День: 02.04.2018
Абдунабӣ: 17 рӯз боз бародарамро меҷӯем
17 рӯз боз бародарам бедарак ва мо аҳли оилаи нигарону дидагирён ҳастем. Бародарам-Ниёзов Абдураҳим, сокини ноҳияи Зафаробод, деҳаи Сарибоғ, 16 март аз корхонаи кулчабарории “Шириншоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ғайб задааст ва […]
Тирпарони хонандаи синфи 8 ба сӯйи ҳамдарсаш
Дар мактаби №38 шаҳри Бишкеки Қирғизистон хонандаи синфи 8 аз таппонча як ҳамдарсашро захмӣ кард. Ин ҳодиса рӯзи 30 март рух дод. Пулиси Бишкек мегӯяд, хонандаи мактаб таппончаи бародарашро ба […]
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Русия
Ҳайати баландпояи мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофи ҳавоӣ бо Русия ба Москва меравад. Азиз Набизода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон 2 апрел гуфт, ки интизор меравад, фардо, субҳи сешанбе ҳайат озими […]
Мураббияро барои латукӯби кӯдакон аз кор ронданд
Дар Ӯзбекистон мураббии боғчаи «Наврӯз»-и шаҳри Ҷиззах Моҳира Мамадқуловаи 37-соларо баъди нашри видеои латукӯб шудани кӯдакон аз тарафи ӯ дар Интернет, аз кор ихроҷ карданд. Дар пайи нашри навор Вазорати […]
АШТ: Дуздони нӯшокиҳои спиртӣ ба даст афтоданд
Чуноне ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Ашт марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 26-уми марти соли 2018, тахминан соатҳои 22:00-дақиқа, шахси номаълум, […]
Ҷанҷоли бародарон бо куштор анҷомид
Бино ба маълумоти ВКД, аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 51-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 31-уми […]
“Рахш” ва “Шерхон-Дарк” – ғолибони Ҷоми “Пойтахт-2018”
31 март ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе, Кумитаи ҷавонон […]
Русия: Полис муҳоҷирро аз гурдааш маҳрум кард.
Муҳоҷири ӯзбек Адҳамбеки 27-сола, ки 21 март дар натиҷаи оташкушоии пулиси Москва захмӣ шуда буд, гурдаи худро аз даст дод. Ба гуфтаи як манбаи огаҳ аз раванди тафтишот, пулис Адҳамбек […]
Лигаи олӣ: «Хуҷанд» пешсафиро нигоҳ медорад?
Дирӯз – 1-уми апрел, даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо вохӯрии «Истиқлол» ва «Регар-Тадаз» ба фарҷом расид. Душанбегиҳо ба дарвозаи ҳари фони деринашон 2 тӯб зада, аз […]
Аман Тулеев ба истеъфо рафт
Аман Тулеев – раиси вилояти Кемеровои Русия – пас аз тақрибан як ҳафтаи сӯхтор дар маркази тиҷоратии «Зимняя вишня», ки ҷони 64 нафар, аз ҷумла даҳҳо наврасро рабуд, истеъфо дод. […]