• 18.05.2019

Боғи устод Рӯдакӣ танзим мехоҳад

Дарахтони сояафкану хазонрези боғ мисли дуб, клён, каштан, ки умри панҷоҳу шастсола ва бештар доранд, як андоза намуду сатҳи боғро халалдор мекунанд. Зеро иртифои қади онҳо то 30-50 метр ва бештар аз он мерасанд ва он боиси хароб гаштани сатҳи ягонаи боғ мегардад. Масалан, аз хиёбони марказии пойтахт ба сӯи Қасри миллат назар афканед, ин дарахтони баландқомат қасрро панаҳ мекунанд ва он баръало дида намешавад.

  • 17.05.2019

Се занеро, ки барои пазироии президент омодагӣ медиданд, мошин зад

Ба гуфтаи шоҳидон ба занҳо дастур шуда буд, ки гулҳои атрофи роҳи калони мошингардро пеш аз сафари Шавкат Мирзиёев ба ин вилоят обёрӣ кунанд. Кортежи автомобилҳои Президенти Ӯзбекистон аз ҳамин роҳ мегузарад.

  • 15.11.2017

Боз як мошини дуздӣ аз вагон дарёфт карданд

Рӯзи 12 ноябр дар истгоҳи роҳи оҳани Даугавпилси Латвия аз як вагоне, ки ба Тоҷикистон мерафт, як мошини «Porsche Cayenne”-и дуздиро пайдо кардаанд. Дар як соли охир ин бори сеюм аст, ки мошинҳои дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон ошкор карда мешаванд. Департаменти даромадҳои Латвия хабар дод, ки маъмурони гумруки ин кишвар рӯзи 12 ноябр дар […]

  • 15.11.2017

Дурахши як ситораи нав дар саҳнаи тоҷик (Видео)

Овозхони операсарои тоҷик Мадина Ақназарова нахустин клипаш бар таронаи машҳури «Ай ёр, ёр” бар пояи оҳанги безаволи Дамир Дӯстмуҳаммадовро муаррифӣ кард. Бисёриҳо бо тамошои ин клип навиштаанд, ки дар саҳнаи ҳунари тоҷик ситораи наве дурахшон мешавад. Овозхони ҷавони операсарои тоҷик Мадина Ақназарова тавассути саҳифааш дар Фейсбук нахустин клипи худро муаррифӣ кард. Ин клип бар таронаи […]

  • 15.11.2017

Чаро пиру кампир ҷанг мешаванд?

Чаро зану шавҳар сагу гурба мешаванд? Аксарият бар онанд, ки агар зану шавҳар чандин сол якҷоя умр бар баранд, ин нишонаи дар зиндагӣ хушбахт будани эшон аст. Ду инсон солҳои зиёд дар як болин сар ниҳода чунон ба ҳам қарин мегарданд, ки ҳатто одатҳо ва нигоҳашон ба зиндагӣ якхела шуда, якдигарро аз ним нигоҳ мефаҳмидагӣ […]

  • 15.11.2017

Толеъномаи 15 ноябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Рӯзи бобарор аст, хусусан барои мардоне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, барор меорад. Бонувон бошанд, дар кори савдо фиреб мехӯранд. Дар ин рӯз хариди калон накунеду аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Дар сурати худро нотоб ҳис кардан, дарҳол аз пайи табобат шавед. Савр ( 21 апрел – 22 май) Нохушиҳои хурд […]

  • 15.11.2017

Зевар Наимӣ — Афғонистон

Ишқи ман Сиёҳчоле маро балъида, Дар ин афсурдагии торик. Тапишҳоям ба таваққуфи  шум, Меанҷомад. Лахтае хуршед биёвар, То нардбоне бошад ҷониби раҳоӣ, Хандаҳоят таъми нони гарм, Ва ман кӯдаки гурусна, Ки дастҳоямро, Бо сӯги дармондагӣ, Беморвор ба сўят дароз мекунам. *** Нозанин… Шоир, Дерест аз иртифоъи шаб, Маҳтобиҳоро насурудаӣ. Ва бодҳои бараҳна, ки гесуи баргҳоро, […]

  • 15.11.2017

Ҷоми Осиё-2019: Тоҷикистон — Яман- 0:0

Бозии интихобии даври панҷум байни мунтахабҳои Тоҷикистону Яман барои роҳхати Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» бегоҳии 14 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо мухлисии беш аз 12 ҳазор нафар диданӣ ҷараён гирифт. Аммо афсӯс ки ғолибро муайян карда натавонист. Ҳисоби мусовии 0:0 ба ҳар ду даста фақат 1-холӣ оварда, мавқеъашонро дар гурӯҳ тағйир надод: […]

  • 15.11.2017

Меҳмонро дар Вахш меҳмонкӯб карданд

Бино ба иттилои ВКД, ба ШВКД дар ноҳияи Вахш марди 27-солаи сокини ш.Қӯрғонтеппа муроҷиат намудааст, ки 3-юми ноябри соли 2017, тахминан соати 19:20-дақиқа, ҳангоми дар ноҳияи Вахш қарор доштанаш, ду нафар мардони 25 ва 30-солаи сокинони кӯчаи Турдиеви ҳамин ноҳия бе ягон асос ӯро лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар […]

  • 15.11.2017

Эмомалӣ Раҳмон бо Ризо Ардакониён мулоқот кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми ноябр дар Душанбе бо вазири энержии Ҷумҳурии исломии Эрон Ризо Ардакониён мулоқот кардааст. Ба навиштаи хабаргузории эронии «Форс», мулоқоти Ризо Ардакониён, ки раиси ҷониби эронӣ дар Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон мебошад, бо Эмомалӣ Раҳмон «беш аз соат ва дар фазои самимӣ сурат гирифт.» […]

  • 15.11.2017

Рузи Президенти Тоҷикистон дар Пекин

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷик ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид. Тавре  аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар доданд, кормандони Сафорат ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдодҳои […]

  • 15.11.2017

Лату кӯби Зоиров тарҳрезӣ шуда буд?

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мавриди ҳамла ва лату кӯби афроди ношинос қарор гирифт. Зоиров рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамла шаби нуҳуми ноябр, ҳангоме сагашро ба берун бароварда буд, дар болои пул ё купрӯки маҳаллаи 103-юми пойтахт иттифоқ афтодааст. Сиёсатмадор ин ҳамларо тарҳрезишуда донист ва гуфт, дар пайи он дасти рост, […]

  • 15.11.2017

Муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ 8 сол гирифт

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Солеҳов, муовини аввали ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ҷурми “гирифтани пора дар ҳаҷми калон” ба 8 соли зиндон маҳкум кард.  Ҳукми додгоҳ рӯзи 13-уми ноябр содир шуд. Вале пайвандони Солеҳов гуфтанд, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинӣ ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.Мақомот муовини аввали […]

  • 15.11.2017

Гумонбари қатли тоҷирон боздошт шудааст

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, бо гумони даст доштан дар қатли зану шавҳари соҳибкор Мақсудҷон Иброҳимов ва Инобат Неъматуллоева дар манзилашон дар ҷамоати Унҷӣ як ҳамсояи онҳо дастгир шудааст. Ин марди 41-сола шаби куштор бо мошини сиёшшишааш чанд бор аз кӯча убур карда, ба дурбини як камераи назоратӣ афтодааст. Манобеи ғайрирасмӣ хабар додаанд, ки бо гумони […]

App Banner