• 03.04.2018

Саёҳат ба дараи Ромит

Садорати кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иқдом гирифтааст, ки рўзҳои истироҳат барои донишҷўёни ихтисосҳои туризми донишкада саёҳатҳои рўзиистироҳатӣ анҷом диҳад.  Мақсад аз баргузории саёҳатҳои рўзиистироҳатӣ аз ошноӣ пайдо намудани донишҷўён бо хатҳои сайри сайёҳии минтақаҳои сайёҳии наздикишаҳрӣ мебошад.  Маҳз бо ҳамин мақсад  1 апрели соли 2018  донишҷўёни фаъоли ихтисосҳои туризми донишкада-аъзоёни маҳфили илмии донишҷўён-«Ҷаҳони […]

  • 03.04.2018

Мушкилоте, ки ҷаҳонро ба ташвиш овард

Ташаббуси Тоҷикистон Мушкилоте, ки ҷаҳонро ба ташвиш овард  Истеъмоли оби ифлос сарчашмаи бемориҳои сирояткунанда ва ҳодисаҳои фавти одамон дар саросари ҷаҳон гардидааст. Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии олам ба мушкилоти норасоии об дучор мегардад. Ин вазъият қариб тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи захираҳои обӣ […]

  • 03.04.2018

Роботи мардина барои занҳо дилҷӯйӣ мекунад

Олимон роботи мардина (секс-робот) Генриро омӯзонданд, ки шӯхию хушгӯйҳо кунад. Ширкати Realbotix роботи мардинаро бо номи Генри муаррифӣ намуд, ки ӯ на танҳо амалҳои шаҳвониро иҷро менамояд, балки метавонад ҳазлу шӯхӣ бикунад, суҳбат биорояд ва лутфҳо ба забон биёрад. Созандагони  Генри мегӯянд, ки ӯ метавонад бо соҳибхоназанон барномаи марғуб, кинофилму  шоуҳои телевизиониро муҳокима  бикунад, шеър […]

  • 03.04.2018

100 нафар аз яхмос заҳролуд шуданд

Сухангӯи Идораи тандурустии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Мира Сулеева мегӯяд, шумори сокиноне, ки дар шаҳри Чимкент аз яхмос заҳролуд гаштаанд, ба сад нафар наздик шуд. «Шаҳрвандоне, ки дар пайи заҳролудшавӣ аз яхмос ба беморхона муроҷиат кардаанд, ҳудуди 100 нафаранд. Ҳамаи онҳо бистарӣ ва аз ташхис гузаронида шуданд», — афзуд Сулеева. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ташхис то […]

  • 03.04.2018

Боз як ришвагири мансабдор ба даст афтод

Раиси ҷамоати Г.Ортиқови Конибодом Ҳайдар Усмонзода ва сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии У.Ашӯров Гулбаҳор Муродова ба гирифтани пора айбдор мешаванд. Ба гуфтаи мақомоти милиса, онҳо рӯзи 2 апрел дар меҳмонхонаи «Шоми Қанд» ҳангоми аз шаҳрванд Қаюмова Нигора гирифтани пора ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ дастгир шудаанд.Кормандони милитсия дар шаҳри Конибодом ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Усмонзода Ҳайдар Усмон, соли таваллудаш 1963, […]

  • 03.04.2018

Раиси Суди Олӣ — президенти Федератсияи човандозон

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон президенти Федератсияи човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ интихоб шуд. Президенти Федератсияи човандозон вазифаи ҷамъиятист ва онро то кунун Ҷамшед Машрабзода, раҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба зимма дошт. Дар ин бора Суҳроб Сафаров, ёрдамчии раиси Суди Олии Тоҷикистон 2-юми апрел иттилоъ дода, афзуд, ки интихоби Шоҳиён ба хотири рушди […]

  • 03.04.2018

Талаби истирдоди Фатҳулло Гюлен дар робита ба куштори Андрей Карлов

Додгоҳи Туркия амри боздошти рӯҳонии муқими ИМА Фатҳулло Гюлен ва ҳафт гумонбари дигарро дар робита ба куштори Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара, содир кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркия рӯзи 2 апрел гузориш дод. 19 декабри соли 2016 корманди пулиси Туркия, ки хориҷ аз ифои вазифа буд, дар намоишгоҳи аксҳо ба сӯи Андрей […]

  • 03.04.2018

Бозпурсии фурӯшандагони орд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар марказҳои савдо ва бозорҳо рейд гузаронида, фурӯшандаҳои орди истеҳсоли Қазоқистонро бозпурсӣ мекунанд. Шореҳ аз Ишқобод Амонмурод Бугаев 2 апрел гуфт, воридот ва фурӯши орди истеҳсоли Қазоқистону Русия қаблан мушоҳида мешуд. Вале дар натиҷаи кам шудани ҳосили имсолаи гандум ва болоравии қурби доллар дар «бозори сиёҳ» […]

  • 03.04.2018

Боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ шудааст

 Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Имрӯз, 3 апрел дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то […]

  • 03.04.2018

Сайри бозори асъор

 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 3 апрел  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8142  сомонӣ, 1 евро = 10.8794  сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1535 сомонӣ. Имрӯз, 3 апрел қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    […]

  • 03.04.2018

Толеъномаи 03 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Ваъи саломатиатон хуб намешавад. Дарди  сару беқувватӣ азият медиҳадатон. Бар замми ин,  хатари аз даст додани моликиятатон вуҷуд дорад. Нисбат ба дӯстдоштаатон бадгумонӣ накунед, пушаймон мешавед. Савр ( 21 апрел – 22 май) Ҳанӯз мушкилоти рӯзи гузаштаатон ҳал нашудааст. Асабонӣ ва саросема нашавед ҳар кор вақту соати хешро дорад.  Аз ишқварзӣ […]

  • 03.04.2018

Парлумон бехатарии иншоотҳоро таҳлил мекунад

  Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Аъзои Шӯро лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бехатарии иншоотњои гидротехникї» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Санади мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон […]

  • 03.04.2018

Оғози барқдиҳӣ ба Ӯзбекистон

Дирӯз соати 16.50 дақиқа хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон) зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт. Дар ин бора аз  ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон додугирифти неруи барқ байни ин ду […]

  • 03.04.2018

Дар Суғд “стройотряд”-ро зинда мекунанд

Созмони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мегӯяд, имсол ҳудуди 400 донишҷӯ ва мактабхонҳои тоҷикро барои кори мавсимӣ дар бахшҳои сохтмону кишоварзӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба Русия сафарбар мекунанд. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, солҳои шӯравӣ масъулони ин созмон ҳарсола ҳазорон донишҷӯён ва мактабхонҳои тоҷикро дар ҳайъати ба истилоҳ — “гурӯҳҳои сохтмонӣ” ё “стройотряд” дар давраи таътили тобистона ба […]

  • 03.04.2018

52 духтари мактабхон заҳролуд шуданд

Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон даҳҳо духтари муҳассили синфҳои болоӣ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтанд. Довудшоҳ Сафарӣ, раиси департаменти маорифи вилояти Ҳилманд дар гуфтааст, ки рӯзи 2 апрел дар маҷмӯъ 52 духтар ба бемористони шаҳри Лашкаргоҳи воқеъ дар маркази Ҳилманд интиқол ёфтанд.Доктор Нисор Аҳмад Борак гуфт, ки духтарҳо аз дарди сару дилбеҳузурӣ шикоят карданд. […]