• 09.04.2018

Парлумон муҳлати бақайдгириии хориҷиёнро дароз мекунад.

Ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тағйирот  ворид менамояд, ки тибқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад. Масъалаи мазкур  9 апрел дар ҷаласаи Шӯрои  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, […]

  • 09.04.2018

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония

5 апрели соли 2018 дар толори консертии Маркази маъмурии Минатои ш. Токио маросими бошукӯҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония ифтитоҳ гардид. Дар ин бора Nazir Sharifi дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст: Барномаи консертӣ бо сухани ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ оғоз ёфта, зарурати ташкили чунин чорабиниҳо, ки ба мақсади густариши […]

  • 09.04.2018

Боз як таҷовуз дар Ашт

Дар  ноҳияи Ашт духтаре баъди таваллуди фарзанд ба мақомоти милитсия шикоят кардааст, ки як ҷавони сокини шаҳраки Адрасмон аз синни 13-солагиаш дар тӯли 4 сол бо таҳдиду зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз мекард ва тифли зодаи ӯ меваи ҳамон таҷовузҳост. Эгамбердӣ Мирзоев ҳоло бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғ дар боздошт қарор дорад. Сокини 20-солаи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон (собиқ […]

  • 09.04.2018

Диққат! Ёсинҷонро пайдо кунед ва соҳиби мукофоти пулӣ шавед!

Падару модари Ёсинҷон Мирови чорсола, ки як ҳафта боз ҷигарбанди гумшудаашонро ҷустуҷӯ доранд, барои пайдо кардани ӯ мукофоти калони пулӣ ваъда додаанд. Ёсинҷонрӯзи 1 апрел, соати 09:30 аз хонаашон дар деҳаи Сабзикори ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ баромада, дигар бедарак шудааст. Касоне ки дар бораи Ёсинҷон маълумоте доранд, бо ин телефонҳо занг зананд: 221-21-21 93 121 […]

  • 09.04.2018

Муноқишаҳои оилавӣ ва се куштор

Куштори ҳамсар дар заминаи муноқишаи оилавӣ Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 39-солаи сокини деҳаи Зарафшони ноҳияи Кушониёнро бо гумони одамкушӣ дастгир намуданд. Номбурда, рӯзи 7-уми апрели соли 2018, тахминан соати 09:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 23-сола, аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ […]

  • 09.04.2018

Гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид шуд

Мақомоти ширкати «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, ки сар аз авохири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ Узбекистон ба Тоҷикистон оғоз шудааст.     Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» рӯзи 9-уми апрел гуфтааст,  ки феълан гази табиӣ кишвари ҳамсоя ба қисмати марказии Тоҷикистон интиқол меёбад. Як мақоми дигари ин ширкат  гуфтааст, ки феълан интиқоли гази табиӣ Узбекистон барои тавлиди […]

  • 09.04.2018

1000 доллар пора барои омода намудани билети ҳарбӣ

Бино ба маълумоти ВКД, ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки ёрдамчии сардори зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ш.Конибодом, марди 23-солаи сокини ш.Душанбе, барои омода кардани билети ҳарбӣ ва озод намудан аз уҳдадории ҳарбӣ аз шиносаш- марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур 1000 доллари амрикоӣ ба сифати […]

  • 09.04.2018

Дар Истаравшан арӯси 4-моҳа кӯдаки 9-моҳаашро куштани буд (шакли пурра)

Гулсара тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона партофта, боварӣ дошт, ки ин сири нангин ошкор намешавад, аммо…                       Тифл дар ҳоҷатхона  Ҷавонзани 21-солаи истаравшанӣ Гулсара Абдуллоева рӯзи 21-уми феврал, пас аз 3 моҳи тӯй кӯдаки 9-моҳаи ҷинсаш писар таваллуд карда, барои аз чашми ҳамагон пинҳон мондани амали худ тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона партофт, аммо аҳли оила садои […]

  • 09.04.2018

Трамп: » Русия ва Эрон ба хотири ҳимояташон аз ҳайвони Асад гунаҳкоранд..»

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамтои русаш Путин, Русия ва Эронро масъули истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия донист. Трамп дар Твиттер навишт: «Кушташудаҳои зиёд, аз ҷумла занону кӯдакон дар Сурия қурбонии ҳамлаи кимиёӣ шуданд. Минтақае, ки ин ҳодиса онҷо рух дод, аз сӯи артиши Сурия муҳосира ва иҳота шудааст. Президент Путин, Русия ва Эрон ба хотири […]

  • 09.04.2018

Хизматрасонҳои коммуналӣ

 Кӣ обро лой карда, моҳӣ медорад? Чанд сол пеш бо қарори раиси онвақтаи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти 114 ЖЭУ ва ЖКХ дар пойтахти кишвар, бинобар аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ  нашудан, қатъ карда шуд. Вайрон карданду эҳё карда наметавонанд. Хараҷу мараҷ ба нафъи кист? Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон (раисаш Баҳодур Ҳабибов) ба ҷойи онҳо […]

  • 09.04.2018

Русия: 7 муҳоҷирро аз 12 то 17 сол зиндонӣ карданд

Додгоҳе дар шаҳри Самара як гуруҳи ҳафтнафарии шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро бо ҷурми омодагӣ ба як қатор терактҳо дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербургу Екатеринбург ва узвият дар созмони даҳшатафкани «Давлати исломӣ» (ДИ) аз 12 то 17-солӣ зиндонӣ кард. Дар ин бора Денис Гудков – вакили дифои яке аз маҳкумшудаҳо Козимҷон Абдуллоҷонов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, наздикони гумонбарон […]

  • 09.04.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 09 апрел  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8280 сомонӣ, 1 евро = 10.8037 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1523 сомонӣ. Имрӯз, 9 апрел қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 […]

  • 09.04.2018

Боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Имрӯз, 9 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. […]

  • 09.04.2018

2 шутур, 2 асп, 2 гов, 7 миллион сӯм ва 1 гилем мукофоти “Алмаз” дар Ӯзбекистон

7-уми апрел дар як мусобиқаи калони бузкашӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон, аспи Шарифзода Муҳамадзариф Раҳмон (Соҳибов), мудири Директори Корхонаи махсус (қазонӣ)-и давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик»  соҳиби шоҳҷоиза гардидааст. Мусобиқаи байналхалқии бузкашӣ дар ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанди ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ширкати човандозону паҳлавонони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон доир гардида, дар он зиёда аз 1600 човандоз ширкат […]

  • 09.04.2018

Устопириён боз қаҳрамон шуд

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо «Анталия Гран При 2018” бар қаҳрамони ҷаҳон Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯз омад ва соҳиби ҷои аввал дар ин мусобиқаи мӯътабар шуд. Комроншоҳи Устопириён соли 2017 шоҳҷоизаи «Анталия Гран При 2017”-ро ба даст оварда буд. Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик дастоварди соли гузаштааш такрор кард […]