• 13.04.2018

Намоиши чакан дар “Ашан”

Имрӯз, 13- уми апрел дар Маркази савдои” Ашан” таҳти унвони “Чакомаи ҳазору як ранги чакан” Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ аз 33 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ занону духтарони ҳунарманд ширкат варзида, маҳсули дастони худро ба намоиш гузоштанд. […]

  • 13.04.2018

Фурӯши сигор ва машруботро дар «моҳи саломатӣ» манъ накарданд

Мақомоти шаҳри Ишқободи Туркманистон одатан дар остонаи «моҳи саломатӣ» соҳибони мағозаҳоро огоҳ мекарданд, ки фурӯши сигор ва машрубот манъ аст. Аммо ба фарқ аз солҳои гузашта дар соли ҷорӣ дар «моҳи саломатӣ» фурӯши сигор ва машрубот манъ нашуд. Ҳамасола 7 апрел ҳамчун Рӯзи байналхалқии саломатӣ таҷлил мешавад. Дар робита ба ин сана мақомоти Туркманистон чанд […]

  • 13.04.2018

128  сомонӣ стипендия. Магар донишҷӯ бо ин маблағ метавонад зиндагӣ кунад?

Дар миёни донишҷӯён назарпурсие гузаронида, аз онҳо дар як моҳ чӣ қадар маблағ сарф карданашонро пурсон шудем. Муродбек Хақбердиев, донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: -Падарам хар моҳ 800 сомонӣ танҳо барои хӯрду хӯрок ва роҳкиро ба ман  мефиристад. Медонам, ин барои падарам хеле мушкил аст, вале ӯ мегӯяд, ки бояд соҳиби маълумот шавам, то […]

Дин 0
  • 13.04.2018

Ли Ён Ҳо ба Тоҷикистон омад

Ли Ён Ҳо, вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои минтақа, вориди Тоҷикистон шудааст. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 13-уми апрел гуфтаанд, ки имрӯз меҳмони кореягӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот мекунад. Интизор меравад дар ин дидор масоили ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва вазъи сиёсӣ дар ҷаҳор […]

  • 13.04.2018

Зодаи  СССР. Ӯ бо асобағал низ  худро хушбахт ҳис мекунад

  Бо ин бонуи наҷиб мо соли 1988 дар Афғонистон шинос шудем. Ӯ он замон инструктори отряди агитатсионӣ дар Шинданд  буду  бо сарбозон таҳти ҳимояи техникаи зиреҳпӯш ба деҳаҳо сафар мекард ва «ёрии гуманитарӣ» тақсим мекард. Вақте ки бароям бо ӯ ҳамроҳ рафтанро пешниҳод намуданд, он рейди 208-умаш  ба шумор мерафт. «Напарронед!  Ин корвони сулҳҷӯёна […]

  • 13.04.2018

Оғози парвандаи ҷиноӣ дар пайи оташсӯзӣ

Пулиси Қирғизистон дар пайи оташсӯзии бозори Ӯши шаҳри Бишкек бо моддаҳои «Ҳадафмандона нобуд кардан ё зарар расонидан ба моликият» ва «Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор» парванда боз кард. Мақомот мегӯянд, соати 3:50 дақиқаи субҳи 13 апрел дар бораи оташсӯзӣ хабар ёфтанд. Дар ҳоли ҳозир зарари оташсӯзӣ дақиқ нашудааст. Бино бар хулосаи пешакӣ, бозорро барқасдона […]

  • 13.04.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 13 апрел қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8396 сомонӣ, 1 евро = 10.8877 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1432 сомонӣ. Имрӯз, 13 апрел қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 […]

  • 13.04.2018

Имрӯз ҳаво гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрноки бебориш шуда, вазиши шамол дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар назар дошта шудааст. Имрӯз, 13 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар […]

  • 13.04.2018

Даргузашти устоди Ҷонибеки  Мурод

Илҳом Урмонов, бастакори шинохтаи тоҷик рӯзи 12 апрел дар синни 48 аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ ва дафни ҷанозаи Илҳом Урмонов имрӯз,  соати 11:30 дар деҳаи Сойчаи ҷамоати Ёва доир мешавад. Шогирдони сершумори Илҳмо Урмонов рӯзи 12 апрел аз марги бармаҳали ин бастакор ва оҳангсози тоҷик хабар доданд. Ҷонибеки Мурод, овозхони маъруф ва аз шогирдони […]

  • 13.04.2018

Толеъномаи 13 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Имрӯз аз паси баланд кардани сатҳи маҳорату малакаи касбӣ шавед. Барои расидан ба курсии роҳбарӣ бояд зиёд кӯшиш кунед. Бояд аз хешу пайвандон дур нашавед. Дар муошират бо ашхоси ношинос эҳтиёткор бошед.  Вазъи саломатиатон давоми рӯз хуб аст. Савр ( 21 апрел – 22 май) Бо пайдо шудани шахси  аҷибе зиндагиатон […]

  • 13.04.2018

Кӯрпаи Афандӣ ва нархи чиптаҳои ҳавопаймо

…Боре нисфишабии зимистон  дар кӯча  садои моҷароро шунида, Афандӣ барои сабаби онро фаҳмидан курпаашро ба пушт гирифта ба он ҷо мебарояд. Мебинадя,  ки ду  дузд молҳои ба яғмо бурдаашонро байни ҳам тақсим мекунанду сари як гилем баҳс доранд, ки онро кӣ гирад. Вақте, ки Афандии курпадарпуштро мебинанд, яке аз онҳо чанг зада курпаи ӯро  мегираду […]

  • 13.04.2018

Муфлис шуду худро овехт

Ҷасади як соҳибкори 39-соларо пас аз муфлисшавиаш дар шаҳри Ваҳдат овехта пайдо карданд. Мақомот мегӯянд, бар асоси тафтиши ибтидоӣ бо эҳтимоли зиёд Муқимҷон Раҳимов, сокини деҳаи Гирдоб (собиқ Узнариқ)-и шаҳри Ваҳдат худкушӣ намудааст.Ҷасади овехтаи ӯ бегоҳи 11-уми апрел аз хонаи бародараш пайдо шудааст. Нисфирӯзии 12-уми апрел ӯро дафн карданд. Аз ӯ се фарзанд — як […]