• 23.10.2017

Ҷоми аввалини Раиси шаҳри Душанбе

Шоми 19 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Анвар Урунов ва дигарон зимни […]

  • 23.10.2017

Мурдаи бесоҳиби тоҷикбача дар кӯчаи Филии Маскав

Пулиси Маскав бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ чеҳраҳои ду гумонбар дар қатли муҳоҷири 28-сола аз ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и Тоҷикистон Ёдгор Маҷидовро мушаххас кардааст. Гумонбарон аз Қирғизистон будаанд. Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гуфт, касе ки ба ёфтани ин ду гумонбар мусоидат кунад, 10 ҳазор доллар ҷоиза мегирад. Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи […]

  • 23.10.2017

Ба вазири тандурустӣ савол доред?

Гуфтугӯи мустақими телефонии хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа Рӯзи  ҷумъа, 27 октябри соли равон дар идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон»  аз соати 10:00 то 12:00 гуфтугӯи мустақими телефонӣ бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа баргузор мегардад. Шумо метавонед қаблан саволҳои худро […]

  • 23.10.2017

Муовини ректори ДДТТ бо 16000 $ пора ба даст афтод

Як мақоми баландпояи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо гумони гирифтани 16 ҳазор доллар аз як довталаб, боздошт шудааст. Дилшод Солеҳов, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон ба он муттаҳам мешавад, ки гӯё ба як ҷавони тоҷик ваъда кардааст, ки ӯро ҳамчун шаҳрванди Ҳиндустон, ба ин донишгоҳ дохил мекунад. Ин ҷавон, ки аз ӯ Х.Р […]

  • 23.10.2017

Юлдуз Усмонова ва Шаҳзода ба пахтачинӣ рафтанд

Беш аз 100 ситораи эстрада ва синамои Узбекистон ва мухлисони онҳо дар рӯзҳои истироҳат ба пахтачинӣ рафтаанд. Дар байни ин пахтачинҳо ситораҳое, чун Юлдуз Усмонова, Шаҳзода, Райҳон, Мавлуда Асалхӯҷаева буданд. Рӯзҳои истироҳат як гурӯҳи бузурги ситораҳои эстрада ва синамои Узбекистон барои пахтачинӣ ба ноҳияи Бектемири вилояти Тошканд рафтаанд. Дар маҷмӯъ дар ин маъракаи таблиғи пахтачинӣ […]

  • 23.10.2017

Маҳинаи Давлат ба суроғи Судоба рафт… (Видео)

Хабари лату кӯбшудаи духтараки ноболиғи ёвонӣ Судоба Сафарова, ки холааш ӯро зери мушту лагат гирифта, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст, субҳи 23-юми октябр дар сомонаҳои иҷтимоӣ барқсон паҳн гашта, сару садо ва баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард. Барои то куҷо асос доштани ин овозаро таҳқиқ намудан хабарнигори «Оила» Маҳинаи Давлат ба ҷойи ҳодиса сафар […]

  • 23.10.2017

8 гоникаҳои Натали Сулман 8-сола шуданд

Ба гумонам ҳамаи шумо дар хотир доред занеро, ки дар соли 2009 ба як бор 8 тифлро ба дунё оварда буд? Он вақт хабари 8 гоника таваллуд кардани Натали Сулман тамоми Амрикоро моту ҳайратзада карда буд, зеро ҳамаи 8 тифлак комилан солиму бардам ба дунё омада буданд. Он замон Натали аллакай соҳиби 6 фарзанд буд. […]

  • 23.10.2017

Боздошти ронандаи 9-сола, маводи мухаддир ва силоҳ

Пулиси вилояти Ровнои Украина мошини сабукраверо боз дошт, ки пушти фармон як тифли 9-сола менишаст. Аз дохили мошин аслиҳа ва маводи монанд ба мухаддир пайдо шудааст. Ин ҳодиса дар наздикии деҳаи Опарипси вилояти Ровно рух дод. Пулис мошини навъи Jeep Grand Cherokee-ро манъ кард. Кӯдак гуфт, падари 33-солааш ба вай идораи мошинро бовар кардааст. Падари вай […]

  • 23.10.2017

Тирпаронӣ дар мактаб ва марги хонанда

Дар шаҳри Урали вилояти Қазоқистони Ғарбӣ як хонандаи 14-солаи мактаб ҳамдарси худро бо силоҳи шикорӣ паррондааст. Нозири калони Раёсати умури дихилии Урал Динора Абдулхолиқова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ин ҳодиса 20 октябр дар натиҷаи беэҳтиётӣ рух додааст. «Ноболиғи 14-сола, сокини деҳаи Деркули шаҳри Урал аз беэҳтиётӣ ҳамдарси худро бо силоҳи шикорӣ паррондааст, ки дувумӣ […]

  • 23.10.2017

Сайри бозори асъор

Имрӯз, 23 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8150 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.3000 то 10.4000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1520 то 0.1535 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 23 октябр қурби расмии асъори хориҷиро  […]

  • 23.10.2017

Капитан Хисамовро барои ҷангидан дар Сурия дастгир карданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як олими рус, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар Сурия ба тарафдории “ДИИШ” ҷангидааст. Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда Хисамов Денис Франгизович, санаи 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодари Русия таваллуд шуда, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия, дорои рутбаи капитан мебошад. […]

  • 23.10.2017

Имрӯз борон ва дар баландкӯҳҳо барф меборад

Имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе  минтақаҳо борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Имрӯз, 23 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, […]

  • 23.10.2017

Ваколати Розиқзода Хуршед Андалиб боз дошта шуд

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Рашт Розиқзода Хуршед Андалиб аз вазифааш озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фармон зикр мешавад, ки ваколати раиси суди ноҳияи Рашт Розиқзода Хуршед Андалиб бинобар вафоташ қатъ карда шавад. Гуфта мешавад, ин фармон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст. […]

  • 23.10.2017

Аниса Маннонова – Тоҷикистон

Сароб Оне, ки ба дил дер расид, зуд бирафт, Оташ ба миён ниҳоду чун дуд бирафт. Бо меҳри камаш агарчӣ шукре гуфтем, Сад дарду ситам ба сина афзуд, бирафт. Чун нори Халил равони мо носӯхта, Афсонасифат ба сони Намрӯд бирафт. Аз баҳри муҳаббаташ зи худ бигзаштем, Раҳме ба дили шикаста нанмуд, бирафт. Аз ишқ ба […]

  • 23.10.2017

28 зан ва 7 марди тоҷикро аз асорати арабҳо раҳо карданд (Видео)

Чуноне сомонаи Ахбор менависад аз аввали соли 2017 мақомоти дипломатии Тоҷикистон 35 нафар – 28 зан ва 7 марди тоҷикро, ки дар Арабистони Саудӣ дар шароити ғуломона кору зиндагӣ мекарданд, ба Ватан баргардондаанд. Дар ин робита дар Тоҷикистон ба зидди се ширкат бо иттиҳоми харидуфурӯши инсон парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд. Манобеи дипломатии Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали […]