• 26.10.2017

9 гол дар вохӯрии «Истиқлол» бо «Хуҷанд»

Мухлисон  дирӯз бозии аз давраи 18-ум мавқуфмондаи байни дастаҳои  «Истиқлол» бо «Хуҷанд»-ро дар чемпионати 26-уми Тоҷикистон бошавқ тамошо карда, шоҳиди 9 тӯби воридшуда ба дарвозаҳои ҳар ду даста гардиданд. Душанбегиҳо аввалин шуда, аллакай то  дақиқаи 34-ум бо ҳисоби 3:0 пешсаф шуданд. Аммо онҳо ин бартариро нигоҳ дошта натавониста, хуҷандиҳо то дақиқаи 81-ум ҳисобро баробар — […]

  • 26.10.2017

Чаҳор зан дар сархати хабарҳои ВКД

Як сокини Турсунзода дар бозор занашро латукӯб карда, 400 сомонӣ пулро маҷбуран аз дасти ҳамсараш гирифтааст. Як сокини 26-солаи ноҳияи Вахш шаби 22 октябр ба шиками ҳамсари 19-солааш корд задааст. Дар Душанбе як занро барои мошиндуздӣ дастгир кардаанд. Аз навори хабарҳои рӯзи 26 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон: Зӯроварӣ нисбати зан ҷавобгарӣ дар пай дорад […]

  • 26.10.2017

Истиқболи Сомон Маҳмадбеков дар Душанбе

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари ҷавони тоҷик, ки дар чемпионати ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардид, бо аҳли оилаашон аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ пазироӣ гардид. Қабл аз ин дар фурудгоҳи байналмилалиии Душанбе маросим истиқболи ин варзишгари умедбахш баргузор шуд. Паҳлавони ҷавонро пайвандон, […]

  • 26.10.2017

26 октябр – Рӯзи тавлиди футбол

 Маҳз дар ҳамин рӯз дар соли 1863 бо таъсиси нахустин дар ҷаҳон Ассосиатсияи футбол дар Лондон футбол ҳамчун навъи алоҳидаи варзиш эътроф гардидааст. Баъдтар он дар тамоми дунё паҳн шуд, ҳаводорони зиёд пайдо накмуд ва имрӯз аз оммавитарин навъи варзиш дар дунё маҳсуб меёбад.

  • 26.10.2017

10-қотили ҷоҳилтарини олам (Видео)

Дар ин видео даҳ қотили номбаровардатарини дунё , ки аз 5 то 5000 одамро ба қатл расонидаанд ҷаъм оварда шудаанд ва шумо бояд ҳатман чеҳраҳои даҳшатбори онҳоро бо чашми худ бубинед

  • 26.10.2017

«Чину чину чину чин”-и тоҷикӣ дар иҷрои марде аз Чин (Видео)

Дар як видео дар Интернет як коргар аз Чин таронаи машҳури тоҷикии «Чину чину чину чин”-ро мехонад ва кам-кам бо тоҷикӣ сӯҳбат мекунад. Аз тақрибан 6 ҳазор хориҷие, ки дар Тоҷикистон ҳар сол иҷозати кор ба даст медоранд, ҳудуди 4 ҳазорашро коргарон аз Чин ташкил медиҳанд. Дар ин видео як коргари хитоӣ бо хоҳиши бачаҳои […]

  • 26.10.2017

Зиндонӣ шудани рӯҳонии рус ва духтари тоҷик барои тиҷорати фаҳшо ва қочоқи инсон

Роҳиби калисои ортодокси Русия аз Санкт-Петербург, Николай Киреев ба талоши тиҷорати фаҳшо ва қочоқи инсон дар Беларусия боздошт шуд ва мурофиаи додгоҳии ӯ дар Витебск ҷараён дорад. Додгоҳ шарики Киреев, духтари 19 сола аз Тоҷикистонро бо ҳамин ҷурм барои панҷ сол равонаи зиндон кард. Ҳафтаи равон Кумитаи тафтишоти Витебск хабар дод, ки мурофиаи роҳиб дар […]

  • 26.10.2017

«Оила» дар «Имрӯз”

-Занакҷон, шодиёна деҳ, “Оила” дар хонаамон меҳмон мешавад! -Оилаи бародаратон ё хоҳаратон? -Эҳ ҳафтафаҳм, ман газетаи “Оила”-ро дар назар дорам. “Оила” биёред, гуфта ҷонамро ба лабам мерасонӣ-ку! Акнун ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа, аз соати  17: 00 то 18:00 ҳафтаномаи “Оила” аз радиои “Имрӯз” садо медиҳад. -Мардакҷон, барвақттар биёед, ман як оши палави бомаза мепазам, ҳардуямон  […]

  • 26.10.2017

Имрӯз ҳаво хунук мешавад

Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе  минтақаҳо пастшавии ҳарорат пешбинӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Имрӯз, 26 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ба амал омадани чангу ғубор дар […]

  • 26.10.2017

Шавкат Мирзиёев ба Туркия рафт

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 октябр бо даъвати ҳамтои туркаш дар доираи як сафари давлатӣ вориди шаҳри Анқара шуд. Ин нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон ба Туркия аст. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон, дар гуфтугӯҳои сатҳи олии дуҷониб рушди ҳамкориҳои Тошканду Анқара дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва муборизаи муштарак зидди […]

  • 26.10.2017

Маскав нархи патенти муҳоҷиронро боз баланд кард

Думаи шаҳри Маскав рӯзи 25 октябр нархи патенти муҳоҷиронро 4500 рубл барои як моҳ муқаррар кард. То кунун нархи патент дар Маскав 4200 рубл буд. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, дидани муҳоҷиронро чандон хуш надорад, вале онҳо фақат аз ҳисоби патент ҳар сол ба буҷа 14 миллиард рубл месупоранд, ки аз ширкатҳои нафт ҳам бештар […]

  • 26.10.2017

Толеъномаи 26 октябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Рӯзи бобарор аст. Бо вуҷуди аз кори кардаи худ қаноатманд нашудан ягон мушкилӣ пеш намеояд. Уҳдадориҳои зиёдро ба дӯши худ нагиред ва бо кори зиёд миёнатонро нашиканед. Айни замон ба  саломатии худ бодиққат бошед. Савр ( 21 апрел – 22 май) Вақте расидааст, ки нақшаву идеяҳои худро амалӣ гардонед. Дар амалӣ намудани […]