• 23.05.2019

Нони ӯзбекӣ ба феҳристи ЮНЕСКО шомил мешавад?

Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба ҷониби Ташкилоти СММ оид ба маориф ва фарҳанг ё ЮНЕСКО дар мавриди ба феҳристи мероси моддий ва ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил кардани нони ӯзбекӣ пешниҳод ирсол кардааст.

  • 22.05.2019

Боздошти қассобон бо гӯшти ҳаром

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 қассоби ҳамин вилоятро ба ҳангоми фурӯши гӯшти ҳаром дастгир кардаанд.

  • 31.01.2018

Гулистон: 20 ҳазор сомонӣ ҷарима барои риоя накардани танзим

Дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) барои риоя накардани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чор нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Барои қонуншиканӣ дар баргузории тӯй ва маросимҳо аз  ин 4 шаҳрванд ба маблағи 20000(бистҳазор) сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон раиси шаҳр […]

  • 31.01.2018

Мансабдорони фарбеҳро аз мақом барканор мекунанд

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар доираи як сафари корӣ дар вилояти Балкани ин кишвар қарор дорад. Интизор меравад, ӯ дар ҷараёни ин сафар тағйироти кадриеро низ анҷом диҳад. Ба гуфтаи манобеъ аз Ишқобод, номзадҳо дар ҳоли ҳозир, аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва шахсони фарбеҳро аз рӯйхат хат мезананд. Ибтидои моҳи январ Бердимуҳаммадов даҳҳо раисони навоҳӣ […]

Дин 0
  • 31.01.2018

Бадахшон: Минтақаи озод аз машрубот

Як гуруҳ мардуми  Кӯҳистони Бадахшон ба ҷамъоварии имзоҳо зери як муроҷиатнома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббус нишон додаанд.  Дар ин нома аз Эмомалӣ Раҳмон дархост мешавад, ки Бадахшон минтақаи озод аз машрубот эълон гардида, тавлид ва фурӯши ҳар навъ машрубот дар ин қаламрав манъ карда шавад. Як гуруҳи фаъолони зодаи вилояти мухбори Кӯҳистони Бадахшон […]

  • 31.01.2018

Оханг.тҷ 3 сола шуд

Имруз сомонаи мусикавии Оханг.тҷ 3 сола шуд! Дар давоми солхои фаъолияташ сомонаи мазкур тавонист, ки суруду таронахои дилнишинро ба тамоми дилбохтагони савту наво на танҳо дар Чумхурии Точикистон, балки берун аз он дастрас намуда, ҳазорхо пайравони худро дарефт намояд. Аллакай дар тамоми кучаву хиебонҳо, радиову телевизионҳо сурудҳои ҳофизон бо логотипи Оҳанг.тҷ пахш мегарданд. Зикр кардан […]

  • 31.01.2018

Сафаров 500 000 долларро дуздида дар Ховалинг пинҳон кард

Мақомоти интизомии Душанбе мегӯянд, як нафарро бо иттиҳоми дуздии тақрибан ним миллион доллар боздошт карданд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, рӯзи 31-уми январ гуфт, Рустам Сафаров, сокини 31-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дуздии 470 ҳазор доллари амрикоӣ аз як ширкати сохтмонӣ муттаҳам мешавад. Маблағи азимро ба гуфтаи мақомот шаби 16-уми декабр дуздидаанд. Ба гуфтаи мақомоти Раёсати […]

  • 31.01.2018

Хуҷанд: Бунёди роҳи замонавии арғамчинӣ

Дар доираи тадбирҳо бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарияти вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки  баҳри ба макони фароғатию сайёҳӣ табдил додани шаҳри  Хуҷанд аз маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ ё худ канатиро бунёд намояд. Дар ин бора  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти […]

  • 31.01.2018

Генерал Иноятов рафт , Прокурори генералӣ роҳбари СНБ -и Ӯзбекистон шуд

Генерал Рустам Иноятов, роҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбекистон (СНБ) ва яке аз шахсиятҳои бонуфузи он кишвар аз мақоми худ барканор ва ба ҷои ӯ Ихтиёр Абдуллоев, собиқ Прокурори генералӣ  собиқ таъйин шуд. Иноятови 73-сола бист сол раёсати ин ниҳоди нирӯманди Узбекистонро бар ӯҳда дошт.Ин тағйироти кадрӣ дар сохтори қудратии Узбекистон рӯзи 31-уми январ дар ҷаласаи якҷояи Хадамоти […]

  • 31.01.2018

Изҳорот

Изҳороти Созмонҳои журналистии Тоҷикистон: «Созмонҳои журналистии Тоҷикистон хабарҳои ахир дар бораи дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротиро, ки онҳо аз ин баъд Интернетро танҳо бояд аз «Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” (ШҶТМ) бихаранд, бо чанд далел мояи нигаронии худ меҳисобанд. Ҳарчанд масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд ин иқдоми онҳо ҷанбаи амниятӣ дорад, вале коршиносон баъид […]

  • 31.01.2018

Замин ҷунбид

Нимрӯзи 31-уми январ заминларзае Тоҷикистонро такон дод. Сокинони Душанбе гуфтанд, ки заминларза хеле шадид буд ва тақрибан як дақиқа идома кард. Дар ин муддат баъзе аз мардум аз биноҳои баландошёна ба берун баромаданд. Сокинони Хуҷанд гуфтанд, ки шиддати заминҷунбӣ дар онҷо низ баланд буд. Дар Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон гуфтаанд, ба зудӣ маркази заминларза ва дараҷаи […]

  • 31.01.2018

Ҳалокати 6 узви як оила

Мақомоти Покистон мегӯянд,ки дар натиҷаи таркиши мошине дар як маҳалли наздик ба марзи Афғонистон, 6 узви як оила кушта шуданд. Ин хонавода ба як маросими дафн ба минтақаи қабоилнишини Хуррам мерафтаанд, ки мошинашон таркидааст. Акбар Ифтихор як мақоми расмӣ дар минтақа гуфт, ки се марду се зан дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. Маълум нест, ки […]

Дин 0
  • 31.01.2018

Душанбе: Мард занашро 6-корд зад

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 28-уми январи соли 2018, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш қарор доштан бо ҳамсараш, зани 30-сола аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол […]

  • 31.01.2018

Эрон: Раҳошавии зани ҳиҷобкаш аз зиндон

Зане, ки моҳи гузашта дар Теҳрон баъди эътирози сулҳомезаш зидди ҳиҷоби иҷборӣ боздошт шуда буд, раҳо гардид. «Духтари дар хиёбони Инқилоб боздоштшуда, озод шуд», — навишт вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқ Насрин Сутуда дар саҳифаи Фейсбук. Наворе, ки дар он зани беҳиҷоб дар хиёбони Инқиболи шаҳри Теҳрон истодааст, 27 декабр дар Интернет нашр шуд. Номи […]

  • 31.01.2018

Соҳибкорзанро ваҳшиёна кушт

Бо иттиҳоми куштори соҳибкор Мавзуна Ҳакимова дар шаҳри Қӯрғонтеппа амакбачааш Ҷамшед Ҳакимовро дастгир кардаанд. Мавзуна Ҳакимова, ки ба тиҷорати меваи хушк машғул буд, рӯзи 6 январ ҳамони ҷамъоварии пули маҳсулоташ аз фурӯшандагони бозорҳои Қӯрғонтеппа кушта шуд. Қотил аз ҷайби зани бечора ҳамагӣ 400 сомонӣ ёфтааст. Искандар Солеҳзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 30 […]

App Banner