дубора ба кор қабул кард. Ин кормандони милиса аз ҷумлаи 20 нафаре буданд, ки дар давоми ним соли охир бинобар “вазни аз ҳад беш” ҷойи кори худро аз даст доданд. Вазни онҳо аз меъёри муқарраршудаи аз 70 то 75 кило […]

  • 26.07.2017

Тӯйи арӯсии Наслеҳан вайрон шуд?

Мегӯянд, ки домод арӯсро бо марди дигар ҳамоғӯш дида, фотиҳаро гардондааст…  Даричаи ошноӣ Номи асосӣ: Наслеҳан Атогул Соли таваллуд: 20 августи 1992 Ҷои истиқомат: Истамбул, Туркия Шаҳрванд: Туркия Касб: актриса, модел Дарозии қад: 1,68 м «Золушка»- ситораи синамо Наслеҳан Атогул зодаи шаҳри Истамбули Туркия буда, 20-уми  августи 1992 ба дунё омадааст. Бо вуҷуди хеле ҷавон буданаш […]

  • 26.07.2017

Фаъолияти Имдоди Хумайнӣ 5 сол маън карда шуд, аммо…

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки Кумитаи Имдоди Хумайнӣ, як ниҳоди хайрияи Эрон, то панҷ соли оянда ҳаққи фаъолият дар ҳудуди кишварро надорад. Ҳаким Мирсаидзод, муовини аввали вазири адлия, рӯзи 26-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ин маврид ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон содир шудааст. Аммо ӯ баъд аз нишасти хабарӣ дар посух […]

  • 26.07.2017

Пиразани 101- сола тавлид кард

 Одатан синну соли тавлиди тифл ба ҳамон солҳое рост меояд, ки зан ҷавону солим аст ва қобиляти ҷисмонии бардоштани тифл дар батн ва нигоҳубини вайро пас аз валодат дорад. Ҳарчанд бо баланд рафтани синну сол қобиляти тавлиди тифли солим кам мешавад, вале имрӯзҳо илми тиб ва технологияи муосир ба куллӣ тараққӣ кардааст ва то андозае […]

  • 26.07.2017

Хайрзодаро аз прокурорӣ озод карданд

Фирӯз Хайрзода, писари муовини собиқи раиси Агентии мубориза бо коррупсия Давлатбек Хайрзода, ба сабаби доштани шаҳрвандии Русия аз мақоми ёвари додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шудааст. Худи Давлатбек Хайрзода се моҳ боз дар боздошт қарор дорад. Хабаргузории SugdNewsрӯзи 25 июл аз қавли чанд манбааш дар додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар дод, ки Фирӯз Давлатбек Хайрзода, […]

  • 26.07.2017

Дилшод Фарҳодзод — Самарқанд

Дар оғӯш Марде, Майдонталоши бо виқор, Оқибат хоҳад расид аз роҳ. Оне ки аз тир нигоҳам, Дар сина захмҳо дорад. Барои бардоштани нози таманноям, Мӯйҳоямро дар шонаҳоям мураттаб хоҳад кард. Мӯйҳои сахтамро дар таманнои дилаш хоҳад гудохт, Ӯ мӯъҷизакорест дар фурсати муқаррари худо. Шукаронаро шодоб, Ва ашкҳои гаронбаҳои шодияшро аз об, Дар садафи синаҳоям марворид […]

  • 26.07.2017

Толеъномаи 26 июл 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Агар ба ғаму андуҳ дода нашавед, тамоми мушкилиҳоро рафъ месозед. Имкони амалӣ сохтани нақшаҳои дерин фаро мерасад. Зимни робита бо одамон ба андешаи онҳо гӯш диҳед. Ба гапу рафтори худ диққат диҳед, то ки сабабгори муноқиша нагардед. Эҳтимоли даромади пулӣ ё туҳфа гирифтанатон вуҷуд дорад. Савр ( 21 апрел – 22 […]