• 12.10.2017

Бибии чаққонаки 102-сола

Ин кампираки 102- сола мисли духтараки 18- сола серҳаракат аст             Дар ҷустуҷӯи қаҳрамон Сокини деҳаи Мингиҷари ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ Раҷаббӣ Сафарова 102 сол дорад, вале чунон чаққон аст, ки одами бори аввал бо ин бибӣ-чаққонак дучоргашта ин зани резапайкари ҳунармандро 50-55- сола гумон мекунад. Сифоти ин кампираки табаррукро аз забони ҳамдеҳагонаш шунида, […]

  • 12.10.2017

Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Тамғаи ягонаи маҳсулоти ҳамсоякишварҳо

Тоҷикистон ба Узбакистон пешниҳод кард, ки ду кишвар тиҷорати муштарак ба роҳ монанд. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон рӯзи 12-уми октябр хабар доданд. Ба гуфтаи раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, ин тасмим ба ду кишвар имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои муштараки муваффақонае дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ҳаҷми тиҷорат миёни […]

  • 12.10.2017

Дар шаҳри Душанбе бар зидди экстремизм ҳамоиш баргузор гашт

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ: мубодилаи таҷриба байни Тоҷикистон ва Фаронса” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Гуедар Ясмин, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон Баротзода Файзулло, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷрояи Президенти […]

  • 12.10.2017

Абдураҳмон Қодирӣ: Дар Суғд харҷи тӯйҳо бояд танзим шавад!

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, гуфтааст, ки нархи хидматрасонии тӯйхонаҳо, кирояи либоси арӯс ва хидматрасонии наворбардорону сарояндагон ниҳоят гарон аст ва он бояд танзим карда шавад. Дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд рӯзи 11-уми октябр Қодирӣ гуфтааст, арзиши 3 соат кирояи “фата” (пироҳани арӯсӣ) 8 ҳазор сомонӣ, нархи хидматрасонии тӯйхонаҳо то 10 ҳазор сомонӣ ва […]

  • 12.10.2017

Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Шоми 11 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд дар толори Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги  Тоҷикистон дар Ўзбекистон баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов,  Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рўзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза […]

  • 12.10.2017

Эмомали Раҳмон раиси ИДМ мешавад

Русия роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба Тоҷикистон вогузор мекунад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 11-уми октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочӣ нақшаҳои Тоҷикистонро замони роҳбарияш дар ин созмон баён намуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар соҳаи энергетика тақвияти кӯшишҳо оид ба ҷоннокунии […]

  • 12.10.2017

Теғи додар ба синаи ака

Як марди 39-солаи сокини Душанбе рӯзи 11 октябр дар бозори «Саховат” ба бадани бародари 41-солааш аз шаҳри Кӯлоб корд задааст. Марди захмиро бо ҷароҳати вазнин ба бемористон бурда, додари кордзанашро дастгир кардаанд. Аз навори хабарҳои рӯзи 12 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон: Бародар ба бародар раҳм накард Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 41-солаи сокини […]

  • 12.10.2017

Шабнам Маҳтоб – Эрон

Барои ту… Дастҳои ранҷдидаи ту бузург аст, Ончононки хуршедро дар як даст, Ва заминро дар дасти дигар гирифтаӣ. Пойҳоят, Пойҳои хамидаи ту, Бузург аст. Ончунонки дар ҷойи пойи ту, Дарёҳои бекарон, Ба тӯфон бармехезанд. Қомати сарви асои хунолуди ту, Баланд аст. Ба баландои осмон, Ончунонки хуршед, Дар чашмҳои ту хона мекунад. Нигоҳи маъсумонаи ту, Нофиз […]

  • 12.10.2017

46 % пур кардани нақшаи тирамоҳии даъват дар 10 рӯз

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз иҷрои 46 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати наваскарон тайи 10 рӯзи аввал хабар дод. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати дифоъ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ВМКБ бо иҷрои 71 фоизи нақша пешсаф буда, аллакай дар ин вилоят ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоб аз иҷрои 100 дарсадии нақша хабар додаанд. Манбаъ афзуд, нақшаи даъват […]

  • 12.10.2017

100 телефон дар як “зарядник”

Барои доимо фаъол  будани телефон мебояд  се ё чор маротиба дар як рӯз  онро ба барқ пайваст менамоем, то қувва гирад. Технологҳо барои каме ҳам осон намудани азоби мо акумляторҳои қуввадиҳандаро ихтироъ кардаанд. Лек ҳам ину ҳам он моро ба назди васлаки барқӣ (разетка) мебарад.  Ҳамаи ин ҳолатҳои ногуворро асбоби навихтироъшудаи Wi-Charge метавонад тағийр диҳад. […]

  • 12.10.2017

30 довталаби «Тӯби тиллоӣ»- 2017

 Маҷаллаи France Football номи  30 футболбози беҳтарини оламро ба дарёфти Тӯби тиллоӣ»- 2017 эълон кард. Аҷиб он аст, ки аз ин шумора 7 нафарашро футболбозони бошгоҳи клуби «Реал» (Мадрид), ки ғолиби ҳозираи Лигаи чемпионҳо мебошад, ташкил медиҳанд. Португалӣ Криштиану Роналду дар садри номғуйи онҳо истодааст. Инчунин, дар  ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон барои «Тӯби тиллоӣ» Неймар […]

  • 12.10.2017

Ронандагони мастро ҳабс ва ҷарима карданд

Додгоҳи шаҳри Турсунзода 11 ронандаеро, ки рӯзҳои 6-9-уми октябр ҳангоми мастӣ боздошт шуда буданд, бар асоси тағйири нав дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот кард. Додгоҳ ду нафар аз ин ронандагонро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 9 тани дигарро ба 15 шабонарӯз ҳабс кард. Парвандаи ин афрод бар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, […]

  • 12.10.2017

«Имкон 2015» -ро Нурбибӣ ба додгоҳ кашид

Масъули ширкати “Имкон 2015”, ки Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеъ ва модари понздаҳ фарзандро барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристода буд, боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 12-уми октябр хабар доданд. Аз ин масъул ном бурда нашудааст. Аммо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин сокини 63-солаи Душанбе дар пайи […]

  • 12.10.2017

Конибодом: “Мори даруни остин” баъди 10 сол берун баромад

-Наимро хушдоманам мисли фарзанди худ қабул карда, хӯронид, пӯшонид, доим ба дасташ ҷарақ-ҷарақ пул дод, нохунаш сих задан  давон ба назди духтур бурд,  аммо ин мори даруни остин 10 сол пеш ба сари оилаи мо  балое овард, ки  то ҳол даҳшати он манзара  аз пеши  назарамон дур нарафтааст. Ин ҷавони курнамак бо вуҷуди дар хонаи […]

  • 12.10.2017

Роҳзанҳои «пагондор» тоҷикро кушта, дигаронро тарс доданд

Мақомоти тафтишотии Русия муайян кардааст, ки гуруҳи иборат аз 4 корманди мақомоти қудратӣ ва амниятӣ дар Тюмен барои “пуштибонӣ” аз тоҷирони минтақа мунтазам пул ҷамъ мекардаанд. Тибқи иттилои тафтишот тоҷироне, ки аз пардохт саркашӣ мекарданд, муҷозоти шадид ё қатл мешуданд: “Муттҳамон, ки феълан 2 нафарашон дар боздоштанд, тайи солҳои 2008-2016 ҳадди ақал 10 нафарро ба […]