• 18.04.2019

Сафари охирини Саидаҳмад (Видео)

Саидаҳмад Давлаҳмадов дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон чашм ба олам кушода ва ҳоло дар Шарқи Дури Русия зиндагӣ мекунад.
Ӯ нахустин ҷаҳонгарди тоҷик аст, ки тавассути автомобил дар тӯли 36 сол беш аз 100 кишвари ҷаҳонро зиёрат кардааст.

  • 17.04.2019

Алвидоъ, интернет…

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи интернети мобилӣ, ки дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суръати аз ҳама паст дорад, якбора боло рафт.

  • 16.10.2017

Зани тоҷикро бо 9 фарзандаш «депорт» карданд

Малоҳат, як модари лӯлитабори тоҷикистонӣ аз мақомоти пулис гурехта, 4 сол аз тарси ихроҷ ҳамроҳи 9 фарзанду наберааш дар як партовгоҳи вилояти Челябинск зиндагӣ кардааст. Тибқи иттилоияи додгоҳи Челябинск, ин модари тоҷикистонӣ бояд соли 2013 қаламрави Русияро тарк мекард: “Он замон Малоҳат бо се фарзандаш дар канори роҳи оҳан бидуни ягон ҳуҷҷати лозима зиндагӣ мекард […]

  • 16.10.2017

ДЕҲҚОНОНИ ПАНҶАКЕНТ: ИЛТИМОС, АРЗИ МОРО БА “БОЛО” РАСОНЕД

Дар ин шабурӯзи кишти тирамоҳӣ ба деҳқонони Панҷакент дар заминҳояшон киштани ҷаву гандуми тирамоҳиро манъ кардаанд. Мақомот гуфтаанд, заминҳоро бояд то баҳор дам дода, сипас тибқи нақша, ҳама бояд дар заминҳои худ картошка бикоранд. Деҳқонони шаҳру деҳоти Панҷакент мегӯянд, ин шабу рӯз, ки мавсими кишти тирамоҳист, онҳоро намегузоранд то ба заминҳои хеш гандуму ҷав кишт […]

LM2019
  • 16.10.2017

Ситораи Кароматулло шавҳар кард (аксҳо)

Санаи 14-октябри соли ҷорӣ сарояндаи саршиноси кишвар Ситораи Кароматулло тӯйи арӯсияшро барпо намуд. Тавре ба хабарнигори “Тajikistantimes.tj» хабар доданд, маросими издивоҷи Ситораи Кароматулло дар деҳаи Дуобаи ноҳияи Варзоб, дар ҳавлии падараш Кароматулло  барпо гаштааст. Таманно, ки худро ҷияни Ситора муаррифӣ намуд, гуфт: “Зулайхо Маҳмадшоева ва чандин сарояндагони номдори дигар дар маросими арӯсии Ситора ширкат варзида, […]

  • 16.10.2017

Президент саҳми кишварҳои арабиро дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ночиз хонд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон гуфт, ки кишвараш давлатҳои арабиро бо сохти давлатдориашон қабул кардааст ва ин кишварҳо низ бояд бе ягон суол сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистонро қабул карда ва ба фарҳангу мардуми он эҳтиром гузоранд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар оғози Форуми иқтисод […]

  • 16.10.2017

Тоҷикистон: Домоду арӯси ноболиғ ва падару модари онҳо ҷазо гирифтанд

Додгоҳи ноҳияи Ёвон У.С. Шариповро ба 140 соати корҳои ҳатмӣ ва падару модар ва хушдомани ӯро ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки ба издивоҷи фарзандони ноболиғи худ иҷозат додаанд. Бино ба гузориши маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон, Шарипов У.С. ва Раҳимова Н.У. моҳи октябри соли 2016 вақте издивоҷ […]

  • 16.10.2017

Нахустмашъалбардори Олимпиада-2018

Собиқ футболбози дастаи «Манчестер Юнайтед”-и Англия ва дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Корея Пак Ҷи Сун аввалин машъалбардори оташи олимпии Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пхенчон хоҳад буд. Пак Ҷи Сун эстафетаро дар ҳудуди Юнон, ки 24 октябр дар шаҳраки Олимп баъд аз маросими анъанавӣ оғоз мегардад, шурӯъ мекунад. Собиқ футболбози дигари Корея Чха Бом Гин […]

  • 16.10.2017

Рақобат Комроншоҳ бартарӣ дорад ё Саидҷалол?

