• 09.10.2017

Ҳунарҳои дастии тоҷиконро ба бонувони Қирғизистон омӯзониданд

Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара мастер-класс оид ба зардӯзӣ баргузор гардид. Дар он натанҳо ҷавондухтарони ҷамоат, инчунин ҳамсолони онҳо аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон иштирок карданд. -Дар деҳаи Оқсой мо сехи дӯзандагӣ надорем. Хурсандам, ки ҳамсолонам аз Тоҷикистон моро ба чунин маҳфил даъват карданд-нақл мекунад шаҳрванди Қирғизистон Айдин Абдикаллак. -Имрӯз дар баробари атласу адрас ва гулдӯзӣ, […]

  • 09.10.2017

Никол Бенет Файт шикастнопазирии занони тоҷикро дар BBC қисса кард

Никол Бенет Файт, донишҷӯдухтари 18-солаи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи “Journey of a Lifetime” — “Сафари якумрӣ” дар бораи шикастнопазирии занони тоҷик қисса кардааст, ки тариқи BBC пахш гардид. Гузориши 6 дақиқаии Никол Беннет, ки аз ҷониби “ВВС” ва ҷамъияти салтанатии ҷуғрофӣ “Royal Geographic Society” муаррифӣ шудааст, дар доираи сафари 6 ҳафтаинаи муаллиф ба Тоҷикистон таҳия шуда, […]

  • 09.10.2017

Зиёни ҷиддии соҳибкорони тоҷик дар сӯхтори «Синдика»-и Маскав

Дар пайи сӯхтори шоми 8-уми октябр дар бозори масолеҳи сохтмонии «Синдика»-и шаҳри Маскав, беш аз даҳ соҳибкори тоҷик зиёни ҷиддии молӣ дидаанд. Зиёни расида ба соҳибкорони тоҷик то ҳол дақиқ нест, аммо матбуоти Русия хабар дод, ки тибқи ҳисоби пешакӣ зарари сӯхтор панҷ миллиард рублро ташкил медиҳад. Сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Иброҳим Аҳмадов гуфт, […]

  • 09.10.2017

Афифа Орзу-Афғонистон-Олмон

Ғуруб… Вақте ту рафтӣ, Ман мондаму ғам. Ҷону ҷаҳонам, Пур гашт зи мотам. Вақте ту рафтӣ, Рӯйи лабонам. Лабханд хушкид, Дар боғи қалбам. Гулҳои умед, Зард гашт, Пўсид. Вақте ту рафтӣ, Дунёи пурҷўш, Тор гашту хомӯш. Гаштам ҳайрон, Чун шамъи гирён, Чун шуъла ларзон. Вақте ту рафтӣ, Рӯҳ дар тан афсурд, Ҷон дар бадан мурд. […]

  • 09.10.2017

Омӯзгорро «облава” карданд

Сарҳадҷон Раҳимзодаи 24-сола, ки имсол Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда буд, рӯзи 9 октябр ба қабули мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ омад, то билохира фармонашро гирифта, ба касби дӯстдоштааш – омӯзгорӣ оғоз кунад. Вале дар шӯъбаи маориф ӯро ба ҷои фармони ҷои кор «облава” печонда, ба хидмати ҳарбӣ бурд. Сарҳадҷон Раҳимзод баъди хатми риштаи филологияи Донишгоҳи […]

  • 09.10.2017

Маҳсулоти қочоқии «Сармад-2000» ошкор шуд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуҷалил Қаҳҳоров, раҳбари 35-солаи ширкати «Сармад-2000»-умро дар қочоқи молу маҳсулот аз Чин муттаҳам карда нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон  гуфтааст, ки Қаҳҳоров дар қочоқи беш аз як миллион сомонӣ молу маҳсулот муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи Мирбозхонова, Қаҳҳоров 27 номгӯи молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили […]

  • 09.10.2017

Аҷинабазм

«Мардак, ҳушёр шавед, ки ягон дев ё ҷин шуморо назанад»,- мегуфт кампири талхакафшуда ба мӯйсафедаш. Тирамоҳ! Ҳаво якбора хунук шуд. Келини Ашраф Ситора дар печка алов кард, то ки кӯдаконаш хунук нахӯранд ва қарибии намози шом хокистари печкаро гирифта, ба таги дарахти чормағз партофт. Шаб, аҳли оила пас аз тамошои оинаи нилгун ба хонаҳои хоби […]

