• 09.03.2018

Чемпионати ХXVII Тоҷикистон: оғози бозиҳои Лигаи олӣ

  Фардо -10-уми март Чемпионати ХXVII Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ боз мешавад. Дар чемпионат 8 даста иштирок менамоянд ва бозиҳояшон ба мисли соли гузашта дар се давра барпо шуда, ҳар  даста 21 бозӣ мекунанд. Иштирокчиёни чемпионат инҳоянд: “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ) КМВА “Помир” (Душанбе) “Хатлон” (Бохтар) “Барқчӣ” (Ҳисор) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Истиқлол” (Душанбе) […]

  • 09.03.2018

Ба Ӯзбекистон 30 рӯз бидуни раводид рафта метавонед

 Тоҷикистон ва Узбекистон ба мувофиқа расиданд, ки сокинони ду кишвар метавонанд ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар намоянд.  Сайти расмии президенти Узбекистон рӯзи 9-уми март хабар дод, ки дар ин робита зимни мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе, мувофиқа ҳосил шудааст. Ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон дар ин замина изҳороте пахш накардааст. […]

  • 09.03.2018

Автоголи «Аҳал» «Истиқлол»-ро дастболо кард

7 март. Вохӯрии аввалини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор: «Истиқлол» (Душанбе)- «Аҳал» (Туркманистон) — 1:0. Автоголи Гуйчмурат Аннагулиев дар дақиқаи 25-ум мизбононро дастболо кард. Бозии дуюмашро «Истиқлол»  14 март дар шаҳри  Балканободи Туркманистон  бо дастаи «Алтин Асир» мегузаронад.

  • 09.03.2018

Кормандони БДА бонувони  ронандаро бо рӯзи Модарон  табрик намуданд.

Раёсати БДА-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар арафаи  Рӯзи Модар саҳмияи «Баҳор, зебогӣ, салиқа» -ро ба амал баровард. Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ  дар роҳҳои хурду калони ҷумҳурӣ шабу руз дар хизматанд. Нозирон ба ҳаракат дар роҳ диққати асосӣ дода, ҳамзамон бо вайронкунандагони қоидаҳои нақлиёт ва  ҷиноят дар роҳҳо мубориза мебаранд ва онҳоро ба […]

  • 09.03.2018

Дастгиршавии қотил пас аз 17 соли куштор

6-уми марти соли 2018, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини кӯчаи 40-солагии Октябри шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ва куштор дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 9-уми январи соли 2001, тахминан соати 14:00-дақиқа, дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ марди 52-солаи сокини кӯчаи У.Хайёми пойтахтро, ки ба фаъолияти иваз намудани […]

  • 09.03.2018

Толеъномаи 9 март 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Барои беҳтар сохтани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Албатта ин кори чандон осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ шуморо ба мақсад мерасонад. Ягона роҳи аз мушкилоти молиявӣ эмин мондан, сарфакорона истифода бурдани маблағ аст. Мардҳо аз мушкилиҳои баногаҳ пайдошудаи рӯзгор ба хубӣ мебароянд. Бо сабаби паст […]

  • 09.03.2018

Толеъномаи 8 март 2018

  Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Рӯзи хубест, дар касбу кор ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед. Муҳимаш ба танбалӣ роҳ надода, ба маслиҳати атрофиён гӯш надиҳед ва дар корҳои майда-чӯйда бодиққат бошед. Дағалӣ нисбати шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ боиси моҷаро мегардад, асабонияту нобоварӣ бошад, вазъиятро душвортар месозад. Аз муноқиша худдорӣ намуда, роҳҳои оштишавиро ҷӯед. Хобатон […]

  • 09.03.2018

Дар Кохи Борбад ҳунармандони тоҷику ӯзбек ҳунарнамоӣ мекунанд

Шоми имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар Маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе консерти пуршукӯҳ баргузор мегардад. Барномаи консерт «Шоми дӯстӣ» унвон гирифта, бо иштироки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад. Дар консерт баробари санъаткорони шинохтаи ду кишвар, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, кидар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад, ҳунарнамоӣ мекунад. […]

  • 09.03.2018

Занҳои афғон ҳам роҳпаймоӣ мекунанд

Садҳо зан дар пойтахти Афғонистон Рӯзи байналмилалии занон — 8 мартро бо раҳпаймоӣ таҷлил ва ба мақомот гушрас карданд, ки садои занон шунида шавад, ҳуқуқи онҳо ба таълим таъмин ва аз хушанат алайҳи онҳо ҷилавгирӣ шавад. Раҳбари Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар Симо Самар дар муроҷиат ба занон дар нерӯҳои амниятии Афғонистон гуфт, «Амнияти шумо, амнияти […]

  • 09.03.2018

Президентҳо дар Қасри Миллат

Маросими расмии истиқбол аз президенти  Узбекистон дар «Қасри Миллат» сурат гирифт ва ба истиқболи Шавкат Мирзиёев 21 гулӯлаи тӯп ба ҳаво андохта шуд. Ҳоло мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷараён дорад ва сипас музокироти ҳайатҳо бо иштироки президентҳои  ду кишвар, доир хоҳад шуд. Айни замон дар доираҳои расмии ду кишвар мулоқот […]

  • 09.03.2018

64 фоҳишаҳои интернетиро полис шиносоӣ кард.

Раёсати умури дохилии шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз ибтидои соли равон 64 духтареро ба рӯйхат гирифтааст, ки ба воситаи Интернет хадамоти шаҳвонӣ мерасонданд. Бино ба иттилои раёсат, духтарон дар назди веб-камераҳо худро ба корбарон бе либос намоиш медоданд. Пулиси Бишкек мегӯяд, онҳо барои он ба қайд гирифта шуданд, ки ба гуруҳи афроди хатарзо шомил мешаванд. Кодекси […]

  • 09.03.2018

Мирзиёев  вориди Душанбе шуд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин саҳар бо сафари давлатӣ вориди  шаҳриДушанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд. Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду давлат ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд. Пас аз […]

  • 09.03.2018

Имрӯз борон меборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Имрӯз, 9 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то […]

  • 09.03.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 9 март  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8227 сомонӣ, 1 евро = 10.9481 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1550 сомонӣ. Имрӯз, 9 март қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 […]

  • 09.03.2018

Фарзанду  набераҳо ва келини Додохонов дар Мадина ба хок супурда мешаванд

Прокурори генералии  Арабистони Саудӣ ба таҳқиқи қазияи ҳалокати оилаи Додохонов дар шаҳри Мадина шуруъ кардааст. Прокуратура аз наздикони Бахтиёр Додохонов дархост кардааст, ки барои бозкушоии ҷасадҳо ё анҷоми амалиёти колбадшиносӣ иҷозат бидиҳанд. Намояндагони Прокуратураи генералии  Саудӣ гуфтаанд, ки барои мушаххас кардани сабаби марги 4 узви як хонавода бояд амалиёти тибии колбадшиносӣ анҷом дода шавад.Тибқи фарзияи […]