• 15.12.2017

18 мартро рӯзи интихоботи президентии Русия

Шӯрои Федератсия 18 мартро рӯзи интихоботи президентии Русия таъйин кард. 160 узви палатаи болоии порлумони Русия аз ин қарор ҷонибдорӣ карданд. Қарори Шӯрои Федератсия 18 декабр нашр ва қуваи қонунӣ пайдо хоҳад кард. Ба ин тартиб, расман аз рӯзи 18 декабр маъракаи пешазинтихоботии президентӣ шуруъ мешавад. Ин маънои онро дорад, ки довталабон метавонанд барои сабти […]

  • 15.12.2017

44 зан дар паногоҳи муваққатии 14 шабонарӯзӣ

Танҳо дар давоми соли 2017 ба  Созмони занони “Гулрухсор”,  ки  ба занони хушунатдида ёрии ҳуқуқию психологӣ мерасонад ва муддати 14 шабонарӯзӣ  бо паногоҳ таъмин мекунад, 1800 нафар муроҷиат кардаанд, ки шумораи умумии муроҷиаткунандагонро занҳо ташкил медиҳад. Инчунин марказ ба 44 зани дар оила хушунатдида ва 23 кӯдаки онҳо  паноҳгоҳи муваққатӣ додааст. Занҳо бештар ба кадом […]

  • 15.12.2017

Ҳасиб ҷони Умаралиро рабуд?

Рӯзи 13 декабр баъд аз истеъмоли ҳасиб аъзои як хонавода дар ҷамоати М. Вайсов, деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон заҳролуд шуданд. Яке аз онҳо — Умаралӣ Давлатови сесола – дар бемористон аз дунё чашм пӯшид. Сафаралӣ Давлатов, падари фарзандон дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт: «Мисли ҳамешагӣ барои фарзандонам аз мағозаи деҳа ҳасиб харидорӣ намудаму […]

  • 15.12.2017

Аз занҳои холдор гурезон шудам-мегӯяд Аҳлиёр

Зани якумамро бо сабаби дар баданҳояш холҳои зиёд доштанаш талоқ дода будам. Қариб се сол сари танҳо гашта, баъд бо маслиҳати дӯстонам аз нав хонадор шудам. Зани дуюмам духтараки 18-солаи хеле зебо буд, вале дар шаби аввали зиндагиамон аён гашт, ки бадани мисли булӯр зебояш пур аз хол аст. Табъам хира шуд. Бо  зани холдор […]

  • 15.12.2017

Арзиши гази моеъ ба 4 сомонӣ расидааст

Дар Душанбе арзиши гази моеъ, ки 60 дарсади мошинҳои сабукрав аз он истифода мекунанд дар ҳафтаи равон аз 3,40 сомонӣ ба 4 сомонӣ расидааст. Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди назораткунандаи нархи бозор мегӯянд, нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ гази моеъ аз ҳама зиёд талабот дорад ва маҳз бо ин сабаб он дар кишвар камчин шудааст. Дар […]

  • 15.12.2017

«Шикастнопазир»-и Ҷайҳун Насимӣ дар Ҳолевуд

«Пеш аз ҳама, хушбахт аз он мебошам, ки тоҷикам. Бо боварӣ мегӯям, ки маҳз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо, ҷавонон имкон фароҳам овард, то ба таҳияи филмҳои сатҳи ҷаҳонӣ шурӯъ кунем». Ин матлабро муаллифи филми «Шикастнопазир» Ҷайҳун Насимӣ пеш аз оғози намоиш дар толори «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма […]

  • 15.12.2017

Аввал каллабозӣ, баъд футбол пайдо шуд!

Ҳар сол санаи 10 декабр ба таври расмӣ набошад ҳам, Рӯзи байналмилалии футбол (World Football Day), таҷлил карда мешавад. Бад-ин минвол ҷомеаи байналмилалӣ эҳтироми хосаи худро ба ин намуди варзиш, ки барои миллионҳо нафар натанҳо бозӣ, балки тарзи ҳаёт гаштааст, зоҳир менамояд. Дар бораи таърихи пайдоиши ФУТБОЛ ақидаҳо гуногунанд. Муаррихон дар бораи ин намуди тӯббозӣ […]

  • 15.12.2017

Ихтисосҳои нав кушода шуд:«Устои коркарди пластика»…

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  ва бо иштироки роҳбарони вазорату  кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ  дар мавзӯи  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» «Соати парлумонӣ» баргузор шуд. Дар ин  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии […]

  • 15.12.2017

«Шералӣ Мӯсо» (Лионел Месси)

 дар як сония ба арзиши 2,2 евро футбол мебозад Бошгоҳи «Барселона» бо ҳамлагар ва нишонзани рақами 1-и даста Лионел Месси барои то соли 2021 дар ҳаҷми 450 миллион евро шартнома ба имзо расондааст. Ба ин маблағ бонуси имзоии Лео (100 млн), маоши 70 млн евро барои ҳар як сол, инчунин маблағҳои пӯшонидани ҷаримаҳои андоз дохил мебошанд. […]

  • 15.12.2017

«Помирэнерҷӣ» дарси шоҳмотро дар мактабҳои Бадахшон ҷорӣ кард

Мусобиқаи шоҳмотбозони беҳтарини Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барои соҳиб шудан ба Ҷоми Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шарқ Ко» дар меҳмонхонаи «Сирена»-и шаҳри Хоруғ ба анҷом расид. Сардовари мусобиқа Вафо Нурмамадов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, ки  дар мусобиқа 60 нафар шоҳмотбозон ширкат намуданд. Ҷолибтар  он аст, ки дар мусобиқаи  имсола шоҳмотбозон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва […]

  • 15.12.2017

100 миллион доллар қарз ба соҳибкорон

Ӯзбекистон ният дорад, ба соҳибкорони Қирғизистон 100 миллион доллар қарз бидиҳад. Дар ин бора вазири иқтисоди Қирғизистон Артем Новиков хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои воридоти маҳсулоти ӯзбекӣ ҷудо мешавад. «Ҳамаи қарзи мазкур тавассути муассисаҳои молӣ мегузарад, ҳукумат дар мавриди ин қарзҳо ҳеч масъулияте нахоҳад дошт. Ба ҷуз ин, ҷузъиёти қарз миёни ду […]

  • 15.12.2017

Оғози «бӯҳрон»-и навбатии ғизоӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ахиран комисияи таъмини амнияти ғизоӣ ташкил кард. Ин тасмими ҳукумат дар ҳоле қабул шуд, ки дар кишвар орд камчин ва маҳсулоти ғизоӣ гарон шудааст. Дар пойтахти Туркманистон камчинии тухми мурғ низ мушоҳида мешавад. «Дар бозорҳо маҳсулоти ғизоӣ ҳамарӯза гарон мешавад, ба ҷуз ин арзиши хизматрасониҳои комуналӣ, барқу газу об ҳам боло […]

  • 15.12.2017

БДА овозаҳои тонировкаи маҷбӯриро беасос хонд

Овозаҳои ҷойдошта миёни соҳибони воситаҳои нақлиёт доир ба аз аввали соли оянда ҷорӣ шудани сиёҳкунии ҳатмии шишаҳои автомашина асоси воқеӣ надоранд. Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шуъбаи таблиғоти РВКД ВКД Наргис Тӯйчиева изҳор намудааст, ки гуфтугузорҳо дар бораи маҷбуран ҷорӣ кардани сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо (тонировка) «як овозаи беасосе беш нест». «Доир ба ҳама гуна навгонӣ […]

  • 15.12.2017

Имрӯз ҳаво абриву бебориш мешавад

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3. Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад. Ҳарорат: дар […]

  • 15.12.2017

Сайри бозори асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА —  8.8231 сомонӣ; 1 евро – 10.4466 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1502 сомонӣ.