  • 09.10.2017

Ҷӯрабек Муродов дар телевизиони Ӯзбекистон аз дӯстии халқҳо ҳарф зад. (Видео)

Саҳифаи санъаткорони тоҷик-Муродовҳо дар Ютуб навори барномаи “Хушвақт”-ро бо иштироки Ҷӯрабек Муродов, овозхони халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, нашр кардааст, ки тариқи телевизиони Узбакистон пахш гардидааст. Муродов дар барнома бо забонҳои тоҷикию узбакӣ аз дӯстии ду халқ васф кардаст. Ӯ ҳаёт, эҷодиёт ва дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомиро мисоли ибрат хонда, таъкид намудааст, ки санъату адабиёт […]

  • 09.10.2017

Аскар Нурализодаро аз ҲХДТ ронданд

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Аскар Нурализода, як масъули раёсати Вазорати рушди иқтисодро, ки бо иттиҳоми гирифтани 500 ҳазор доллар пора боздошт шуд, аз узвияташ хориҷ кардааст. Масъулини ҳизби ҳоким мегӯянд, вакилии Нурализода низ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ соқит шуда, рӯзҳои наздик ҲХДТ ба ҷойи ӯ номзади навро пешниҳод мекунад. Як масъули Ҳизби халқии демократии […]

  • 09.10.2017

WEF: Роҳҳои Тоҷикистон дар ОМ беҳтаринанд

Бино ба гузориши Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар бахши «сифати роҳ» дар ҷаҳон мақоми 70-умро касб карда аз Қазоқистон ва Қирғизистон пеш гузашт Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиём Марказӣ аз рӯи сифати роҳҳо мақоми аввалро гирифт. Дар ин бора равобити умумии Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) хабар медиҳад. Мувофиқи феҳристи солона аз рӯи рақобатпазирӣ барои солҳои 2017-2018 Тоҷикистон […]

  • 09.10.2017

Ифтитоҳи «Маркази савдои Ӯзбекистон» дар Хуҷанд

Нимаи дуюми рӯзи 7 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов Маркази савдои Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов дар ҷараёни ифтитоҳи ин маркази нахустини савдо дар шимоли мамлакат иброз намуд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори […]

  • 09.10.2017

Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон паёми таслият фиристод

Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ирсоли як паёми таслият ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сабаби марги бародараш Нуриддин Раҳмон изҳори ҳамдардии амиқ карда, навиштааст: «Хабари марги бармаҳали бародари калониатон Нуриддин Раҳмонро бо эҳсоси андӯҳи амиқ шунидам.” Шавкат Мирзиёев даргузашти бародари Эмомалӣ Раҳмонро дар ин паёми таслият талафоти бузург номида, ба Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконаш сабри ҷамил […]

  • 09.10.2017

Ҳалокати 4 ҷавон ва мотамӣ 4 ҳамсоя дар Мӯъминобод

Бар асари як садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб-Норак, чаҳор сокини ноҳияи Мӯъминобод ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса шаби гузашта рух додааст. Наздикони ин афрод гуфтаанд, ки ин ҷавонон аз тӯи яке аз наздиконашон аз Муъминобод ба Душанбе бармегаштанд. Як манбаъ аз Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Хатлон гуфтааст, «ин ҷавонҳо мошинро идора карда натавониста, ба садама дучор […]

  • 09.10.2017

Хатлон: Мусодираи 4000 адад фиттаҳои пастсифат

Дар  нуқтаҳои фурӯши маводи аудиовизуалӣ ва бозиҳои компютерии шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтар санҷиши якҷояи Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон идома дорад. Тавре аз  шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти  иҷроияи  ҳоимияти давлатии  вилояти Хатлон  хабар додаанд, мақсад аз баргузории санҷишҳо пешгирии фаъолияти ғайриқонунии […]

  • 09.10.2017

Ноӯҳдабароии ронанда сабаби марги ӯ ва мусофираш гашт

Бино ба иттилои ВКД,7-уми октябри соли 2017, тахминан соати 07:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “MAN”, Шодиев Домуллоҷон Ҳасанович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 40 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда, Шодиев Д. ва мусофираш Солиев Иномҷон […]