• 17.06.2019

Муроҷиати духтари Гулнора Каримова ба мақомоти Ӯзбекистон

Имон Каримоваи 21-сола, духтари Гулнора Каримова бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли Ӯзбекистон дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш фишор меорад.

  • 15.06.2019

Эмомалӣ Раҳмон: Зуҳуроти ифротгароию терроризм дар Осиё афзоиш ёфтааст

Президенти Тоҷикистон афзоиши зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро таҳдиде ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ унвон кард.

  • 19.10.2017

Ғизои модару кӯдаки тоҷикистонӣ беҳбудӣ мехоҳад

Вазъи саломатии инсон дар ҳар ҷомеа ба ғизои хуб вобаста аст. Камғизоӣ ва норасоии витамину минералҳои зарурӣ дар хӯрокворӣ пайомадҳои ногувор дошта, боиси камхунию камвазнӣ, бемадорию нотавонӣ, ақибмонии рушди ақлонию ҷисмонӣ, инчунин фавти беш аз 7500 кӯдаки тоҷикистонӣ дар як сол мешавад. Барои ҳалли ин мушкилот ғанигардонии ғизо ё илова кардани микроэлементҳои ҳаётан муҳим ба […]

  • 19.10.2017

Тоҷикбача сержанти русро мурдакӯб кард

 Як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон дар Маскав бо иттиҳоми латукӯби як сержанти пулис дастгир шудааст. Гуфта мешавад, муҳоҷири тоҷик ба рӯй, гӯши рост, китф ва дасти корманди пулис осеби ҷисмонӣ расондааст. Сабаби чунин вокуниши ҷавони тоҷик рӯшан нест. Эҳтимол меравад, ки кормандони пулис ҷавони тоҷикро сахт таҳқир кардаанд, ки ӯ аз ҷонаш сер шуда, ба сари […]

  • 19.10.2017

Ҳонӣ Муҳаммадӣ — Эрон

Чашмонат Кош ҳеҷ панҷарае, Туро ба хиёбон нишон намедод. Метарсам аз ҳасодати маъшуқаҳое, Ки ҳар шаб, Бо хотираи чашмҳои ту, Бӯсида мешаванд. *** Бепоён   Меравй, Ва то субҳ борон меборад. Бе он ки ҳатто, Як ваҷаб аз хиёбон хис шавад! Ва ин, Оғоз шоиронагии занест, Ки ошиқонаҳояш, Аз чашмҳояш об мехўрад. *** Бӯии танат […]

  • 19.10.2017

Суғд: Куштори бераҳмонаи Ибодат ва Мақсудҷон

Шоми 17 октябр Зану шавҳари 60 сола Неъматуллоева Ибодат ва Мақсудҷон Муҳаммадҷонов, ки истиқоматкунандагони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд. аз ҷониби ашхоси номаълум дар манзили зисташон бераҳмона ба қатл расиданд. Онҳо соҳиби чаҳор фарзанд буда, солиёни зиёд дар бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ба матоъфурӯшӣ машғул буданд. Амирҷон, писари мақтулон ба хабарнигори tajikistantimes.tj гуфт : […]

  • 19.10.2017

Зани акаву додар шудам!

Хонандаи “Оила” ҳастам! Ягон шумораи ин газета аз назарам дур намемонад. Имрӯз маҷбур шудам, ки қалам ба даст гирифта, саргузашти талхамро ба шумо, хонандагони азиз нақл кунам. Шавҳарам муддати 6 сол аст, ки дар муҳоҷират қарор дорад. Вай аз оғози зиндагиамон мани наварӯси семоҳаро партофта ба муҳоҷират рафта буд. Намедонам занҳои муҳоҷирони дигар чӣ ҳол […]

