• 19.05.2019

Селаи шоҳпаракҳо мардумро ба воҳима андохтааст

Имрӯз селаи шоҳпаракҳо шабеҳи селаи малах дар шаҳри Душанбе пайдо шуда ва миёни сокинон як навъ биму ҳаросро ба миён оварданд.

  • 17.05.2019

Идораи ҳавошиносӣ: Селу жола дар назар аст

Бино ба маълумоти Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон интизор меравад дар ду рӯзи оянда, яъне, рӯзҳои 17-19 май борандагии шадид ба амал омада ва дар манотиқи кӯҳистонӣ сел ҷорӣ шавад.

  • 27.11.2017

«Ҳаёти зан бе зӯроварӣ»

Нисфирӯзии 27 ноябри соли  равон Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии зӯроварӣ нисбат ба занро бо доир намудани вохӯрии футбол байни мунтахаби занони Тоҷикистон  ва дастаи мардонаи сафорат таҷлил кард. Вохӯрӣ таҳти унвони  «Ҳаёти зан бе зӯроварӣ» сурат гирифт. Қабл аз вохӯрӣ кордори муваққатии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт ба иштирокчиёни мусобиқа, мухлисони ҳар […]

  • 27.11.2017

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон дар конфронси кореягиҳо иштирок кард

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов дар конфронси илмӣ-амалии «Кореягиҳои Тоҷикистон: 25 солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 80-солагии истиқомати кореягиҳо дар қаламрави Тоҷикистон» иштирок намуд. Конфронс 24 ноябри соли 2017  аз ҷониби Ассотсиатсияи кореягиҳои шӯравии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи омӯзиши мушкилоти кишварҳои Осиё […]

  • 27.11.2017

Нахустин фармони президент

Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков бо имзои нахустин фармони худ ба президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев унвони «Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро дод. Ба огаҳии дастгоҳи президенти Қирғизистон, ин унвон ба Отамбоев барои «хидматҳояш дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар кишвар, гузоштани заминаҳои рушди устувори Қирғизистон, изҳори иродаи сиёсӣ ва мардонагӣ» тақдим гашт. […]

Дин 0
  • 27.11.2017

Мусобиқаҳое, ки ҳамаро ғолиб кард

24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои варзишӣ баргузор шуд. Бинобар  иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар веломарафон ва дави миллӣ, ки дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – аз чорроҳаи назди Боғи «Хайём” (гардиши «Товус”) то “Наврӯзгоҳ”  дар масофаи 3,5 километр сурат гирифт, беш аз […]

  • 27.11.2017

Суғд: Ҷарроҳи машҳурро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон духтури ҷарроҳи қалб Абдумалик Саломов ва ду шарики ӯро барои иртибот бо созмони мамнӯи «Салафия» гунаҳгор ва ӯро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард. Ду шарики дигари ин табиб ба 5,5 ва 5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин хабарро ба Радиои Озодӣ рӯзи 27 ноябр масъулини додгоҳи шаҳри Хуҷанд […]

  • 27.11.2017

Рамзан Қодиров омода аст аз мансаб равад

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар мусоҳибаи барномаи «Чеҳраҳои кунунӣ» дар шабакаи «Россия 1» гуфт, омодааст, аз мансаб канор равад, зеро ба гуфтааш, «замони он фаро расид». «Метавон гуфт, ин орзуи ман аст. Роҳбари минтақа будан ва масъулияти мардум, масъулияти кишварро назди Худо, назди роҳбарияти давлат ва албатта назди мардум иҷро кардан — хеле душвор аст», […]

  • 27.11.2017

Дар велосипедронию дав ҳама ғолиб омаданд

24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои варзишӣ баргузор шуд. Бинобар  иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар веломарафон ва дави миллӣ, ки дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – аз чорроҳаи назди Боғи «Хайём” (гардиши «Товус”) то “Наврӯзгоҳ”  дар масофаи 3,5 километр сурат гирифт, беш аз […]

  • 27.11.2017

Фарҳод Дарёевро аз донишгоҳ ронданд

Дар пайи занозании як гурӯҳ аз донишҷӯён дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мудири факултаи таъриху ҳуқуқ ва муовинаш аз мақомҳои худ барканор шудаанд.  Мақомоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи 26-уми ноябр гуфтаанд, ки занозанӣ ду ҳафтаи пеш рух дода, тасмими барканориро баъд аз санҷиши ҳодиса гирифтанд. Онҳо мудири факултаи таъриху ҳуқуқ Гулчеҳра Муродова ва муовинаш дар умури […]

  • 27.11.2017

Нозӣ Карим- Афғонистон

Туҳӣ … Нигоҳ мекунам, Ба чавкии муқобили миз. Ба бодбезани дар сақф, Ва яккакабутари сафед. Миёни улоғҳо, Нигоҳ мекунам, Ба дарвозабони канори дар, Ба омӯзгор дар синф. Ба донишомӯзаш рӯйи нимкат, Нигоҳ мекунам, Ба канори худ, Ба рост, ба чап, боз ба рост. Ба осмон, Ба чаҳор буъди туҳӣ. Ин ҷо канори ман, Дар синаи […]

  • 27.11.2017

Сехи ҳасиббарорӣ бо гӯшти хар

Дар Ӯзбекистон зидди ду шахсе, ки аз вилояти Хоразм ба сехи ҳасиббарории «Шаршара»-и шаҳри Тошканд 69 кило гӯшти хар овардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Зидди кормандони сех низ, ки гӯшти харро ҳамчун гӯшти гов қайд кардаанд, тафтишот оғоз шудааст. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тошканд гуфт, 21 ноябр дар натиҷаи як санҷиш муайян карда […]

  • 27.11.2017

Ҳавои сард ва барфу борон дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 27 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, боридани борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ба истиснои ВМКБ борони шиддатнок пешгӯӣ мегардад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст шавад. Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 27 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрнок ва […]

  • 27.11.2017

Сайри бозори асъор

Имрӯз, 27 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА   аз 8.8100 то 8.8300 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.4200 то 10.4500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1485 то 0.1510 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), 27 ноябр қурби […]

  • 27.11.2017

Масҷидро тарконданд

Рӯзи 24 ноябр бар асари ҳамла ба масҷиди Ал-Равда дар шаҳри Бир-ал-Обид дар нимҷазираи Синайи Миср беш аз 50 нафар кушта ва ҳудуди 75 тан захмӣ шудаанд. Силоҳбадастон бо бомбу силоҳҳои оташфишон ҳангоми намози ҷумъа, вақте ки масҷид пуродам буд, ҳамла кардаанд. Шоҳидон мегӯянд, афроди мусаллаҳ аз чор мошини «Ҷип” болои намозгузорон дар масҷиди шаҳри […]

App Banner