• 16.02.2018

45 туалет барои сайёҳон сохта мешавад

Соли сипаригардида дар шоҳроҳҳо  5 ташноб (туалет) сохта шуд, боз 45 ташноби дигар сохта мешавад, иброз дошт Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ. Номбурда қайд намуд, ки Кумитаи мазкур баҳри рушди сайёҳии кишвар ва  барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ, тамоми чораҳоро андешида истодааст. Аз ҷумла барои […]

  • 16.02.2018

Дарро задем, девор кафид? (Аудио)

Ба вазири адлияи ҶТ Рустами Шоҳмурод Чунин тарзи тадқиқ як усули маъмулӣ дар рӯзноманигори касбист. Мавзӯи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон ба як масъалаи ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст, ки метавонад ба генофонди  миллат таъсири бузурги манфӣ расонад. Дар мамлакатҳои мусалмонӣ, билхоса дар Тоҷикистон, никоҳ байни ду ҷавони бо ҳам хеш амри маъмулист. Ба ин хотир қонун […]

  • 16.02.2018

Манижа Ахмедова роҳбари нави радиои «Азия плюс» таъин шуд

Раҳбарияти радиои мустақили «Азия плюс» дар Тоҷикистон нав шуд. Манижа Ахмедова, хабарнигори ин радио айни замон раҳбар таъин шуда, дар ин мақом Парвона Аҳрориро иваз кард. Парвона Аҳрорӣ аз соли 2006-ум ба ин ҷониб раҳбарии ин радиоро бар дӯш дошт. Манижа Ахмедова гуфтааст, аз рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ӯ роҳбарии ин радиоро бар дӯш гирифт. […]

  • 16.02.2018

Толеъномаи 16 феврал 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Рӯзи хубест барои хариди калон ва ҷашну маъракаҳо. Агар каме шамол кашида бошед, дарҳол ба дорухарӣ нашитобед. Сараввал аз воситаҳои безарари табобат истифода баред. Гиёҳоб ё маҳси махсус ба меъдаатон зарар нарасонида, ҷигари шуморо бемор намесозад. Агар шумо ба кӯмаки молиявӣ ва маънавӣ ниёз дошта бошед, ба наздикони худ муроҷиат намоед. […]

  • 16.02.2018

Муратхон Токмадӣ гуфт куштори Ержан Татишев кори дасти ӯст

Тоҷир ва молики корхонаи бузурги «Казстройстекло»-и Қазоқистон Муратхон Токмадӣ, ки бо ҷурми «тамаъҷӯӣ» маҳкум ба зиндон шуд, иқрор кард, дар куштори раҳбари пешини «Бонки ТуранАлем» (БТА) Ержан Татишев ӯ низ айбдор аст. Токмадӣ дар додгоҳи шаҳри Тарази Қазоқистон баъд аз қироат шудани айбнома дар посух ба суоли додрас гуфт, худро дар куштори раҳбарияти бонк айбдор […]

  • 16.02.2018

Кормандонашро берун карданду сардухтур фавтид

Ҳасан Сайфиев, сардухтури Маркази ташхиси вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон 4 феврал — дар рӯзи берун кардани кормандони муассисаи тиббӣ аз бино аз сактаи қалб фавтид. Наздики 30 табиб ва ҳамшираҳои шафқат дар назди бинои ҳукумати вилоятӣ гирди ҳам омаданд. Ба гуфтаи яке аз табибон, ба кормандони Маркази ташхис ба таври ногаҳонӣ хабар доданд, ки яке аз […]

  • 16.02.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 16 феврал  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8170 сомонӣ, 1 евро = 10.9983 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1550 сомонӣ. Имрӯз, 16 феврал қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 […]

  • 16.02.2018

Азимӣ собит мекунад: генофонди тоҷикон яке аз беҳтаринҳост!

Барномаи муътабари «The Knight-Hennessy Scholars” рӯзи 15 феврал аз байни 3600 довталаб исми 49 нафар барандаи стипендияаш барои таҳсил дар Донишгоҳи Стенфорд, яке аз муътабартарин мактаби олии Амрико ва дунёро эълон кард. Яке аз ин стипендияҳои бонуфуз насиби донишҷӯи 20-сола аз Тоҷикистон Азизҷон Азимӣ шудааст. Азизҷон Азимӣ, яке аз намояндагони ангуштшумори Тоҷикистон, ки бо қувваи […]

  • 16.02.2018

Ҷоиза ба номи Пешвои миллат

Дар Тоҷикистон ҷоизае бо номи  «Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон» таъсис ёфт. Ин ҷоиза барои сокинони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ, ки дар рушди демократия саҳми хос доштанд, тақдим мешавад.   ​Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,гуфтааст,ки  фармони мазкур «дар Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ баррасӣ мешавад. […]

  • 16.02.2018

Эҳтиёт бошед, тарма!

Ширкати IRS – масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо зикри инки танҳо дар як шабонарӯзи охир беш аз 70 тармаро дар ин шоҳроҳ тоза кардаанд, аз ронандагону мусофирон хост, ки вазъияти фавқулоддаи ба сари онҳо омадаро низ дарк кунанд: «Дар робита ба ҳолати фавқ, теъдоди зиёди техникаҳои роҳдории филиали Ширкат […]