• 07.10.2017

Бародари Президенти Тоҷикистон – Нуриддин Раҳмон аз олам даргузашт(Видео)

Имрӯз- 7 октябр дар синни 69  солагӣ бародари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон аз дунё баргузашт. Мавсуф  падари серфарзанд буда, як умр масруфи деҳқонӣ буд. Ӯ ҳануз замони Шӯравӣ нони худро ба шарофати касби механизаторӣ пайдо мекард. Як бародари дигари ӯ дар  хизмати аскарӣ дар сафи урдуи Шӯравӣ ҳангоми иҷрои вазифа дар Ҷумҳурии Украина ҳалок […]

  • 07.10.2017

Толеъномаи 7 октябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ин рӯз ба ягон ғалату камбудӣ роҳ намедиҳед. Ба ҳар гапе, ки мешунавед, бовар накунед, хусусан ба ваъдаҳои нафаре умед набандед. Эҳтимол шуморо фиреб додану ба чашматон хок пошидан мехоҳанд. Мутаассифона бештар бо рафъ сохтани мушкили дигарон машғул шуданатон лозим меояд. Савр ( 21 апрел – 22 май) Барои фаъолияти […]

  • 07.10.2017

АИ ҶТ сазовори мукофоти Springer Nature гашт

Дар соли 2017 аз ҷониби ширкати Springer Nature Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофот аз рўи номинатсияи нашриётии «Муассисаи дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ», сазовор дониста шуд. Ширкати   Springer Nature нашриёти байналмилалии илмии ҷаҳон буда, аз соли 1842 фаъолият менамояд ва  шуруъ аз соли 2015 фаъолияташро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият бахшидааст. Бояд зикр намуд, […]

  • 07.10.2017

Нархи чипта ба Ӯзбекистон арзон шуд

Намояндагии ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон эълон кард, ки барои ҷалби бештари мусофирон дар хатсайри Душанбе – Тошкнад арзиши билетро то 200 сомонӣ, муодили бист доллар, поин овардааст. Парвоз дар масири Душанбе – Тошканд ва баръакс моҳи апрели имсол имконпазир шуд ва дар аввал арзиши роҳкиро 1234 сомонӣ буд. Сокинону мақомот он вақт гуфта буданд, […]

  • 07.10.2017

Саҳифаи «Фоҳишаҳои Тоҷикистон” дар интернет кори дасти кист?

Чанде пеш дар Чеченистон саҳифае бо номи «Карфаген”-ро, ки духтарони чечени, ба ақидаи масъулони ин саҳифа, «бадахлоқ”-ро таъқиб мекард, бастанд. Ахиран 10 духтари тоҷик аз саҳифае бо номи «Фоҳишаҳои Тоҷикистон” дар Инстаграм шикоят кардаанд, ки бо нашри аксҳояшон онҳоро бадном кардаанд. Ҳадафи ин саҳифа чист? Мубориза барои ахлоқ? Ё шантаж? Ахиран даҳ тан аз духтарони ҷавон нисбати аъмоли афроде, ки бо пахши аксҳои онҳодар саҳифае бо номи «фоҳишаҳои Тоҷикистон” дар «Инстаграм» ин духтаронро бадномкардаанд, ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ариза навиштанд. Ҷабрдидаҳо мегӯянд, ин […]

  • 07.10.2017

Муовини сарвазир дар садама ҷон бохт

Муовини 38-солаи сарвазири Қирғизистон Темир Ҷумъақодиров субҳи 7 октябр дар натиҷаи бархӯрди мошинаш бо як КАМАЗ дар роҳи Бишкек- Қараболта ба ҳалокат расид. Дар ин садама ронанда ва ёвари Ҷумъақодиров низ ҷон бохтанд. Ҷумъақодиров дар ҳукумати Қирғизистон масъули бахши амниятиву қудратӣ ва баҳсҳои марзӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи шоҳидон, мошини муовини сарвазир […]

  • 07.10.2017

Рӯзҳои истироҳат боронҳои кӯтоҳмуддат меборад

Рӯзҳои истироҳатӣ дар  Тоҷикистон ҳавои ноустувори тағйирёбанда ва боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, дар бештари минтақаҳо дар баландиҳои 3000 метр боридани барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Чуноне аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал […]