• 04.10.2017

Марги 4 сарбоз дар таркиши Туркия

Аз таркиши бомба дар Туркия чаҳор сарбоз ҷон бохт ва чаҳор нафари дигар захм бардошт. Бомбаи канори роҳ дар ҳоле мунфаҷир шуд, ки ин сарбозон рӯзи 4-уми октябр бо мошини низомӣ ба қисмати ҷанубу шарқи кишвар, наздик ба марзи Туркия бо Эрон ҳаракат мекарданд. Мақомоти ноҳияи Юуксековои вилояти Ҳаккарӣ бо пахши як изҳорот гуфтанд, ки […]

  • 04.10.2017

Хуҷанд: Озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр» ғолибони хешро ёфт

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр» баргузор ва ғолибон муайян карда шуданд. Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси комиссияи озмуни мазкур чорабиниро ифтиттоҳ намуда, аз ҷумла таъкид сохт, ки озмуни мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии […]

  • 04.10.2017

Маскав 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон мекушояд

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав мехоҳад дар шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон 5 мактаби русӣ бисозад. Лавров бо тавсиф аз равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, Русия ба ин кишварҳо 20 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, танҳо дар 10 соли охир ба маблағи 6 миллиард доллар ёриҳои билоиваз расондааст. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия […]

  • 04.10.2017

«Телевизиони Мусиқии Тоҷикистон» кушода мешавад!

Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд. Ба иттилои як манбаи мутамад ин шабака “Телевизиони мусиқии Тоҷикистон” ном гирифта, қарор аст аст, фардо, 5 октябр ба эфир барояд. Ба иттилои манбаъ, дар оғоз ин шабака ҳамчун як идора дар назди телевизиони “Тоҷикистон” ба кор оғоз намуда, онро сармуҳаррир идора мекунад: “Ин шабака 24 соат […]

  • 04.10.2017

Бахшида ба муҳоҷирони тоҷик: «Овора»

Шоми 20-уми сентябр дар шаҳри Маскав посбонони бозор як ҷавони аробакаши тоҷикро мурданивор зери мушту лагад гирифтанд ва ин боиси исёни муҳоҷирони кории тоҷик гашт. Шеъри мазкур зери таъсири ҳамин моҷаро тавлид гашт Тоҷики бечораи ман, Миллати овораи ман, Зулму истибдод кайҳо сарнагун гашт, Ту ҳанӯзам чун Камол овораи, Мисли Носир то ҳанӯз бечораи. Гарчи […]

  • 04.10.2017

Таҷовузи духтари 15-солаи тоҷик дар Петербург

Як духтари 15-солаи тоҷикро баъди нахустин алоқаи ҷинсиаш ба сабаби хунравии зиёди узви таносулаш бо «Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони кӯдаконаи шаҳри Петербург овардаанд. Духтари ноболиғ иқрор кардааст, ки баъди алоқаи ҷинсӣ бо як мард дучори хунравӣ шуд. Пулис ин мардро ҷустуҷӯ мекунад. Хабаргузории маҳаллии«Оперативное прикрытие”, ки ба мақомоти интизомии шаҳри Санкт- Петербурги Русия наздик аст, […]

  • 04.10.2017

Нилуфар Шидмеҳр — Канада — Эрон

 Чароғи хомӯш Ба тозагӣ ба ман гуфт, Гардсӯзе харида, вале нашнид. Нахост бишинавад, ки гуфтам, Гирондани дубораи ман мумкин нест. Он шӯъла, ки дар ҳубоби синаам, Барои ӯ месўхт, Муддатҳост хомӯшӣ гирифта. На, равғани милаам таҳ накшида, На, фатилаам ҳанӯз дар фикри боло кашидан аст. На, дар сарам ҳанӯз ҳавои ҳариқ, Кибрияти ӯ аммо намекушуд. […]

