• 17.06.2019

Муроҷиати духтари Гулнора Каримова ба мақомоти Ӯзбекистон

Имон Каримоваи 21-сола, духтари Гулнора Каримова бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли Ӯзбекистон дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш фишор меорад.

  • 15.06.2019

Эмомалӣ Раҳмон: Зуҳуроти ифротгароию терроризм дар Осиё афзоиш ёфтааст

Президенти Тоҷикистон афзоиши зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро таҳдиде ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ унвон кард.

  • 04.01.2018

Ноҳияҳое, ки “Китоби  Сурх”-ро намедонанд гӯшмол гирифтан

Ба иттилои   сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти  Суғд  Темурҷон  Нӯмонзода давоми соли 2017 дар асоси нақшаи кории Раёсат аз тарафи нозирони шуъба фаъолияти Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Ашт ва Истаравшан санҷида шуд. Дар натиҷаи санҷиш 2 адад санадҳои санҷишӣ, 3 адад санадҳои азназаргузаронӣ, 4 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 2  адад амрнома тартиб дода […]

  • 04.01.2018

Сӯхтор боиси марги 9 тоҷику хитоӣ гашт (Ведио)

Субҳи 4 январ бар асари сӯхтор дар як корхонаи тавлиди пойафзол дар канори шаҳри Новосибирски Русия дастикам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин фабрика ба шаҳрвандони Чин тааллуқ дошт ва ҳамаи қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чин мебошанд. Корхонаи пойафзолбарории муттааллиқ ба шаҳрвандони Чин дар шаҳраки Чёрнореченск дар ноҳияи Искитими вилояти Новосибирски Русия […]

  • 04.01.2018

Мирзиёев ҳамаи сафирони Ӯзбекистонро аз кор пеш мекунад

Тибқи хабари  портали «New Epoch», президенти Ӯзбекистон Шакат Мирзиёев дар як нишасти  видеоӣ бо сафирони кишвараш  изҳор дошт, ки онҳоро аз вазифа сабукдӯш мекунад Зеро аксарашон пораахурва корррупсионер мебошанд. Мирзиёев гуфт, ки дар баъзе лоиҳаҳои сармоягузорӣ қариб нисфи ҳамаи маблағҳо дар киссаи  ришвахорон  қарор мегиранд.  Фасод дар Ӯзбакистон,махсусан дар соҳаи дипломатия   дар сатҳи баланд қарор […]

  • 04.01.2018

Танҳо ширкатҳои мобилӣ метавонанд симкорт фурӯшанд

Минбаъд дар Тоҷикистон танҳо ширкатҳои мобилӣ ҳаққи фурӯши симкортро доранд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, бо ин роҳ мехоҳад бозори фурӯши симкортҳоро танзим кунад. Як масъули Хадамоти алоқа рӯзи 4-уми январ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷозатномаи ҳамаи дилерон ё миёнаравҳо барои фурӯши симкортҳо бозхонд шуда, онҳо феълан иҷозаи фурӯши онро надоранд. […]

  • 04.01.2018

Чин ба Кореяи Шимолӣ кумаки низоми мекунад

Чин ба Кореяи Шимолӣ афзоиши кӯмакҳои низомӣ, бо шумули воридоти мушакҳои навъи миёна ва дурпарвозро пешниҳод кард. Ин пешниҳод ба шарте ироа шудааст, ки агар Пхенян аз идомаи озмоиши силоҳи ҳастаӣ худдорӣ кунад. Санади пешниҳодӣ муҳри махфӣ дорад ва онро Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин рӯзи 15 сентябр, 12 рӯз баъди озмоиши ҳастаии зеризаминии Кореяи […]

  • 04.01.2018

Зуля Раҷабова: Моҷарои сагона дар Осиёи Миёна

  «Битва экстрасенсов»-ин барномаи шабакаи телевизионии ТНТ мухлисони зиёде дорад, зеро дар он соҳирон ва ғайбдонҳои машҳур иштирок намуда, сиру асрори махфии одамонро фош карда, асрори куштор ва ҷиноятҳои солҳои пеш содир шударо мекушоянд. Соли 2018 дар дунё чӣ ҳодисаҳо рӯй медиҳанд?- Журналистони рус бо ин савол ба ғайбдонҳои машҳуртарини барномаи мазкур муроҷиат намуданд. Экстрасенс Алена […]

