• 18.05.2019

Боғи устод Рӯдакӣ танзим мехоҳад

Дарахтони сояафкану хазонрези боғ мисли дуб, клён, каштан, ки умри панҷоҳу шастсола ва бештар доранд, як андоза намуду сатҳи боғро халалдор мекунанд. Зеро иртифои қади онҳо то 30-50 метр ва бештар аз он мерасанд ва он боиси хароб гаштани сатҳи ягонаи боғ мегардад. Масалан, аз хиёбони марказии пойтахт ба сӯи Қасри миллат назар афканед, ин дарахтони баландқомат қасрро панаҳ мекунанд ва он баръало дида намешавад.

  • 17.05.2019

Се занеро, ки барои пазироии президент омодагӣ медиданд, мошин зад

Ба гуфтаи шоҳидон ба занҳо дастур шуда буд, ки гулҳои атрофи роҳи калони мошингардро пеш аз сафари Шавкат Мирзиёев ба ин вилоят обёрӣ кунанд. Кортежи автомобилҳои Президенти Ӯзбекистон аз ҳамин роҳ мегузарад.

  • 08.11.2017

КамАз дар Кӯлоб чаппа шуд

Субҳи 8 ноябр дар роҳи Кӯлоб -Олимтой дар наздикии мазори Махсуми Санги Кулӯла дар қарибии ноҳияи Фархор як мошини боркаши КамАЗ бо рақами Маскав чаппа шудааст. Ин мошин пур аз маҳсулоти хӯрока буд. Бознашр аз «Ахбор» Хонандагони сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки субҳи 8 ноябр дар роҳи Кӯлоб – Олимтой шоҳиди чаппа шудани як мошини […]

  • 08.11.2017

Дима Билан мурд?

Дима Биланро зинда ба зинда гӯр карданд Дима Билан аз зумраи ҳунармандони машҳуре аст, ки на танҳо дар кишвари рус, балки берун аз марзҳои Русия низ мухлисони зиёд пайдо кардааст. Чанд рӯз қабл дар сомонаҳои интернетӣ хабари марги нобаҳангоми ин ҳунарманди ҷавон пайдо шуда, мухлисони бешуморашро ба изтироб овард. Ин ҳунарманди хушзавқ дар кишвари мо […]

  • 08.11.2017

Муҳаммадҷавод Зариф дар Душанбе

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон субҳи 8-уми ноябр вориди Душанбе — пойтахти Тоҷикистон шуд. Ба иттилои рассонаҳо, вазири корҳои хориҷии Эронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, истиқбол кард. Ин манбаъ афзудааст, сафари Муҳаммадҷаводи Зариф якрӯза хоҳад буд, аммо ба эҳтимоли зиёд, вай шаб дар Душанбе хоҳад монд […]

  • 08.11.2017

Ба деҳа номи модари президентро гузоштанд

Вакилони маҷлиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон якдилона исми деҳаи Қасиқи ноҳияи Қӯрдайро ба Олҷон-она иваз карданд. Олҷон — модари президенти кунунии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев соли 1910 дар оилаи муллои деҳаи Қасиқ ба дунё омадааст. Бисёриҳо дар пушти ин амал намунаи нави шахспарастии Назарбоевро мебинанд. Маслиҳат, ё маҷлиси вакилони вилояти Ҷамбул рӯзи 6 ноябр якдилона дар бораи […]

Дин 0
  • 08.11.2017

Марзия Растагор — Эрон

Сахт нагир Гар миёни ҳеҷҳоем сӯроғи ту меоям, Сахт нагир! Бубин маро: Маро, ки ҳанӯз барои хандаҳои ту, Миёни хотироти мурдаам мегирям! Рафтанатро бовар дорам, Ин ки танҳоям, Барнамегардӣ ҳатто агар бимирам! Бовар дорам фаромӯшам кардӣ. Ҳарчӣ байни мо буд ҳеҷ кардӣ, Ин ки тамом шуд ишқ, Нуқта гузоштӣ, Сари хат рафтӣ! Бовар кун танҳоиямро, […]

  • 08.11.2017

Эҳтимол имрӯз борон меборад

Имрӯз, 8 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда  дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон пешгӯӣ мешавад.  Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона […]

  • 08.11.2017

Сайри бозори асъор

Имрӯз, 8 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.2500 то 10.3200 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1477 то 0.1490 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), 8 ноябр қурби расмии асъори хориҷиро  […]

  • 08.11.2017

Муҳаммад Воҳидовро зиндонӣ карданд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муҳаммад Воҳидов – як ҷавони тоҷикро барои кӯшиши пайвастан ба сафи гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ба 6-уним соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Санаи содир шудани ҳукм гуфта намешавад, вале Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ин хабарро рӯзи 7-уми ноябр нашр кард. Ба гуфтаи Муҳаммад Ҳомидзода, додраси ин додгоҳ […]

  • 08.11.2017

Вазири корҳои  хориҷии Эрон ба Душанбе меояд

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон қарор аст рӯзи 8-уми ноябр бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон биояд. Ин баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи чанд соли ахири сард шудани муносибатҳо миёни Душанбе ва Теҳрон, ба Тоҷикистон сафар мекунад. 8-уми ноябр ба Душанбе сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Эрон ба нақша гирифта […]

  • 08.11.2017

Нотаи сафорати Тоҷикистон ба Русия

Аз 2 то 6 ноябр аз қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон беш аз 150 мусофири тоҷикро боздошт кардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 7 ноябр дар ин робита ба вазорати хориҷаи Русия нота супурда, хостори расидагии фаврӣ ба сарнавишти шаҳрвандони тоҷики боздоштшуда шудааст. Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, шумораи […]

App Banner