• 19.05.2019

Селаи шоҳпаракҳо мардумро ба воҳима андохтааст

Имрӯз селаи шоҳпаракҳо шабеҳи селаи малах дар шаҳри Душанбе пайдо шуда ва миёни сокинон як навъ биму ҳаросро ба миён оварданд.

  • 17.05.2019

Идораи ҳавошиносӣ: Селу жола дар назар аст

Бино ба маълумоти Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон интизор меравад дар ду рӯзи оянда, яъне, рӯзҳои 17-19 май борандагии шадид ба амал омада ва дар манотиқи кӯҳистонӣ сел ҷорӣ шавад.

  • 10.11.2017

Ишқи ноком ва худкушии сарбоз

Мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, хабари ба як нафари дигар издивоҷ кардани духтари дӯстдоштааш сабаби худкушии сарбоз Тоҳир Ҳабибов шудааст. Ин зодаи ноҳияи Ишкошим, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, рӯзи 26 октябр худро дар як қисми низомӣ дар шаҳри Кӯлоб аз автомати Калашников парронд. Хабаргузории «Азия Плюс”аз қавли манбааш дар вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки […]

  • 10.11.2017

Суҳайло Садиқ — Эрон

Саҳар   Эй шабзадагон, нафҳаи субҳу саҳар омад, Бедор, кунун умри сиёҳӣ ба сар омад. Дерест, ки гесуи сиёҳи шаби ялдо, Аз сурати моҳи дайи ман то камар омад. Вақт аст, ки сар барзанад аз машриқи ҷонам, Он ёри тилопӯш, ки зулфаш бадар омад. Ин чархиши гетист, на тасвири табоҳӣ, Дил бад нанигар к-аз пайи […]

  • 10.11.2017

Кош ба рӯят туф намекардам, падар!

Падарҷон, агар тавонед, духтари беақлатон Маликаро бубахшед! Афсӯс, хеле дер фаҳмидам, ки гунаҳкори он ҳама ҷангу ҷӯш дар хона ва байни авлодамон шумо набудаед. Хешу табори модарам мегуфтанд, ки падарат беваи нав ёфта модаратро бе гуноҳ талоқ дод ва мани сода ба суханонашон бовар мекардам. Акнун фаҳмидам, ки модарам ниҳоли бахташро бо дасти худ решакан […]

  • 10.11.2017

Ташаккур барои автогол, Ӯзбекистон!

Мунтахаби 19-солаҳои Тоҷикистон ба ЧО-2018 роҳхат гирифт Мунтахаби 19-солаҳои Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев вохӯрии охиринашро дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 аз дастаи пурқуввати Ӯзбекистон бо «задани» голи ягона бурид ва аз гурӯҳи «В»  сазовори роҳхат ба марҳилаи финалии ин мусобиқаи бонуфузи қитъа гардид. Дар ин бозӣ воқеан бахти варзишӣ ё фортуна ба […]

  • 10.11.2017

Мизи гуфтушуниди майдони ҷанг

Мусоҳиба бо иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Салимович Достиев -Муҳтарам Абдулмаҷид Салимович, баъди гузашти 25 сол назари шумо доир ба баргузории Иҷлосияи XVI даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтааст ё не? Имрӯз кадом лаҳзаҳоро аз ҷараёни иҷлосия мехоҳед ба хонандагон нақл кунед? -Мехоҳам суҳбатамонро бо мисраъҳои зерин шурӯъ намоям: Баҳри […]

  • 10.11.2017

Душанбе: Шӯрӯъи Ҳафтаи таҳсили байналмиллалӣ

Аз 13 то 17 ноябр бо ташаббуси сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи 10 ноябр вебсайти сафорати ИМА дар Душанбе хабар дод. Дар ҷараёни ин барнома муассисаҳои таълимии мисли Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Маркази фарҳангии Бактрия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Бунёди Оғо Хон, ДААД (DAAD), […]

  • 10.11.2017

Эмомалӣ Раҳмон покистониҳоро табрик намуд

Бино ба гузориши расонаҳои Покистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мардуми Покистонро ба муносибати 140-умин зодрӯзи Муҳаммад Иқбол табрик гуфтааст. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст, 9-уми ноябри соли 1877 ба дунё омадааст ва яке аз маъруфтарин файласуфон, шоирон ва мутаффакирони шарқ ба ҳисоб меравад. Шералӣ Ҷононаев, сафири Тоҷикистон дар Исломобод ба […]

  • 10.11.2017

Замини «Шоҳмансур» давлатӣ шуд

Бо мақсади  татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  моҳе  қабл Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»   барҳам дода шуд. Дар ин  замина  қитъаҳои замини ҳудуди бозори собиқ ва  атрофи он, воқеъ  дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, А. Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ, ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта  шуда,  ба соҳибмулкон  ҷуброни зарари амволи иншооти бартарафшаванда  пардохт мегардад. Тавре аз Раёсати иттилоот […]

  • 10.11.2017

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи милитсия

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баҳри таҷлили иди касбӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Ҳайати шахсии шуъбаю хадамотҳои дастгоҳи Раёсат ва собиқадорони соҳа дар ҷамъомад иштирок доштанд. Маросими пуршукуҳ аз гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдгорӣ, ки дар саҳни бинои маъмурӣ ба хотири гиромидошти кормандони зимни иҷрои вазифа ҳалок гардида бунёд […]

  • 10.11.2017

Сафорати Амрико ҳафтаи таҳсили байналмилалиро дастгирӣ мекунад

Аз 13 то 17 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ   ҷашн гирифта мешавад. Ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ мешавад, ки он 13 ноябр аз соати 14:00 то 17:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ, аз қабили Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Маркази фарҳангии Бактрия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Бунёди Оғохон, ДААД (DAAD), Кафедраи ЮНЕСКО оид ба идоракунии захираҳои […]

  • 10.11.2017

Имрӯз гармии ҳаво ба 24 дараҷа мерасад

Имрӯз, 10 ноябр, дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст.  Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад. […]

  • 10.11.2017

Сайри бозори асъор

Имрӯз, 10 ноябр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.1900 то 10.3600 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1485 то 0.1490 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), 10 ноябр қурби расмии асъори хориҷиро  […]

  • 10.11.2017

Фирдавсиро модараш меҷӯяд

Чуноне сомонаи Ахбор менависад, Салтанат Мирзоева, як модари тоҷик дар ҷустуҷӯи писари 23-солааш Фирдавсӣ Сатторов аз ҳамватанон дар Русия кумак мехоҳад. Фирдавсӣ Сатторов, ки дар шаҳри Краснодар кору зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Русияро дошт, аз рӯзи 31 октябр бедарак шудааст. Ӯро афроди либоси мулкӣ дар тан аз нақлиёти ҷамъиятӣ фаровардаанд, вале то имрӯз аз ягон […]

App Banner