  • 19.10.2017

Допингназорати варзишгарони маъруфи кишвар

Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии зиддидопинги ҷумҳурӣ варзишгарони кишвар барои истифода накардани допинг ташхис мешаванд. Ба иттилои Екатерина Айриян — нозири допинг дар Тоҷикистон – масъалаи истифодаи доруҳои мамнуъ ва неруафзо аз ҷониби варзишгарон дар тамоми ҷаҳон ташвишовар аст. Дар баробари ҷомеаи ҷаҳон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ зидди ин […]

  • 19.10.2017

Бекорони Эрон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд

Мудири кулли Дафтари ҳидояти нирӯ ва корёбиҳои Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломӣ дар 4 кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон 4 дафтари эъзоми нирӯи корӣ таъсис додааст. Муҳаммад Акбарниё гуфт, Эрон барои таъсиси ин дафтарҳо кишварҳоеро интихоб кардааст, ки имкони фиристодани бекорони эронӣ ба онҷо вуҷуд дорад. Мудири кулли дафтари ҳидояти нирӯ ва корёбиҳои Эрон Муҳаммад Акбарниё […]

  • 19.10.2017

Акнун ба Қатар ба муҳоҷират меравем

Тоҷикистону Қатар дар масъалаи интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба ин кишвари арабӣ ба мувофиқа расидаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, баъди имзо шудани созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни маҳдудият ё лимит метавонанд барои кор ба Қатар бираванд. Аз Раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат рӯзи 19-уми октябр дар сӯҳбат  гуфтанд, ки дар назар аст лоиҳаи кор барои муҳоҷирони тоҷик […]

  • 19.10.2017

Чаро ҳавопаймоҳо аз парвоз боз монданд?

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” сабаби асосии афзоиши ҳодисаҳои ба таъхир гузоштани парвозҳоро ба “дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз” рабт дод. Ҷамила Ҳусейнова, масъули маркази матбуоти фурудгоҳ имрӯз, 19 октябр дар суҳбат гуфт, дар 9 моҳи соли равон 960 ҳолати таъхири парвозҳо сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 213 парвоз ё 28,5 […]

  • 19.10.2017

Арӯси бародарам “кавалер” доштааст

Падару модарам барои бародарам Суннат ба 50-60 ҷой хостгорӣ рафта бошанд ҳам, навмед баргаштанд. “Духтарамон ҳоло хурд аст, аввал ба ягон донишгоҳ дохил шуда диплом гирад, баъд шавҳар мекунад” ё “духтари мо гаҳворабахш аст” гӯён, духтардорҳо бо ҳар баҳона талаби хостгорони моро рад мекарданд. Дили бародарам аз зиндагӣ монда қасам хӯрд, ки чипта харида ба […]

  • 19.10.2017

«Истиқлол» дар финали Ҷоми КФО-2017!

Чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобии байниминтақавӣ бо тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон   дар меҳмонӣ мусовӣ – 2:2 карда, дар ҳисоби умуми  ғолиб ва омад ва ба даври ҳалкунандаи Ҷоми КФО-2017 роҳхат гирифт! Дар бозии финалӣ футболбозони тоҷик бо ғолиби ҳозираи мусобиқаи мазкур дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Бозӣ, ки 18 […]

  • 19.10.2017

Хокборон идома дорад

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд аз тарафи шимолу ғарб вазиши сахти бод то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар бархе ҷойҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзамон ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорати рӯзона паст гардида, […]

  • 19.10.2017

Фарзандону набераҳои руси Расулов шаҳрдориро ба суд доданианд

Набераҳои Ҷаббор Расулов, раҳбари Тоҷикистон дар солҳои 60-70-и асри гузашта аз интиқоли қабри ӯ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба иддаои онҳо ҳеч яке аз се фарзанд ва чор набераи Расуловро дар мавриди интиқоли қабр огоҳ накардаанд, менависанд хабаргузорҳо. “Дар Душанбе ба таври пинҳонӣ бидуни огоҳ сохтани фарзандону набераҳо ва дарёфти розигии онҳо қабри бобои маро интиқол додаанд. […]

App Banner