• 23.05.2019

Нони ӯзбекӣ ба феҳристи ЮНЕСКО шомил мешавад?

Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба ҷониби Ташкилоти СММ оид ба маориф ва фарҳанг ё ЮНЕСКО дар мавриди ба феҳристи мероси моддий ва ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил кардани нони ӯзбекӣ пешниҳод ирсол кардааст.

  • 22.05.2019

Боздошти қассобон бо гӯшти ҳаром

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 қассоби ҳамин вилоятро ба ҳангоми фурӯши гӯшти ҳаром дастгир кардаанд.

  • 12.01.2018

Мастчоҳ: Соҳиби замин кист ва муаммо дар чист?

Додарам-Мунавваров Ихтиёр барои “гуноҳ”-и  як солу 3 моҳ қаблӣ рӯзи шашум аст дар боздошт қарор дорад.  Ин ҳам ҳолест, ки додарам гуноҳе надорад ва имрӯз масъулин ӯро барои  дар шаби  вафоти падарам, яъне 16. 06. 2016  ба амакҳоям-  Мунавваров Абдуманнон ва Мунавваров Абдуҳаннон ҷанҷол карданаш бо моддаи 237 қисми 3, банди “в” парванда кушоданд. Ҳол […]

  • 12.01.2018

 577 ҳазору 507 бех ниҳоли банги ҳиндӣ мусодира ва нобуд карда шуд

Соли 2017 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 740 кг 335 гр маводи нашъадор, аз ҷумла,  27 кг 267 гр  героин,  455 кг 629 гр афюн, 865 кг 711 гр ҳашиш, 386 кг 820 гр бангдона (канабис), 4 кг 908 гр метамфитамин […]

  • 12.01.2018

Чоки қайсар сари Гулсараро хурд

Шаби 12 январ дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат Гулсара Гадоеваи 29-сола баъди ҷарроҳии қайсарӣ (кесарево сечение) ҷон бохтааст. Гулсара бояд фарзанди якумашро таваллуд мекард. Соли гузашта дар таваллудхонаи Ваҳдат 7 зан баъди ҷарроҳии қайсарӣ ҷон доданд. Духтурон ба «корхонаи тиҷоратӣ” табдил ёфтани таваллудхонаҳоро иллати чунин маргу мир медонанд. Бознашр аз «Ахбор» Манобеи сомонаи «Ахбор” хабар доданд, […]

  • 12.01.2018

Садамаи марговар дар роҳи Хуҷанд

Рӯзи 11 январ бар асари ду садама дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дастикам ду нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Боришоти шадид ҳаракати нақлиёт дар ин шоҳроҳро мушкил гардонда, боиси афзоиши садамаҳои нақлиётӣ шудааст. Бино ба гузориши вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соати тақрибан 7:30-и субҳи 11 январ, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-53212”, Шокиров […]

  • 12.01.2018

Заминларза дар Тоҷикистон

Имрӯз, 12 январ соати 08:40 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тавре аз Хадамот иттилоъ доданд, заминҷунбӣ дар километри 125-уми самти шарқии Душанбе ба амал омадааст. Дар марказ қувваи заминҷунбӣ ба 4,8 ва дар шаҳри Душанбе ба 2,5-3 […]

  • 12.01.2018

Автобус бо 45 мусофир чаппа шуд

Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон дар шоҳроҳи Егиндибулак-Қарағанда як автобуси ҳомили 45 мусофир чаппа шуд. Дар натиҷа се мусофир захм бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Руслан Имонқулов мегӯяд, ин ҳодиса дар километри 130-и шоҳроҳи Қарағанда-Аягоз-Бугаз рух дод. Сабаби ҳодисаи мазкур хабар дода намешавад, вале ба далели вазъи бади ҳаво 11 январ ҳаракат […]

Дин 0
  • 12.01.2018

Мазори одамхӯр

«Вой дод, келинамро гӯр кашид»,- мегуфт хушдомани ҷигарсӯхтаву зор-зор мегирист…. Майдон пудиназор буд ва занону духтарон ҳар субҳ ба ин мавзеъ пудиначинӣ меомаданд. Аз пудиназор болотар мазори Хоҷасангимуроди Валӣ воқеъ гашта буд ва мардум аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои зиёрат ба оромгоҳи ин бузургвор меомаданд. Нигина зеботарин духтари деҳа ба шумор мерафт ва ҳамсояашон […]

  • 12.01.2018

Ҳушдори охиринӣ президент ба вазири корҳои дохилӣ

Вазири умури дохилии Туркманистон Искандар Муликов танбеҳи ҷиддӣ ва бори охир огоҳӣ гирифтааст, ки дар кутоҳтарин муддат камбудҳои мавҷударо дар ниҳоди зери раҳбарияш бартараф кунад. Ин ҳушдорро президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба вазири умури дохилӣ 10 январ дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар додааст. Расонаҳои расмӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии президенти Туркманистон […]

  • 12.01.2018

Жириновский: Таҳдид мекунем, ҳамаатонро мепарронем! (Видео)

Владимир Жириновский, сиёсатмадори моҷароҷӯи рус,ки ӯро баъзан “масхарабози Кремл” ҳам мегуянд, дар як барномаи телевизионии “60 дақиқа”,ки дар шабакаи “Россия 1” пахш гардид, ба таҳдиди рӯирост нисбати мардуми Украина даст зад ва ҳатто дар ҳузури миллионҳо тамошобин ба сиёсатшинос Трюхан, ки дар ин барнома ширкат менамуд, таҳдид кард,ки ҳамаи онҳоро мепарронанд. Рафтори зиддиахлоқии Жириновскийро барандаи […]

  • 12.01.2018

Имрӯз туман мефарояд

12 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш гашта, туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд. Ҳаво дар вилояти Суғд имрӯз тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 […]

  • 12.01.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 12 январ  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8241 сомонӣ, 1 евро = 10.5404 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1548 сомонӣ. Имрӯз, 12 январ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 […]

  • 12.01.2018

Душанбе: Рейди шабона дар марказҳои компютерӣ

Шаби гузашта кормандони милиса ва додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар интернет-кафеҳо ва марказҳои компютерии воқеъ дар ҳудуди ин минтақаи пойтахт як рейди вижа доир кардаанд. Дар ҷараёни амалиёт як гуруҳи ҷавонон ва 3 ноболиғ дастгир шуда, нисбат ба волидони онҳо барои вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар протокол тартиб додаанд. Бо вуҷуди он, ки имрӯзҳо […]

  • 12.01.2018

Олими тоҷик сазовори мукофоти шикорчиён шуд

Сокинони маҳалҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон шикорро чун воситаи фароҳамории шароити мусоид барои мавҷудияти худ истифода намуда,  ҳифзи ҷонварони ваҳширо олитарин манфиати шахсиашон муаррифӣ менамоянд. Ин суханонро олими ҷавони тоҷик — Халил Каримов зимни маросими супоридани Ҷоизаи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстик изҳор намуд. Номбурда, ки шикоршинос ва муҳофизи ҷонварони нодир  мебошад, нахустин  намояндаи давлатҳои […]

App Banner