• 20.02.2018

Сарояндаҳои ӯзбек дигар либоси урён намепӯшанд

Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт” дастурамалеро нашр кардааст, ки бар асоси он, ба овозхонҳои ӯзбек дар видеклипҳояшон намоиш додани бадани урён, зару зевар ва тату (холкӯбӣ), пӯшидани либоси нимурён, истифодаи ноҷоизи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла тасвири президент ва дар умум рафтори мухолиф ба анъанаҳои миллӣ комилан манъ карда мешавад. Дар дастурамале, ки дар як ҷаласаи муассисаи давлатии […]

  • 20.02.2018

Боғбонҳои дарахти дӯстӣ

Сомонаи расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – «Ӯзбекистон миллий ахборот агентлиги» мақолаи шоир, нависанда узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Эрматовро, ки ба муносибати дӯстии ду кишвар ихтисос ёфтааст ба нашр расонидааст. Ин мақолаи адиб «Боғбонҳои дарахти дӯстӣ» ном дорад, ки варианти тоҷикии онро манзури шумо мекунем. Кӯпруки дӯстии ду халқ, ки асосгузори он ҳазрати Навоӣ ва Мавлоно […]

  • 20.02.2018

Сокини 9 миллионии Тоҷикистон кай ба дунё меояд?

Дар нимсолаи аввали соли 2018 аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар хоҳад расид. Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аҳолии кишвар аз 8 миллиону 930 ҳазор нафар иборат аст. ​Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор, гуфтааст, ки “шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби […]

  • 20.02.2018

Дуздони пулу тилло дастгир шуданд

Бино ба маълумоти ВКД, ба РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, муроҷиат намудааст, ки шаби 25-уми августи соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзишашон 10020-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ […]

  • 20.02.2018

“ДЎСТОН” ИНТИЗОРИ МЕҲМОНОН!

Дар оғози соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд як маркази фароғатӣ ва маишӣ бо номи “Дӯстон” дарҳои худро боз кард ва интизори меҳмонони дохили ва сайёҳони хориҷӣ мебошад. Қаҳвахона дорои зиёда аз 60 ҷойи нишаст буда, тамоми рўзҳои ҳафта аз соати 10:00 то 23:00 дар хизмати мардум аст. […]

  • 20.02.2018

Кӯлоб: Хадамоти алоқаро ғорат карданд

Ҳафтаи гузашта рӯзи шанбе, аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии ВКД дар Кӯлоб сокини ҳамин шаҳр Сафаралӣ Ҳалимовро ба гумони даст доштан дар дуздии пулҳо аз филиали «Тоҷиктелеком» боздошт гардидааст. Бино ба иттилои рассонаҳо, ҳанӯз тобистон роҳбари филиал Каромат Саъдулло ба Шуъбаи ВКД бо ариза муроҷиат намуда, изҳор дошта буд, ки охири моҳи августи соли 2017 […]

  • 20.02.2018

Ален Делон: Маро бо сагам якҷо ба хок супоред

Ален Делон , ҳунарманди машҳури кино дар мусоҳиба бо маҷаллаи Paris Match ба муносибати 80 солагии хеш гуфтаас, ки дилаш аз ин дунёи пур аз дуруғ мондааст ва бе ягон пушаймониву дилкашолӣ онро тарк хоҳад кард. «Имрӯз ҳама чиз тақаллубист, ҳама дар фикри пулу сарватанд, ҳеҷ кас ба қавлаш устувор нест, ҳамарӯза дар ВАО хабарҳои […]

  • 20.02.2018

Ташкили гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон

Дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бахшида ба рӯзи касбии кормандони ҳайати дипломатии Туркманистон барномаҳои фарҳангию консертӣ ва конфронс зери унвони  «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ» баргузор гардиданд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, дар ҳошияи таҷлили  ин ҷашнвора гӯшаи фарҳангии намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод, […]

  • 20.02.2018

Донишмандони ИМА дар дохили ҳайвон узвҳои бадани инсон парвариш мекунанд

Донишмандони Донишгоҳи Калифорния ҷанини гӯсфандеро ба вуҷуд овардаанд, ки дар он ба ҳуҷайраҳои ҳайвон ҳуҷайраи инсон ҳамроҳ карда шудааст. Технологияи нав имкон медиҳад, то дар дохили ҳайвон узвҳои бадани инсон парвариш карда шавад. Пажӯҳишгарон тавонистаанд, дар ҷанин дар баробари ҳар даҳ ҳазор ҳуҷайраи гӯсфанд 1 ҳуҷайраи инсонро ҷой кунанд. Онҳо тасмим доранд, ин андозаро то […]

  • 20.02.2018

Роҳбарияти Донишгоҳро пас аз худкушии дониҷӯ ба суд кашиданд

Додситонии Киев аз рӯи далели ба ҳадди худкушӣ расонидани донишҷӯдухтари Донишгоҳи миллии тиббӣ — Муқаддас Насиралиева парванда кушодааст. Ба иттилои вакили дифои хонаводаи Насиралиева, донишҷӯ баъди он ки роҳбарияти донишгоҳ барои тамдиди будубошаш дар Украина санад надод, худкушӣ кардааст. Додситонӣ тасдиқ мекунад, ки Муқаддас Насиралиева — шаҳрванди Туркманистон — 30 январ аз болои пули Патон дар […]

  • 20.02.2018

Боридани борону барф дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешбинӣ мешавад. Имрӯз, 20 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шарқ […]

Дин 0
  • 20.02.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 20 феврал  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8247 сомонӣ, 1 евро = 10.9620 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1563 сомонӣ. Имрӯз, 20 феврал қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    […]

  • 20.02.2018

Қарори нави Раиси Душанбе оид ба нархи хатсайрҳо

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди нархномаи нави хатсайрҳои пойтахт қарор баровард.   ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №101 АЗ 19.02.2018 Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе Бо мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифода-барандагони хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳамоҳангсозии оқилонаи фаъолияти нақлиёти мусофирбар ва муҳайё […]

  • 20.02.2018

Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Мақомоти тоҷик дар бораи баргузории ҳамоиши навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон хабар доданд, ки дар нимаи аввали моҳи март дар Душанбе барномарезӣ шудааст. Ин  мулоқот дар чаҳорчӯби сафари расмии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд, ки дар чаҳорчӯби он имзои созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хотири тавсеаи равобити иқтисодию […]