• 18.04.2019

Сафари охирини Саидаҳмад (Видео)

Саидаҳмад Давлаҳмадов дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон чашм ба олам кушода ва ҳоло дар Шарқи Дури Русия зиндагӣ мекунад.
Ӯ нахустин ҷаҳонгарди тоҷик аст, ки тавассути автомобил дар тӯли 36 сол беш аз 100 кишвари ҷаҳонро зиёрат кардааст.

  • 17.04.2019

Алвидоъ, интернет…

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи интернети мобилӣ, ки дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суръати аз ҳама паст дорад, якбора боло рафт.

  • 30.11.2017

Эмомҳусайн Умарови 7-соларо Рамазон Раҳимзода ба ҳузур пазируфт

Ҳафтаест, ки дар сархати расонаҳо хабари қобилияти як нафар навраси тоҷик, ки  тавони якбора иҷро кардани 11 ҳазор бор болофишорӣ (отжимание)-ро дорад, қарор гирифтааст. Падари ӯ талош дорад, ки зӯри бозуи фарзандашро дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт намояд. Эмомҳусайн Умарови 7-сола ҷавонтарин аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» буда, пайваста дар ин маҷмааи варзишӣ тамрин менамояд. Бояд […]

  • 30.11.2017

Дарди дили духтари 42- сола

Ман, духтари 42-сола, муаллима, роҳнамои дигарон имрӯз ниёз ба маслиҳат ва роҳнамоии шумо дорам. Ҳамсолонам кайҳо соҳиби фарзанд ва ҳатто келину набера гаштаанд, ман бошам то ҳол аз бахт бенасибам.  Сабаби пирдухтар шуда монданам янгаам ва духтури пире аст, ки дар деҳаи мо зиндагӣ мекунад ва бо падарам хусумат доштааст. Мо дар оила нуҳ нафар […]

LM2019
  • 30.11.2017

Шералӣ Маҳмудовро 10 сол зиндонӣ карданд

Вакили дифои сокини 28-солаи вилояти Бухорои Узбакистон Шералӣ Маҳмудов, ки бо ҷурми хариду фурӯши инсон 10 сол зиндонӣ шуд, талаб дорад, то зерҳимояи ӯро озод кунанд. Қарор аст, додгоҳи баррасии шикояти вакили дифои Маҳмудовро 1 декабр баррасӣ кунад. Бар пояи қарори додгоҳ аз 17 октябр, Маҳмудов сокини ин кишвар Севара Ғуломоваро, ки барои табобати саратон […]

  • 30.11.2017

Видеои имоми 82-солаи таҷовузкор

Телевизиони давлатии Тоҷикистон видеои Давлатбек Мираков, як имоми масҷиди панҷвақта аз ноҳияи Ҳисорро, ки ба бадахлоқӣ айбдор мешавад, дар Интернет нашр кард. Дар гузориши вазорати дохила лаҳзаҳои бӯсобӯсӣ ва алоқаи ҷинсии Давлатбек Миракови 82-сола бо як зан низ намоиш дода мешавад. Шабакаи давлатии телевизионии «Тоҷикистон” (собиқ «Шабакаи аввал) барномаи «Сипар”-и вазорати корҳои дохилиро, ки як ҳафта […]

  • 30.11.2017

  Хуҷанд: 7 соли оворагии кӯдаки 7-сола

Ман намехоҳам дар хонаи бобои модариям зиндагӣ кунам. Чунки дар он ҷо касе ба тайёр кардани дарсҳом ба ман ёрӣ намерасонад, ба кӯча баромадан намемонанд,  дар он яктоякак ҷӯра дораму халос. Вақте дарс тайёр карда аз модарам ё хонаводаи ӯ ягон чиро пурсам “медонистагӣ навису иқа савол нате” мегӯянд. Агар аз хонаи бобои падариям ягон […]

