• 23.05.2019

Нони ӯзбекӣ ба феҳристи ЮНЕСКО шомил мешавад?

Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба ҷониби Ташкилоти СММ оид ба маориф ва фарҳанг ё ЮНЕСКО дар мавриди ба феҳристи мероси моддий ва ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил кардани нони ӯзбекӣ пешниҳод ирсол кардааст.

  • 22.05.2019

Боздошти қассобон бо гӯшти ҳаром

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 қассоби ҳамин вилоятро ба ҳангоми фурӯши гӯшти ҳаром дастгир кардаанд.

  • 11.01.2018

Барфу боди шадид фаъолияти фурудгоҳро қатъ кард

Бар асари барфу боди шадиди шаби гузашта фурудгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон пешвоз ва гусели мусофиронро муваққатан қатъ кард. Дар натиҷа даҳҳо парвози дохиливу хориҷӣ бекор ё ба таъхир гузошта шуд. Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон ба мусофирон тавсия додааст, ки барои гирифтани маълумот дар бораи парвозҳо ба телефонҳои боварии ширкатҳои ҳавопаймоӣ занг зананд. Ҳаракати нақлиёт дар […]

Дин 0
  • 11.01.2018

Масъалаи сафари бевиза байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳал мешавад

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон барои ҳалли масъалаи раводид ва қитъаҳои баҳсноки марзӣ, аз ҷумла нирӯгоҳи Фарҳод ба тавофуқ расидаанд.  Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ гуфтааст, ки ба зудӣ санад «Дар бораи равуои шаҳрвандон» имзо хоҳад шуд, ки бар асоси он сокинони ду кишвар ҳақ доранд бе виза як моҳ дар қаламрави якдигар бигарданд. […]

  • 11.01.2018

Мурдаи бесоҳиби муҳоҷир маълум гашт

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, марде, ки ҷасадаш рӯзи 8 январ дар ҳудуди як ҷамъияти боғдории шаҳри Красноармейски вилояти Маскав ёфт шуд, зодаи шаҳри Панҷакент Абдуллоев Орзиқул Маҷидович, санаи таваллудаш 15.01.1976 мебошад. Пулис мегӯяд, дар бадани ин муҳоҷири тоҷик ягон осори марги маҷбурӣ мушоҳида нашудааст. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 10 январ ба […]

  • 11.01.2018

Сайрамбӣ Достиева чаро сирко хӯрд

Додситонии шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги Сайрамбӣ Достиеваи 57-сола оғоз кард, ки пас аз нӯшидани сирко ба ҳалокат расидааст. Ин зан рӯзи 6-уми январ пас аз се рӯзи бистарӣ шудан дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расид. Як манбаъ аз Додситонии Кӯлоб рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби марги Сайрамбӣ Достиева […]

  • 11.01.2018

Додгоҳ: Абдуваҳоб Маҷидовро ба ҳабс нагиред!

Додгоҳи минтақаи Черёмушкинои шаҳри Маскав рӯзи 10 январ шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Абдуваҳҳоб Маҷидовро барои 10 рӯз ба ҳабс гирифт. Додгоҳ гуфт, Маҷидов бо вуҷуди онки аз ҳаққи ронандагӣ дар Русия маҳрум гашта буд, дар Тоҷикистон барои худ бо як номи нав шиноснома ва ҳуҷҷати ронандагӣ сохтааст. Маҷидов ду рӯз пеш дастгир шуд. Додгоҳи минтақаи Черёмушкинои […]

  • 11.01.2018

Таҷовуз ва куштори духтари 8-сола ба куштор овард

Таҷовуз ва куштори духтараки 8-сола Тазоҳургарони  покистониро  ба хашм оварда буд ва онҳо ба идораи пулис ва як муассисаи давлатӣ ҳамла кардаанд. Дар натиҷа ду нафар кушта шуд. Чуноне Мақоми аршади пулис Имрон Хон гуфтааст, ҳамлаи мардум ба идораи пулис дар ноҳияи Касури Вилояти Пунҷоб сурат гирифт. Як мақомдори дигар ба суоле, ки оё ҳалокати […]

Дин 0
  • 11.01.2018

Дар Душанбе боридани борон дар назар аст

Имрӯз, 11 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид ва тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд. Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон ва фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб […]

  • 11.01.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 11 январ  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8184 сомонӣ, 1 евро = 10.5927 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1547 сомонӣ. Имрӯз, 11 январ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 […]

  • 11.01.2018

Як кӯчаи марказиро ба номи президент гузоштанд

Вакилони маҳаллии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ аз пешниҳоди табдили ном кардани хиёбони Остона ба номи президент Нурсултон Назарбоев ҷонибдорӣ карданд. Раиси бахши ҳизби «Нур Отан» дар шаҳри Чимкент Умирзоқ Мелдехонов гуфт, ташаббуси ба номи президент гузоштани яке аз кӯчаҳои марказиро вакилони маҳаллӣ ва комисияи доимии маҷлиси маҳаллӣ рӯи даст гирифтанд. Вакилоне, ки дар ҷаласаи баррасии масъалаи мазкур […]

Дин 0
  • 11.01.2018

Чаро Достиева худро кушт?

Прокуратураи  шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги Сайрамбӣ Достиеваи 57-сола оғоз кард, ки пас аз нӯшидани сирко ба ҳалокат расидааст. Ин зан рӯзи 6-уми январ пас аз се рӯзи бистарӣ шудан дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расид. Як манбаъ аз прокуратураи Кӯлоб гуфтааст, ки сабаби марги Сайрамбӣ Достиева таҳқиқ мешавад.Ҳанӯз маълум нест, ки ин […]

  • 11.01.2018

Шахсияти мурдаи сари роҳ муайян шуд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, марде, ки ҷасадаш рӯзи 8 январ дар ҳудуди як ҷамъияти боғдории шаҳри Красноармейски вилояти Маскав ёфт шуд, зодаи шаҳри Панҷакент Абдуллоев Орзиқул Маҷидович, санаи таваллудаш 15.01.1976 мебошад. Пулис мегӯяд, дар бадани ин муҳоҷири тоҷик ягон осори марги маҷбурӣ мушоҳида нашудааст. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 10 январ ба […]

  • 11.01.2018

Пешгуии Расулзода  рост баромад, “Зарафшон” аз кор монд 

Корхонаи тилои «Зарафшон” — бузургтарин корхонаи тилои Тоҷикистон, ки аз моҳи сентябр ба ин тараф фаъолияташ хеле коҳиш ёфта буд, аз 7 январ пурра аз кор мондааст. Беш аз 2000 коргари ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Чинро ба рухсатӣ ҷавоб додаанд. Як манбаи мӯътамад дар ҳукумати шаҳри Панҷакнт низ тасдиқ кардааст, ки корхонаи муштараки «Зарафшон» 3 […]

  • 11.01.2018

Толеъномаи 11 январ 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Рӯзи душвор аст. Муноқишае рух медиҳад, ки шумо ба он робитае надоред, вале зарар мебинед. Дар масъалаҳои молиявӣ кӯшиш намоед, ки аз роҳу усулҳои шубҳанок истифода набаред. Бо атрофиён зуд-зуд муноқиша мекунед. Бемориҳои рӯда эҳтимол доранд. Агар шумо рӯзи дароз менишаста бошед, кӯшиш кунед, ки об кам нӯшед. Агар изҳори муҳаббат […]

App Banner