Дар соли равон аз ҳама бештар  Комроншоҳи Устопириён бо як кирдору чанд пирӯзии арзандааш вирди забонҳо ва ангуштнамои мухлисону мутахассисони варзиш гардид.  Инчунин, мухлисон минбаъд аз рақобати варзишии Комроншоҳ ва Саидҷалол ошкор намудани бартарии ҳақиқии якеро бар дигаре интизоранд.    Рӯзноманигорон, ки дар бохти сохтаи Комроншоҳ аз Саидҷалол аввалиро ҷабрдида медонанд, бештар аз ҳама аз шаъну […]

  • 16.10.2017

Варзоб: Мард гулӯи ҳамсарашро бурид ва хонаашро оташ зад

Як сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб бегоҳи 14 октябр дар ҷараёни як муноқишаи оилавӣ гулӯи ҳамсари худро бо корд бурида, сипас дар сари қаҳр манзилашонро оташ задааст. Зану шавҳарро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон бурда, мардро боздошт кардаанд. Зарари сӯхтор 35 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудаааст. Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 44-солаи сокини […]

  • 16.10.2017

«Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар лигаи олӣ!

Пешсафи мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол миёни бошгоҳҳои лигаи якум дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии даври 21-ум ба дарвозаи рақибаш «Локомотив-Помир»-и Душанбе 7:0 голи беҷавоб зада, қабл аз даври охирин соҳиби роҳхат ба лигаи олии Тоҷикистон гардид. Аъзои даста  медалҳои хурди тиллоро  низ сарфароз мегардад. Аммо мубориза барои медалҳои хрди нуқра ва биринҷии мусобиқа миёни дастаҳои […]

  • 16.10.2017

Ҳавасмо Раҳматуллоева – Шаҳнозаамро пайдо кунед

Шаҳноза Назарова, соли таваллудаш 1994, ки барои кор ба Маскав рафта буд, аз моҳи январи соли 2014 ба ин тараф бедарак шудааст. Модари Шаҳноза – Ҳавасмо Раҳматуллоева аз ҳамаи тоҷикони Русия мехоҳад, ки ба ин модари зор дар ҷустуҷӯи фарзандаш кумак кунанд. Дар тамоми дунё ҳар рӯз зиёда аз 250000 одам, бахусус муҳоҷирон бе ному […]

  • 16.10.2017

Рамазон Раҳимзода президенти Федератсияи шиноварӣ

7-уми октябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе маҷлиси ғайринавбатии ҳисоботиву интихоботии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон баргузор шуд. Федератсияи шиноварии кишварро тайи чанд соли охир нафарони тасодуфие роҳбарӣ карданд, ки ба рушду такомули ин варзиши хеле ҷолибу муҳим саҳми арзанда гузошта натавонистанд. Аз ин рӯ, дастовардҳои варзишии шиноварони тоҷик чӣ дар мусобиқаҳои дохили кишвар ва чӣ […]

  • 16.10.2017

Русия: Бозпурсии муҳоҷири тоҷик барои «ба зудӣ шаҳид мешавам” гуфтани духтараш

Мақомоти амниятии Русия падари духтари 8-солаеро, ки дар пеши кӯдакони дигар гуфтааст, «ба зудӣ шаҳид мешавад”, боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Мақомот гуфтаанд, асосе барои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ин хонавода намебинанд. Хабаргузории «Регнум” аз қавли манобеаш дар мақомоти амниятии Русия хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистонро, ки духтараш дар пеши кӯдакон дар бораи тайёриаш ба «шаҳид […]

  • 16.10.2017

Баргузории Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо ОМ ва Озарбойҷон дар Душанбе

Имрӯз, душанбеи 16-уми октябр дар толори «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, баргузор мешавад. Дар Форум дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисоди кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат дорад. Тибқи барнома, ҷаласа бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз мешавад. Баъдан […]

App Banner