  • 30.11.2017

Андеша Шоҳӣ — Афғонистон

Ту баҳонаи шеърҳои манӣ Аз хоб, ки баланд мешавам, Рӯзҳои хушбахтиамро канори ту мешуморам. Ва бадбахтии ҷаҳонро ба дасти бод месупорам, Ва хотироти ширинамонро тунд-тунд мурур мекунӣ, Ки ҳанӯз ҳам зане танҳост дар ёди ту, Меёӣ, ки марҳами захмҳоям шавӣ. Панҷара, ки мекушоям, Ҳамчу шаб хомӯш мешӣ. Ман маҳв мешавам дар нигоҳи ту, Нигоҳи ту, […]

  • 30.11.2017

…охир ба дасти малахак

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 5-адад телевизорҳои тамғаҳои гуногун ва 1-адад болопӯши мардона, ҷамъ ба маблағи 16630-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия […]

  • 30.11.2017

Қотили Марҷонаро ёфтанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 29-уми ноябр номи муттаҳам дар қатли Марҷона Шерхонова, сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро эълон кард. Мақомоти вазорат бо пахши як навори видеоӣ гуфтанд, ин нафар Иброҳим Муъминов, сокини 29-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст, ки феълан дар боздошт қарор дорад. Ҷасади Марҷона Шерхонова, сокини шаҳри Турсунзода, рӯзи 21-ноябр аз дохили як […]

  • 30.11.2017

Ба Анҷилина Ҷолӣ монанд шудам? (аксҳо)

Бисёр вақт мехоҳем, ки ба қаҳрамон ва ё актёру сарояндаи дустдоштаамон мехоҳем монанд шавем. Рафтори оро такрор кунем, тарзи гапзаниамонро ба он монанд кунем ва ҳатто либоспушиамонро аз онҳо ёд мегирем. Вале барои  баъзеҳо ин “орзу”-ҳо аз меъёр мегузарад. Як нафар ҷавонзан аз Теҳрон, бо номи Саҳар Тарбан орзу дорад, ки ба актирисаи машҳури голевудӣ […]

  • 30.11.2017

Толеъномаи 30 ноябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ҷодаи касбу кор пешравӣ имкон дорад, вале нуқтаи назари худро аз дигарон боло нагузоред, вагарна ба ғалате роҳ медиҳед, ки бар асари он маблағи зиёди пулӣ ё обруву нуфузатонро аз даст медиҳед. Барои ба дили дӯстдоштаатон роҳ ёфтан гапи дурӯғ мегӯед, вале эҳтиёт шавед, ки худатон фиреб нахӯред. Савр ( 21 […]

  • 30.11.2017

Комисияи нави тақсими марз бо Ӯзбекистон эълон шуд

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор ҳайати нави комиссияи тақсим ва аломатгузории марз бо Узбакистонро муайян кардааст. Кори ин комиссия баъд аз соли 2000-ум амалан қатъ шуда буд. Бино ба қарори ҳукумат, 19 мақомдори идораҳои давлатӣ шомили комиссия шуда, раёсатро муовини нахуствазир Азим Иброҳим бар уҳда гирифтааст. Ҳамчунон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, муовинони вазирони […]

  • 30.11.2017

Кӣ ба «Барқи тоҷик» шикоят дорад?

Аз маркази матбуоти ин ниҳод  хабар доданд, ки навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарўзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефониро ба қайд мегиранд, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи  Ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари […]

  • 30.11.2017

Манаҳ дар даст: 7 нафар як касро заданду бе ҷазо мемонанд? (АКСҲО)

Субҳи 29 ноябри соли ҷорӣ ҳангоме, ки омодаи супоридани шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” будем, Бердиев Акбаралӣ Қурбоналиевич,  сокини Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат занг зад ва дарди дил кард: -Дар пушти ҳавлиамон камтар  замин аст. Ҳамсояаамон Зокиров Абдуалим Зокиров  маро барои ҳамин замин ба суд дод. Баъд аз як соли даводаву саргардониҳо  суд қарорашро бароварду  […]

App Banner