• 18.05.2019

Боғи устод Рӯдакӣ танзим мехоҳад

Дарахтони сояафкану хазонрези боғ мисли дуб, клён, каштан, ки умри панҷоҳу шастсола ва бештар доранд, як андоза намуду сатҳи боғро халалдор мекунанд. Зеро иртифои қади онҳо то 30-50 метр ва бештар аз он мерасанд ва он боиси хароб гаштани сатҳи ягонаи боғ мегардад. Масалан, аз хиёбони марказии пойтахт ба сӯи Қасри миллат назар афканед, ин дарахтони баландқомат қасрро панаҳ мекунанд ва он баръало дида намешавад.

  • 17.05.2019

Се занеро, ки барои пазироии президент омодагӣ медиданд, мошин зад

Ба гуфтаи шоҳидон ба занҳо дастур шуда буд, ки гулҳои атрофи роҳи калони мошингардро пеш аз сафари Шавкат Мирзиёев ба ин вилоят обёрӣ кунанд. Кортежи автомобилҳои Президенти Ӯзбекистон аз ҳамин роҳ мегузарад.

  • 23.11.2017

12 сабаби ба зӯроварӣ гирифтор шудани занону духтарони тоҷик

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунат нисбати занону духтарон ва оғози 16 рӯзи фаъол ба муқобили зӯроварии гендерӣ мизи гирд баргузор гардид. Мизи гирд таҳти сарпарастии Намояндагии СММ дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳо иштирок доштанд. Дар ибтидо  Намояндаи доимии дафтари СММ […]

  • 23.11.2017

Қатли ом дар водии Вахш ё хотираҳо аз даврони ҷанг

Зархаридоне, ки масти пуштибонии хоҷагони хориҷияшон буданду теғи тоҷиккушашон тез буд, вориди деҳа шуданд ва ба қатли омм шуруъ карданд.46 нафарро бо сим дастонашонро пушташон бастанду болои «самосвали ЗИЛ» партофтанд ва бурданду аз рӯи кӯпрук ба дарё чаппа карданд. …одамони зиндаро ҳамчун хасу хошок аз рӯи самосвал чаппа карданд… Абдулло ДАВЛАТОВ Баъди маҷлиси «тақдирсозӣ» 16ум […]

  • 23.11.2017

Даҳгонаи қотилони хурдсол (Видео)

Дар видео зер даҳгонаи қотилони бераҳмтарини хурдсол ҷамъоварӣ карда шудааст, ки бо дидани он кас ба даҳшат меафтад. Ҳарчанд ба ин бовар кардан мушкил аст, аммо одамкушони хурсол, ки бузуртаринашон ҳамагӣ 15 сол доранд бо ваҳшонияти хоса аз моиндар сар карда то духтарчаву писарчаи ҳамсоя ва ҳатто паду модари хешро бераҳмона ба қатл расонидаад.

  • 23.11.2017

Ашт: Қатли падар аз ҷониби писар (Видео)

Дар ноҳияи Ашт як марди 42-сола бо гумони куштани падари 86-солааш дастгир шудааст. Вазорати дохила мегӯяд, ин мард шоми 21 ноябр дар ҷараёни як муноқишаи оилавӣ бо асо ба сари мӯсафед задааст. Падари кӯҳансол дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст. Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23 ноябр аз ошкор шудани боз як ҷинояти мудҳиш […]

  • 23.11.2017

Фараҳманд ба Душанбе меояд!

Сарояндае, ки дар фосилаи ками вақт дар замири хурду калон маъво гирифт ва бо сабку услуби хос ва сурудҳои маҳбуби ҷавонон «Оҳанги дили зори ман», «Фарёди бесадо» ва «Булҳавас наям» — у «Дарди ҷонкоҳ»- қуллаи баланди санъати тоҷикро тасхир кардаанд. Инак бо дархости зиёди мухлисонаш Фараҳманд Каримов ба Душанбе меояд. Ба мухлисони савту наво расониданием, […]

  • 23.11.2017

Духтарони синфҳои болоӣ ва донишҷӯдухтарон аз санҷиши бакорат мегузаранд

Мақомоти маорифи Самарқанд духтарони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни коллеҷҳои вилоятро ба таври иҷборӣ аз санҷиши духтури занона гузаронданд. Ба иттилои як корманди ҳукумати вилояти Самарқанд, ин тасмим ба хотири ифшои духтароне гирифта шуд, ки аллакай робитаҳои ҷинсӣ доранд. Ба гуфтаи манбаъ, «аксари вақт духтарони ҷавон ҳангоми аз даст додани бакорат ё ҳомила шудан […]

Дин 0
  • 23.11.2017

Шитобед! Шабнаму Фарзона дар Хуҷанд консерт медиҳанд

Нархи расмии билетҳои ду консерти овозхонҳои шинохта Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд 100 ва 200 сомонӣ муқаррар шудааст. Вале мухлисон мегӯянд, ки билетҳоро аз даст алакай бо нархи 300 сомонӣ мехаранд. Ин ду консерти Шабнаму Фарзона дар Хуҷанд рӯзи 2 декабр баргузор мешавад. Рӯзи 2 декабр, соатҳои 12 ва 16 […]

  • 23.11.2017

Пардохти нафақаи 3580 нафар муваққатан боздошт шуд

Дар Тоҷикистон додани нафақа ба беш аз 3,5 ҳазор нафар, ки аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд, боздошта шуд. «Аз теъдоди умумии нафақагирон дар асоси Фармоиши муштарак байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк», пардохти нафақаи 3580 нафар муваққатан боздошт шуда, онҳо дар муоинаи такрории […]

  • 23.11.2017

Қоҳир Расулзода бо Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир мулоқот кард

Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир мулоқот кард. Дар мулоқот вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт ва сайёҳӣ табодули назар карда шуд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода соли 2017-ро соли ҳамкориҳои мутақобилан […]

  • 23.11.2017

Ҳаво имрӯз абриву бебориш мешавад

Имрӯз, 23 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. […]

  • 23.11.2017

Сайри бозори асъор

Имрӯз, 23 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА   аз 8.8100 то 8.8300 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.3400 то 10.5300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1465 то 0.1520 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 23 ноябр қурби […]

  • 23.11.2017

Зинаи 5-уми Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабук

Тибқи иттилои сомонаи all-athletics.com  чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабуки ИААФ миёни гурзандозон мақоми 5-умро ишғол мекунад. Дар зинаи аввали рейтинг Павел Файдек — 1362 имтиёз, зинаи дуюм Войсех Новитский — 1288 имтиёз (ҳарду аз Лаҳистон), ҷойи сеюм Квентин Бигот — 1256 имтиёз (Фаронса) ва мақоми чорум Валерий Пронкин — 1249 имтиёз […]

  • 23.11.2017

Русия: Муҳоҷири тоҷик ба корманди ФСБ ҳамла кард (Видео)

Шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Муртазо Маҳмудзода рӯзи 22 ноябр бо иттиҳоми ҳамла ба як афсари ФСБ дар даромадгоҳи бинои ин идора дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуд. Далели ин ҳамла маълум нест, вале дар як моҳи охир ин алакай сеюмин мавриди ҳамлаи муҳоҷирони тоҷик ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аст. Рӯзи 22 ноябр як мард вориди […]

App Banner