• 30.09.2017

Заминҷунбии имшаба аз Ӯзбекистон будааст

Сокинони Тоҷикистон соати 18:50-и рӯзи гузашта (29 сентябр) заминларзаро эҳсос карданд.  Маркази зилзилашиносии TVSC маркази ин заминҷунбиро 150 километрии шимоли шаҳри Душанбе, миёни шаҳрҳои Ҷиззах ва Зомини Узбакистон ва шиддати такони заминро дар марказаш 5,1 дараҷаи Рихтер гуфтааст.

  • 30.09.2017

Духтардуздӣ дар шаҳр: Аз овоза то ҳақиқат

Бо шарофати сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ кишвари мо амну осоишта аст, вале баъзан сару садоҳо дар бораи гум шудани кӯдакони ноболиғ ба гӯш расида, касро ба ташвиш меоранд. Хабарҳо дар бораи гум шудани ноболиғон хоса дар сомонаи иҷтимоии фейсбук тез-тез пайдо мешаванд. Ташвишовараш он аст, ки аксарияти ноболиғони якбора бе ному нишон гашта духтаронанд. […]

  • 29.09.2017

То табаддулот се рӯз монда буд. Мусоҳиба бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд

Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти  террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани ин қарор зери шубҳа гузошта мешавад. Оё Суди Олии ҶТ барои чунин қарор баровардан асоси ҳуқуқӣ дошт ва ё ин амал […]

  • 29.09.2017

Озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» оғоз шуд!

Биёед, ситораҳои нав меҷӯем! Э ҳе-ҳей!!! Нашунидам нагӯед, нафаҳмидам нагӯед!!! Рӯзе, ки шумо кайҳо боз интизораш будед, фаро расид!  Пас аз интизориҳои тӯлонӣ Пас аз ташнагиҳои руҳу ҷон  Идораи ҳафтаномаи «Оила» ба кулли ошиқони савту наво аз оғози озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» паём медиҳад!  Хонандагони азиз, тавре ки шумо хабар доред, ҳанӯз моҳи июн идораи ҳафтаномаи […]

  • 29.09.2017

Дар лигаи якум дуҳокимиятӣ

Дар мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон пас аз нуздаҳ давр дастаҳои «Эсхата» ва «Хуҷанд» 41-холӣ гирифта, дар садри ҷадвал ҷой гирифтанд. То анҷоми мусобиқа дар лигаи якум 3 даври дигар боқӣ мондааст. Барои медалҳои хурди тилло, нуқра ва биринҷии мусобиқа муборизаи тезу тунд дар пеш аст.     Б Ғ М Б Т/т Х 1 «Кӯктош» […]

  • 29.09.2017

Моҷарои кӯдаки сарзард

Достони ишқу хонадории Ҳабиб Патахонов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки 12 соли қабл барои издивоҷ бо Валя Исоева, ноболиғи 11-солаи рус вирди забонҳо шуда буд, дигарбора дар барномаи “Пуст говорят” баррасӣ шуд. Тайи 12 соли хонадорӣ оилаи ин ҷуфт ҳамеша мавриди назари расонаҳо буд ва ахиран Валя Исоева, ҳамсари Ҳабиб Патахонов бо шикоят аз шавҳараш ба барномаи […]

  • 29.09.2017

Тоҷикбача қиморхона кушоду ба даст афтид

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми созмон додани “казино” ё қиморхона дар Сахалини Русия боздошт шудааст. Шӯъбаи тафтишотии вилояти Сахалин гуфтааст, нисбати ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамдастони ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло маълум нашуда ва тафтиш дар ин замина идома дорад.

  • 29.09.2017

Маҳсо Маҷдар (Лангрўдӣ) — Эрон

Беном   Хӯшаҳои биринҷ, Чӣ  сарбаланд берун омаданд. Ҳоло, Дар миёни шолизори тафтида, Хотироти ман аст, Ки зинда-зинда месӯзад. ***  Шубон   Ишқамро, Ба саҳро афкандаам! Шубон, кистӣ, Мӯсо? *** Шаҳвати як бӯсаи номалмус Ҳама чиз дар нигоҳи ту буд! Ёдгори дарди аъсор ва Сукути гунги қуруне дар ғубор. Ва инсоне аз ҷинси эътимод, Суратгаре, […]

  • 29.09.2017

Тоҷикистон: Мусофир ронандаи таксиро 6 корд зад

Як сокини 25-солаи ноҳияи Панҷ бо гумони роҳзанӣ дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ шаби 27 сентябр як таксиронро бо фиреб аз маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе ба деҳаи Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ бурда, дар онҷо бо мақсади тасарруфи мошини «Опел”-аш 6 корд задааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки як марди 25-солаи сокини ноҳияи Панҷи […]

  • 29.09.2017

Толеъномаи 29 сентябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ин рӯз ҳамал аз танҳоӣ ғамгин мегардад. Барои раҳоӣ ёфтан аз ҳалқаи яъсу ноумедӣ бояд барои худ ҳамдилу ҳамнафасе пайдо созед. Вазъи молиявиатон хеле хуб гашта, табъатон болида мегардад. Барои машғул шудан бо варзиш рӯзи дигарро интихоб намоед. Савр ( 21 апрел – 22 май) Дар ин рӯз ғамхориву меҳрубонии […]

  • 29.09.2017

Ронандаҳо эҳтиёт шавед! Акамулиятордуздӣ сар шуд

Сокини 33-солаи  ноҳияи Ҳамадонӣ  ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Мувофиқи иттилои Вазрати корҳои дохилӣ гумонбаршуда шаби 16 ба 17-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 04:00-дақиқа, бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “МАЗ”, ки ба марди 26-солаи сокини кӯчаи Меҳнатободи пойтахт тааллуқ дошта, дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 2-адад […]

  • 29.09.2017

Сабаби ба Панҷакент нарафтани Президент дар чист?

Бино ба иттилое, ки сомонаи «Ахбор» нашр кардааст, дар шаҳри Панҷакент маршировка ва дигар омодагиҳо ба истиқболи президент якбора қатъ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон сафараш ба Панҷакентро ба моҳи март ақиб партофтааст. Мақомоти маҳаллӣ дар ин авохир бунёд нашудани ягон иншооти муҳим ё пурдабдаба дар Панҷакентро як сабаби асосии ба ин минтақа наомадани раисиҷумҳур мешуморанд. Овоза […]

  • 29.09.2017

Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха, иборат аз ду ҷилд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар нашриёти «Ганҷ» аз чоп баромад. Бояд тазаккур дод, ки соли 2015 Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Ганҷ» ва бо сифати баланд ба табъ расида буд. […]

  • 29.09.2017

Ягон давлат аз хатари тероризм дар амон нест

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 29-уми сентябр дар 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекин идома дорад, изҳор дошт, ки воқеаю ҳодисаҳое, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон рух медиҳанд, шаҳодати онанд, ки ягон давлат наметавонад аз амалҳои террористӣ эмин бошад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, Раҳимзода зимни суханронияш дар Пекин гуфт, ҳодисаву воқеае, […]

  • 29.09.2017

Азим Иброҳим: НБО “Роғун”-ро назорат мекунад

Муовини сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, ҳеч касе ҳаққи хато кардан дар сохтмони НБО “Роғун”-ро надорад. Азим Иброҳим ин нуктаро рӯзи гузашта, 28 сентябр зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” изҳор доштааст. Муовини сарвазир ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати корҳои васлу насби толори мошин ва бинои трансформаторҳо баҳои мусбат дода, изҳор […]