• 18.04.2019

Сафари охирини Саидаҳмад (Видео)

Саидаҳмад Давлаҳмадов дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон чашм ба олам кушода ва ҳоло дар Шарқи Дури Русия зиндагӣ мекунад.
Ӯ нахустин ҷаҳонгарди тоҷик аст, ки тавассути автомобил дар тӯли 36 сол беш аз 100 кишвари ҷаҳонро зиёрат кардааст.

  • 17.04.2019

Алвидоъ, интернет…

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи интернети мобилӣ, ки дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суръати аз ҳама паст дорад, якбора боло рафт.

  • 21.02.2018

Толеъномаи 20 феврал 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар зиндагиятон ҳодисаи аҷибе рух медиҳад, ки оғози тағйиротҳои муҳим мегардад. Мутаассифона вазъиятро таҳти назорат гирифтанатон душвор мегардад. Ба дӯсти дерин ё нафаре, ки сахт эътимод доред, умед баста метавонед. Барои нафароне, ки ошиқ ҳастанду изҳори муҳаббат кардан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст. Эҳтимоли зуком шуданатон дар ин шабу рӯз зиёд аст.. […]

  • 21.02.2018

Ҷавоби Вазири маориф ба мавҷи интиқодҳо

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба даҳҳо интиқоди интернетӣ дар мавриди сатҳи русидонии ӯ вокуниш кард ва гуфт, «ҳамагуна талоши беобрӯ кардани як узви ҳукумат беобрӯ кардани ҳукумат аст». Нуриддин Саид рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шояд ба андозаи Толстой ва Солжинитсин забони русиро надонад, «аммо бо ин забон хуб гап мезанад». […]

LM2019
  • 21.02.2018

Муфтӣ Чӯбак: Наврӯз иди кофирон аст!

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов, ки бо мавъизаҳои баҳсбарангезаш ном баровардааст, дар як мавъизаи нави худ Наврӯзро иди кофирон ва таҷлилашро барои мусалмонон ҳаром номидааст. Дар Тоҷикистон низ ин баҳс, ки Наврӯз ва Соли навро ҷашн бигиранд ё на?, солҳо боз идома дорад. Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов аз мусалмонони қирғиз даъват кардааст, ки Наврӯзро […]

Дин 1
  • 21.02.2018

Қазоқистон дар фасодкорӣ ба Озорбоҷон ва Молдова баробар шуд

Қазоқистон дар соли 2017 дар Шохиси дарки фасод нуҳ зина боло рафт, хабар медиҳад созмони байналхалқии Transparency International. Миёни 180 кишвар Қазоқистон (дар мақоми 122) аз ҳамсояҳояш амсоли Қирғизистон — 135, Русия — 135, Ӯзбекистон — 157, Тоҷикистон — 161 ва Туркманистон — 167 пеш гузашт. Дар раддабандии соли 2016 Қазоқистон мақоми 131-ро касб карда, бо […]

  • 21.02.2018

Мулоқоти Завқӣ Завқизода бо Ҳидоят Бишчевич

Рӯзи 20-уми феврал дар Душанбе ҷаласаи нахустини зеркумитаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ баҳри рушд баргузор шуд. Дар иттилоияи дафтари намояндагии ИА гуфта мешавад, ки ҷаласа сари «Стратегияи миллии рушд то соли 2030», дастгирии буҷет, идоракунии молия ва се соҳаи калидӣ — тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот тамаркуз кард. Ҳайати Тоҷикистонро муовини […]

  • 21.02.2018

Хиёнати Саломат ҳаётамро шикаст

Падару модарамро дар ёд надорам. Волидонам ҳангоми хурдсол буданам дар давоми як сол пайи ҳам вафот карданду маро, ки фарзанди ягона будам, амакам ба тарбияи худ гирифта, калон кардааст. Бо вуҷуди лату кӯби фарзандони амак ва таънаю пичинги янгаам дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехондам. Амакам таҳсили хубу аълоямро дида, баъди хатми мактаб маро […]

  • 21.02.2018

Чиллазода савганд ёд мекунад

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳоди президент дар бораи таъини Қарахон Чиллазода ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баррасӣ мешавад. То таъин шудан ба мансаби нав Қарахон Чиллазода ба ҳайси роҳбари Раёсати молияи вилояти Хатлон ифои вазифа мекард. То моҳи декабри соли 2016 ӯ ба сифати раиси шаҳри Сарбанд фаъолият дошт. Раиси пешини […]

  • 21.02.2018

Сарфармондеҳ соҳиби Маркази идоракунӣ шуд

Дар Тоҷикистон Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ боз шуд. Ин марказ ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ — Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи […]

  • 21.02.2018

Дар Бишкек рекорди нави бешбармакро гузоштанианд

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 5 март — дар Рӯзи «Ак калпак» ё кулоҳи қирғизӣ ва либоси миллӣ — як тонна бешбармак таҳия мекунанд. Ба гуфтаи Элнура Кулуева, таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ, ғизоҳои миллӣ дар майдони Ала-Тоо омода мешаванд. Таъсисдиҳандагон намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесро ба чорабинӣ даъват кардаанд. «Мо онҳоро даъват кардем, ҳоло масъалаи омаданашон баррасӣ мешавад», […]

  • 21.02.2018

Русия:Ба хеши Гулмурод Ҳалимовро 4 соли зиндон доданд

Додгоҳи низомии Русия Абдусалом Абдуҷабборзода, як хешованди полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро бо ҷурми ҷалби афрод ба сафи ДИИШ ба 4 соли зиндон ва шарики ӯ Наҷибулло Файзуллозодаро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Абдуҷабборзода дар додгоҳ гуфт, бо истифода аз хешутабориаш бо «вазири ҷанг”-и ДИИШ ба мардум ваъда медод, ки онҳоро дар Сурияву Ироқ бо […]

  • 21.02.2018

Домодро нагузоштанд ба туй равад

Сокини Красноярски Русия ба далели қарздор буданаш дар фурудгоҳ боздошт шуд. Ӯро нагузоштанд, ки аз Русия хориҷ шавад. Вай мехост, ба Ӯзбекистон биояд ва дар ҷашни арӯсиаш ширкат кунад. Дар ниҳоят, ҷашни арӯсӣ бе ҳузури домод сурат гирифт. Домод ҷаримаҳои маъмуриро сари вақт пардохт накардааст. Ба иттилои мақомоти Русия, домоди ӯзбек дар ҳаҷми 1 ҳазор […]

  • 21.02.2018

Боз борон- боз борон

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6. Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад. Ҳарорат: дар […]

  • 21.02.2018

Сайри бозори асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА —  8.8232 сомонӣ; 1 евро – 10.8931 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1557 сомонӣ.  

App Banner