  • 04.10.2017

Дар Хуҷанд ду бар як муштзанӣ карданд

Кормандони пулис дар шимоли Тоҷикистон ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсат дар шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд. Онҳо дар латту кӯби як ҷавони 21-сола муттаҳам мешаванд. Торнамои ВКД мегӯяд, яке аз дастгиршудаҳо 23 сол дошта, сокини ноҳияи Деваштич мебошад ва дар курси 4-и донишгоҳ таҳсил мекардааст. Дигарӣ, 24-сола ва аз ноҳияи Мастчоҳ буда, дар […]

  • 04.10.2017

КҲФ: Ронандаҳо эҳтиёт бошед, резиши санг дар назар аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) имрӯз дар робита ба вазъи ҳавои ноустувори кишвар, вазиши боди сард, дар баландии 2500 метр боридани барф, пастшавии ҳарорати ҳаво ва ба амал омадани чангу ғубор сокинони кишварро ба эҳтиёткорӣ даъват менамояд. Тавре аз  КҲФ ва МГ хабар доданд, аз сабаби ба […]

  • 04.10.2017

Сайри бозори асъор

 Имрӯз, 4 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.3300 то 10.4500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1470 то 0.1525 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 4 октябр қурби расмии асъори хориҷиро  […]

  • 04.10.2017

3- талоқи кардамро ба ҳеҷкас нагӯй

Дар 18 солагиям шавҳарам маро талоқ дод. Сабабаш он буд, ки ман ба зиндагии оиладорӣ тайёр набудам ва наметавонистам хоҳишҳои зиёди шавҳарамро иҷро кунам. Рӯзе дар сари қаҳру ғазаб ӯ талоқи маро дод ва пас аз як лаҳза пушаймон шуда, дар пеши поям афтид, ки ин сирро ба ягон кас нагӯй, гӯё чизе нашуда бошад, […]

  • 04.10.2017

Бишкек: Гов як зан ва милисаро зада маҷрӯҳ кард

Дар маркази шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон як зан мавриди ҳамлаи гове қарор гирифтааст. Дар беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳр ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, ки зан бистарӣ шудааст. Як корманди пулис низ дар натиҷаи ҳамлаи гов ҷароҳати сабук бардошта, аммо аз муроҷиат ба табибон худдорӣ кардааст. Ёдрас мешавем, 3 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон акс ва […]

  • 04.10.2017

Тоҷикбаччаи ғаюр фиристодаи ДОИШ-ро кушт ва додарашро наҷот дод

Азимҷон, як ҷавонмарди 26-сола аз деҳаи Амоншайхии Ваҳдат барои наҷоти додараш бо Аҳлиддин ном эмиссари созмони тундрави ДОИШ дар Маскав дастбагиребон шуд ва нагузошт, ки додарашро ба Сурия баранд. Азимҷонро ахиран барои куштани он эмиссар ба 6 соли зиндон маҳкум карданд. Нашрияи «МК”-и чопи Маскав бо такя ба манобеаш дар додситонии ноҳияи Симонови пойтахти Русия қиссаи […]

  • 04.10.2017

Эмомалӣ Раҳмон дар мактаби Гулбутта (Видео)

Бознашр аз сомонаи Ахбор. Шоми 3 октябр дар барномаи «Ахбор” гузориши 12-дақиқагӣ дар бораи ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 59 дар деҳаи Гулбутта нашр шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин гузориш низ чанд лаҳзаи кӯтоҳ зоҳир мешавад ва ягон пора аз суханрониҳояш истифода нашудааст. Дар гузориши 12-дақиқагие, ки шоми 3 октябр […]

  • 04.10.2017

Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп нома навишт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон марги даҳҳо нафар дар як ҳодисаи тирандозӣ дар шаҳри Лас Вегасро ба президенти Амрико Доналд Трамп ва мардуми он кишвар таслият гуфт. Ин номаи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми октябр фиристода шуд ва дар он куштори даҳҳо нафар дар Лас Вегас амали золимона арзёбӣ гардидааст. «Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди […]