• 25.12.2017

986,534 тонна ёрии гуманитарии Қазоқистон

23 декабри соли равон дар Маркази барқию гармидиҳии шаҳри Душанбе маросими супурдани ёрии гуманитарии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин ёрии  гуманитарӣ аз 986,534 тонна мазут иборат буда, барои  фаъолтар гардидани кори Маркази барқию гармидиҳии шаҳри Душанбе дар мавсими зимистони равон пешбинӣ шудааст. Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов иброз намуд, ки  ёрии […]

  • 25.12.2017

Лидерони майхора аз Елтсин то Набиев

Барои ин сарварони давлатҳо майнӯши шуғли писандидатарин ва ҳатто одати муқаррарӣ гашта буд. Шиорашон гӯё ҳамон суханони машҳури суруди классикӣ буд: «Май бошаду ман бошаму вай!». Онҳо ширакайфу махмур дар назари халқ пайдо шуда, хандахариш мешуданд, дар бораашон латифаҳо мебофтанд.   Коняки ноштоии сарвари Еврокомиссия Таблоиди (расонаи) Британия «The Sun» иттилоъ паҳн карда буд, ки […]

  • 25.12.2017

Президент вазири корҳои дохилиро хиёнаткор хонд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар паёми солонааш ба парлумон вазири собиқи корҳои дохилӣ Адҳам Аҳмадбоевро ба хиёнат айбдор кард ва гуфт, ки Аҳмадбоевро барои хиёнат ва пайвастан ба як гурӯҳ аз рутбаи генерал-лейтенант маҳрум кардааст. Аҳмадбоев моҳи январ аз мақоми вазири дохила барканор ва мушовири президент таъйин шуда буд. Шавкат Мирзиёев,президенти Узбекистон дар паёми солонааш […]

  • 25.12.2017

Исфара: Зан ҳамхонаи русашро бо корд зад

Бино ба маълумоти ВКД, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини шаҳри Исфара, миллаташ қирғиз, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 24-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 01:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамзисташ, марди 53-сола, миллаташ рус, машрубот истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи […]

  • 25.12.2017

Тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд. Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов  хабар додааст, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи қонуни мазкурро раиси кумитаи […]

  • 25.12.2017

Дар Панҷакент Афсаҳзодро посбони посбонон карданд

Чанд сол боз нимпайкараи яке аз бузургони адабиёти тоҷик, профессор, доктори илмҳои филологӣ, адабиётшинос, Аълохон Афсаҳзод дар шаҳри Панҷакент дар як ҷои назарногир гузошта шудааст.Пеш аз ин нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод дар як боғи канори бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент гузошта шуда буд, аммо соли 2008 қисме аз ин боғро барои сохтани майдони Исмоили Сомонӣ вайрон намуданд ва он вақт нимпайкараро […]

  • 25.12.2017

Президент 2 ҳазору 746 нафарро аз мақом барканор кард

Мақомоти Туркия дар идомаи маъракаи «поккорӣ»-и худ, ки баъди кӯшиши табаддулоти нокоми давлатии соли 2016 роҳандозӣ шудааст, 2 ҳазору 746 хидматчии давлатии дигарро бо гумони даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ аз мақомҳояшон барканор карданд. Қарори барканории онҳоро ҳукумати Туркия 24 декабр содир кард. Дар миёни барканоршудаҳо 637 низомӣ, 360 маъмури пулис ва 150 донишманду корманди […]

  • 25.12.2017

«Дар муддати 10 рӯз вазоратро аз кормандони беинсоф пок намоед!»