  • 04.01.2018

Имомхатибони «бесавод»-ро аз вазифа ронданд

Дар пайи анҷоми имтиҳони солонаи имомхатибони масҷидҳо ҷомеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби комиссияи Кумитаи дин ва Шӯрои уламо анҷом шуд, аз 265 имомхатиб даҳҳо нафар аз мақомҳояшон барканор шуданд. Мақомот ҳанӯз шумораи дақиқи барканоршудаҳоро нашр намекунанд. Санҷиши имомхатибон охири соли 2017 анҷом шуд ва натиҷаҳои он ба худи онҳо ҳам дар рӯзҳои аввали соли нав […]

  • 04.01.2018

“Бибии Барфи”-и накӯкор

Турсуной Зокирова  дили 200 кӯдаки ятимро шод гардонд Бобои Барфӣ зӯртар ё Бибии Барфӣ? Кӯдакон бо беқарорӣ омадани Соли навро интизорӣ мекашанд, зеро танҳо дар ин иди фараҳбахш Бобои Барфӣ аз роҳи дур, аз пушти куҳҳои пурбарф бо халтаҳои пурбор ба табрики бачаҳои доно меояд. Дар бораи каромотҳои Бобои Барфӣ ҳамагон зиёд шунидаанд ва мо […]

  • 04.01.2018

Сайри бозори асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА —  8.8126 сомонӣ; 1 евро – 10.5883 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1533 сомонӣ. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 1963 – Таъсиси шаҳри Қайроққум (феълан дар ҳайати вилояти Суғд). 1964 – Дар корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе намунаи аввалини яхдони «Помир» истеҳсол шуд. 2011 — Дар натиҷаи амалиёти махсус […]

  • 04.01.2018

Пешгуиҳои Ванга ва Нострадамус дар бораи соли 2018

  Дар дунё одамоне буданд ва ҳастанд, ки бо қобилиятҳои нодирашон ҳамагонро дар ҳайрат гузоштаанд. Ин тоифаро кароматпеша мегӯянд. Инак, чанд пешгӯии кароматпешагони машҳуртарини олам-Нострадамус, Павел Глоба ва Вангаро пешкашатон месозем. Аз рӯйи гуфти ин экстрассенҳои шуҳратманд, соли 2018 буҳрони иқтисодӣ ҷаҳонро саросар фаро гирифта, дар тамоми олам танҳо ду намуди асъор: рубл ва евро […]

  • 04.01.2018

Садама боиси марги 10-нафар гашт

Матбуоти Русия менависад, ки дар пайи ба ҳам бархурдани ду мошин дар минтақаи мухтори Хантӣ-Мансииск 10 нафар, бо шумули 4 кӯдак, ҳалок шуд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли сухангӯи пулиси роҳ гуфт, ки садамаи нақлиёт рӯзи 3 январ дар шоҳроҳи Ниягани Хантӣ-Мансииск ба вуқӯъ паваст. Мақомот мегӯянд, ки мошини Mazda 6 ва Renault Duster бо ҳам […]

  • 04.01.2018

«Разбор»-тоҷикон ба тирпаронӣ анҷомид

Шаби 2 ба 3 январ дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав байни як гурӯҳи бузурги тоҷикҳо ва зодагони Озарбойҷону Доғистон занозании шадида ба вуқӯъ пайваста, ҳатто ба тирпарронӣ печидааст. Як соҳибкори тоҷик дар Пушкино аз рэкети қафқозиҳо ба ҷон омада, ҳамватанҳои худро аз шаҳрҳои дигар ба кумак даъват кардааст. Тасфияҳисоб (разбор)- и байни тоҷикҳо ва зодагони […]

  • 04.01.2018

Диёрбек “бор”-и 800 доллараи “Тоҷик Эйр” шуд

Дилноза Каримова барои интиқоли ҷасади писари шашсолааш Диёрбек аз Деҳлӣ то Душанбе ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр” 800 доллар пардохт кардааст. Ин дар ҳолест ки бар асоси дастури Президент, ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла «Тоҷик Эйр” ҷасадҳои шаҳрвандони тоҷики дар хориҷа фавтидаро бояд бепул биёранд. Барои интиқоли ҷасади Диёрбек Аминҷонов, писари шашсолаи овозхони маъруф Дилноза Каримова аз Деҳлӣ то […]

App Banner