• 10.05.2018

Шавкат Мирзиёев ба Амрико меравад

, раиси ҷумҳури Узбекистон, бо даъвати президенти Амрико Доналд Трамп рӯзҳои 15-17-уми май бо нахустин сафари расмӣ ба Иёлоти Муттаҳида меравад. «Дар ин сафар ҳамкориҳои дутарафа ва масоили ҷаҳониву минтақаӣ баррасӣ хоҳад шуд», — хабар медиҳад маркази матбуотии президенти Узбекистон. Раиси ҷумҳури Узбекистон дар Вашингтон, инчунин, аз Конгресс, Вазорати дифоъ, Департаменти давлатии ИМА ва Бонки […]

  • 10.05.2018

“Фарзанд расон” дувумин суруди -миллионери Анварҷон Ахмедов (Видео)

Тақрибан як сол пеш канали  Баракат Медиа  дар YouTube сабти  видеои суруди «Фарзандрасон»-ро аз барномаи консертии Анварҷон Ахмедов  ҷой кардабуд, ки  1,10 миллион нафар тамошобин ҷамъ намудааст. Суруди мазкур дар муддати кӯтоҳ байни мухлисони сабту наво ҳаводорони зиёде пайдо намудааст. Анварҷон Ахмедов  даҳсол инҷониб рӯйи саҳнаи ҳунар омадаву бо сурудҳои хеш хотири мухлисони бешуморашро шод мекунад. […]

  • 10.05.2018

Саймумин Ятимовро президенти Афғонистон қабул кард

Як ҳайъати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ба роҳбарии раиси ин кумитаи Саймӯмин Ятимов рӯзҳои 7-9 май аз шаҳри Кобул боздид карда, бо мақомоти амниятии Афғонистон масоили мубориза бо терроризм ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир, таъмини амнияти марзи байни ду кишвар ва дигар масоили амниятиро баррасӣ кардааст. Ҳайъати Тоҷикистонро президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ […]

  • 10.05.2018

Қорие, ки 5 ҳазор шогирд дошт,  вафот кард

Абдулхолиқи Қумсангирӣ, яке аз машҳуртарин қориёни Тоҷикистон рӯзи 9 май дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе дар синни 65 аз олам чашм пӯшид. Қорӣ Абдухолиқ рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд. Мошини «Мерседес”-е, ки ин рӯҳонӣ савори он буд, дар Тоҷикистон ба як сементи канори роҳ бархӯрд ва Қорӣ Абдулхолиқ дар […]

  • 10.05.2018

Мастчоҳ: Марди 57-сола гулӯи ҳамсарашро бурид

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ дастгир намуданд. Номбурда, рӯзи 9-уми майи соли 2018, тахминан соати 12:20-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 57-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади ба қатл расонидан, ҳангоми бо корди хоҷагӣ гарданашро буридан, корд […]

  • 10.05.2018

Душанбе: Мусодираи 50 кг воситаҳои нашъадори сахттаъсири навъҳои «героин» ва «афюн»

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт як ҳолати интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро пешгирӣ намуда, аз гумонбаршудагон дар ҳаҷми махсусан калон, наздики 50 кг воситаҳои нашъадори сахттаъсири навъҳои «героин» ва «афюн»-ро мусодира намуданд.  Фурӯшу интиқоли маводи мухаддир ҳолати ҷиноятиест, ки ба ҳаёту саломатии аҳли ҷомеа таҳдид мекунад. Новобаста аз муборизаи беамони мақомотҳои ҳифзи […]

  • 10.05.2018

Иҷлосияи понздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум  баргузор мегардад

Пагоҳ, 11 май, дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи понздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум  баргузор мегардад. Тавре аз палатаи болоии Парлумони мамлакат иттилоъ додаанд, дар иҷлосия  маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ин росто, аъзои Маҷлиси миллӣ 10 майи соли  равон аз […]

  • 10.05.2018

Озмун: Селфӣ фирист ва соҳиби тӯҳфа шав!

Сомонаи «Тajikistantimes.com» озмуни «Селфии беҳтарин»-ро эълон мекунад. Хоҳишмандон метавонанд аз 1-ум то 15-уми май селфиҳои худро тариқи Viber, Whatsapp бо рақамҳои 985-81-89-81 ба мо фиристонанд. Аксҳо давоми ду ҳафта ҷамъоварӣ карда шуда, баъдан беҳтарини онҳо барои лайкгузорӣ тариқи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд. Барандаи озмуни мазкурро мукофот интизор аст. Сину соли иштирокчиён маҳдудият […]

  • 10.05.2018

Ҳаво абриву бебориш мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳарорат то 39 дараҷа гармӣ мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Имрӯз, 10 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар […]

  • 10.05.2018

Аз мошин набароед,ки 50 сомонӣ медиҳед!

Тибқи қонуни нави ҳаракат дар роҳ, ронанда дар сурати манъ кардани мошинаш аз ҷониби нозири роҳ ҳақ надорад аз мошин берун барояд. Дар сурати берун шудани ронанда ӯро 50 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Дар ҳоле, ки муқаррароти мазкур дар гузашта ҳам амал мекард ва бархе ронандаҳо дар Душанбе ба ин қоида риоя мекарданд, аксари дигарҳо […]

  • 10.05.2018

Заминҷунбии Ишкошим, хисорот нест

Заминларзаи қавие баъд аз зуҳри 9-уми май Тоҷикистонро такон дод. Маркази зилзилашиносии Амрико гуфт, ки маркази ин заминларзаи 6.2 дараҷаӣ дар 36-километрии шимол-ғарби маркази ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон будааст. Масъулини Маркази зилзиланигории Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, заминларза тахминан соати 15:31 ба вақти маҳаллӣ рух дода, таъсири он қариб дар тамоми кишвар мушоҳида шуд. […]

  • 10.05.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 10 май қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.9600 сомонӣ, 1 евро = 10.6346 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1415 сомонӣ. Имрӯз, 10 май қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    […]

  • 10.05.2018

Толеъномаи 10 май 2018

                                Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Барои намояндагони ин бурҷ рӯз бисёр серташвиш хоҳад гашт. Кӯшиш намоед, ки роҳи ҳалли мушкилоти пешомадаро сари вақт ёбед, вагарна ҳолатон бад мешавад. Дар ҷодаи кор ҳамалҳо бояд сабуриро пеша намуда, рафти тамоми корҳоро […]