Охири ҳафтаи гузашта якбора 50 нафар мансабдор аз вазифаҳояшон дар Вазорати молияи Ӯзбекистон озод карда шуданд. Бино ба итилои нашрияи Kun.uz, аз ҷумлаи роҳбарони сатҳи болоӣ аз сардори департаменти  сиёсати андозу гумрук Ирина Голишева ва департаменти методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Шарофиддин Ҳайдаров ном бурда шуда, ҳамчунин ду нафар муовинони сардорони департаментҳо низ аз мансаб сабукдӯш […]

  • 25.12.2017

Аввал бой шав, баъд ба Ҳаҷ меравӣ…

Масъулони бахши дин дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамакнун ҳақ доранд, дархости ашхоси камбизоат ва ҳамаи онҳоеро, ки ба назари масъулини дин, «вазъи иҷтимоиаш хуб нест», барои адои маносики ҳаҷҷ, рад кунанд. ​ Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин ҳарчанд ин тасмимро ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон арзёбӣ мекунанд, аммо огоҳон мегӯянд, […]

  • 25.12.2017

  Ҷугизан шавҳарашро кушт

Шоҳсанам Баҳронова ном  ҷугизани  22-солаи шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  шавҳари 22-солааш Ҷонибек Остоновро бо зарби корд кушт. Ин ҳодиса бегоҳии санаи 4. 12. 2017  рух дода, ба қавле ҳамон бегоҳ аҳли авлоди шавҳар ба ҷои хӯроки шом заҳар хӯрдаанд.  Куштори шавҳар аз ҷониби ҳамсар дар пайи ҷанҷоли оилавӣ   ба амал омада боиси фавти Остонқулов […]

  • 25.12.2017

Донишкадаи идоракунии давлатӣ соли ҷавононро ҷамбаст кард

Бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода дар бораи дастовардҳои ҷавонони Донишкада дар Соли ҷавонон чунин иброз дошт: «Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 барои ҷавонон роҳу имкониятҳои нав фароҳам оварда, таваҷҷуҳ ба ин табақаи ҷомеа […]

  • 25.12.2017

Пулчинӣ дар Қараболо кори кист?

«ПР ГАП НАЗАН. ГАПА КАМ КН. ҲАМА ПЛ МЕТИЯН ТЫ ЧУВА НАМЕТӢ?»Корафтодагон мегӯянд, дар даромадгоҳи биноҳои рақами 2,4, 6 ва 8-и бемористони Қараболо аз ҳар нафаре ки вориди бино мешавад, сарфи назар аз онки мариз аст, ё ба аёдати касе омадааст, 10 сомонӣ пул мечинанд. Пулчинакҳо ба мардум ягон хел чек намедиҳанд ва маълум нест, […]

  • 25.12.2017

Кучеренкоро аз ҳабс озод карданд

Дар Туркманистон фаъоли маданӣ ва ҳомии ҳайвонҳо Галина Кучеренкоро шаби 22 декабр баъди 15 рӯзи ҳабс аз боздоштгоҳ озод карданд. Дар ин бора наздикони Кучеренко иттилоъ доданд. Кормандони пулис 7 декабр ба хонаи Кучеренко, дар шаҳри Ишқобод омада, ӯро ҳамроҳи духтараш — Валерия нахуст ба шуъба ва баъдан ба додгоҳ бурданд. Он рӯз Валерияро дар […]

  • 25.12.2017

Суғд: Мард ҳамсар ва духтарчаи ноболиғашро корд зада кушт

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса менависад, марди 42-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, устои таъмири хона шабона дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 36-сола ҷангу ҷанҷол карда, аввал бо корд 17-маротиба ба узвҳои бадани занаш ва сипас 6 маротиба ба узвҳои бадани духтари 8-солааш зарба задааст, ки дар натиҷа, зан ва фарзанди […]

  • 25.12.2017

Духтараки ҳисорӣ худашро ба дарё партофт, вале…

Як ҳодисаю сад гумон Сокини шаҳри Ҳисор Комила Асоева худро  аз болои пул ба дарёи бе об партофт ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона афтид.  Кӣ ё чӣ ин духтараки 17-соларо ба қасди худкушӣ намудан водор сохт? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, мо роҳи Ҳисорро пеш гирифтем.  Раҳораҳ бо чанд нафар сокинони ноҳияи […]