• 06.03.2018

ДСРТ барандаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе шуд

ДСРТ барандаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе шуд Мусобиқа байни дастаҳои бонувони волейболбози вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳияҳои пойтахт ва дигар  сохторҳои маҳаллии давлатӣ бахшида ба Рӯзи модар, ки аз 6 феврал то 6 марти соли равон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, бомуваффақият ба анҷом расид. 25 дастаи бонувони волейболбоз […]

  • 06.03.2018

Ҳама ба қулчақандхӯрӣ

Дар майдони маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе рӯзи 7 март таҳти унвони «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ин чорабинӣ аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти […]

  • 06.03.2018

Лола Каримова истеъфо дод

Духтари хурдии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов — Лола Каримова-Тиллоева хабар дод, ки 5 март аз мақоми президентии Федератсияи гимнастикаи Ӯзбекистон истеъфо дод. «… Баъди 13 соли роҳбарӣ ман маҷбуран ин мақомро тарк мекунам. Ман аз самими қалб ҳамаи варзишкорон, тамоми мураббиёни Федератсия ва ҳамаи кормандони ин ниҳодро барои фаъолияти пурсамарашон сипос мегӯям», — навишт […]

  • 06.03.2018

Ҳалокати донишҷӯ дар садамаи нақлиётӣ

5-уми марти соли 2018, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шагнам”, Пиров Комилҷон Қурбонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе, дар сероҳҳаи кӯчаи Қаҳҳоров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Нодиров Олимҷон Фарҳодович, соли таваллудаш 1998, донишҷӯи соли 4-уми Коллеҷи […]

  • 06.03.2018

Абдулқодирзода: Ҷойгоҳи зан дар ҷомеа аз дидгоҳи Ислом

Саидмукаррам , раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон дар остонаи иди Рӯзи модар дар як мақола ба ҷойгоҳи зан-модар дар ҷомеа аз дидгоҳи дини Ислом пардохтааст. Ба ақидаи муфтии Тоҷикистон, дини Ислом ба ҳуқуқи зан эҳтироми тамом қоил аст, вале бархе таассубҳо боис шудаанд, ки ҳуқуқи зан дар ҷомеаҳои мусалмонӣ нодида гирифта мешавад […]

  • 06.03.2018

Манижаву Ёсуман гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе шуданд

Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева сазовори   стипендияи Раиси шаҳри Душанбе   Рустами  Эмомалӣ  гардиданд.   Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  ба  номбурдаҳо  ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018  стипендия таъйин  гардид. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин иқдом  бо мақсади […]

  • 06.03.2018

Амри нави Президент

1.  Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд. 2. Дар боғи мазкур пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта шавад. 3. Раиси шаҳри […]

  • 06.03.2018

Омодагии Русия ба қатъшавии интернети ҷаҳонӣ

Русия аз лиҳози техникӣ ба қатъ шудани интернети ҷаҳонӣ омодааст. Ин нуктаро мушовири президенти Русия оид ба рушди интернет Герман Клименко дар суҳбат бо НТВ баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, аллакай сегменти русии шабакаи интернет, ки бо дастури президенти Русия Владимир Путин барои мансабдорон сохта шудааст, фаъолият дорад. ​Клименко афзуд, тамоми ҷаҳон ҳоло роҳи […]

  • 06.03.2018

Толеъномаи 6 март 2018

                              Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Бо истифода аз ному мавқеи наздикон ва нафароне, ки дӯсташон медоред, кӯшиши худнамоӣ карданро накунед. Аз хариди калон худдорӣ намоед, вагарна чизи харидаатон ба шумо маъқул нашуда, сахт андуҳгин мегардед. Фаъолнокии шуморо атрофиён қадр мекунанд, вале […]

  • 06.03.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 6 март  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8258  сомонӣ, 1 евро = 10.8575  сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1545 сомонӣ. Имрӯз, 6 март қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    […]

  • 06.03.2018

Мудири пешини сирк фирор кард

Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон мудири пешини сирки шаҳри Тошканд Баҳром Маҷидовро меҷӯяд. Маҷидови 63-сола дар «дуздӣ» айбдор мешавад. То ғайб заданаш Маҷидов бо гумони дуздии амвлои сирк бозпурсӣ шуда буд. Яке аз кормандони сирк гуфт, Маҷидов дар дуздии 1 миллиард сӯми ӯзбекӣ гумонбар аст. «Маҷидов фирор кард. Вай сиркро ба ҳолати душвортарин оварда расонд. Ҳоло […]

  • 06.03.2018

Ҳаво имрӯз намеборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Имрӯз, 6 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-10 дараҷа ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони […]

  • 06.03.2018

Президенти Русияро  дар Тоҷикистон ҳам интихоб мекунанд

Русия дар Тоҷикистон 6 нуқтаи раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии ин кишварро таъсис додааст, ки 18-уми март, яъне рӯзи овоздиҳӣ дар саросари Русия, фаъол хоҳанд шуд. Шаҳрвандони Русия, ки муқими Тоҷикистон ҳастанд, метавонанд дар он рӯз ба яке аз нуқтаҳои овоздиҳӣ рафта, ба яке аз 8 номзади президентӣ раъйи худро бидиҳанд.Мария Жукова, сухангӯи сафорати Русия дар […]

  • 06.03.2018

“Умед-88” ба савдо меравад

Ширкати «Умед 88» ба хотири пардохти 171 миллион сомонӣ қарзи ин ширкат аз вазорати молия, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориашро дар саросари кишвар ба фурӯш гузоштааст. Дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Умед 88», ки ҳоло фаъол нестанд, як рақами телефон навишта шудаааст, ки харидорон бояд бо он дар тамос шаванд. Масъулони ин ширкат аз гуфтани қимати нуқтаҳои […]