• 22.05.2019

Шаҳрванди Русия, ки манораи Эйфелро “фатҳ” кард, бемори равонӣ буд?

улиси Фаронса як шаҳрванди Русияро, ки рӯзи 20 май ба манораи Эйфел баромада, шаш соат аз он нафаромад, ба беморхонаи равонӣ фиристод.

  • 22.05.2019

Тафтиши мошинҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон сахттар шуд

Бино ба хабарҳое, ки аз минтақаи гумрукии Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон расидааст, мошинҳои сабукрави Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз дуру дароз ва ҷиддӣ тафтиш мешаванд.

  • 06.08.2018

14 нафар хонандагони мактаб даст ба худкушӣ задаанд

Дар вилояти Суғд давоми шаш моҳи  соли 2018 аз ҷониби  16 нафар ноболиғон  ҳодисаҳои  худкушӣ ва сӯйқасд ба он ба қайд гирифта шудааст. Бино ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода аз ин 16 нафар 14 нафарашонро хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ  ташкил медиҳад.  “Чунин ҳодиса бештар дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод […]

  • 06.08.2018

Роҳ ба мақбараи Исмоили Сомонӣ боз шуд

  Ширкати «Сомон Эйр» рӯзи 6-уми август нахустини парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Бухороро анҷом дод ва ин сеюмин парвозе шуд, ки Тоҷикистонро бо Узбекистон мепайвандад. Мусофирон мегӯянд, арзиши билети Душанбе-Бухоро 485 сомонӣ ва ё 51 доллар буда, гаронтар назар ба арзиши хатсайри Душанбе-Самарқанд аст. Арзиши билет ба самти Самарқанд тавассути ширкати «Тоҷик-эйр» ҳафтаи гузашта 300 […]

  • 06.08.2018

Куштори сардори Раёсати дидбонии ВКД

Дар шаҳри Тошканд сардори Раёсати дидбонию ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон Дилшод Акрамов кушта шудааст. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар иттилоъ доданд. Шахси ношиносе ба коргоҳи Акрамов дохил шуда, ӯро бо корд задааст. Ҳамлагар тавонистааст аз маҳалли ҳодиса ғайб занад. Пулиси Ӯзбекистон мегӯяд, эҳтимол аст, қотил […]

  • 06.08.2018

Темурмаликро ба ҷазира мебаранд

 Дар Хуҷанд тасмим гирифтанд, пайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик дар ҷазираи ҳамномаш дар рӯди Сир бунёд гардад.  Қаблан мехостанд, пайкараро дар ҷойи дигар бисозанд, вале таърихшиносону донишмандон пофишорӣ доштанд, Темурмалик бояд дар ҷои аслии муборизаву ҷонфидоиаш қад боло кунад. Соли 2018 аз муборизаи Темурмалик бар зидди лашкари Чингизхон 800 сол пур мешавад. Ҷазираи Темурмалик — […]

  • 06.08.2018

Парвози ҳоҷиён сар шуд

Рӯзи якшанбе, 5 август нахустин гуруҳи зоирон аз Тоҷикистон бо мақсади Ҳаҷ аз фурудгоҳи Душанбе ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Интиқоли зоирони тоҷик ба Маккаву Мадина ду ҳафта давом мекунад.  Имсол беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷ мераванд. Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки бо баргузории як маросим дар фурудгоҳи Душанбе нахустин гуруҳи […]

  • 06.08.2018

Стивен Сегал намояндаи вижаи Русия дар Амрико

Вазорати умури хориҷии Русия Стивен Сегал, ҳунарпешаи маъруфи амрикоиро, намояндаи вижаи Русия дар умури робитаҳои башардӯстона бо Амрико таъйин кардааст. Ба Стивен Сегал, ки дар якҳарбаи шарқӣ маҳорати зиёд дорад, соли 2016 шаҳрвандии Русияро доданд. Ӯ сиёсатҳои раиси ҷумҳур Владимир Путин ва аз ҷумла ишғоли нимҷазираи Қримро тарафдорӣ кардааст. Ӯ соли 2016 ҳамчунин шаҳрванди Сербистон […]

  • 06.08.2018

Ҳамаи мактабҳо то охири сол ба интернет пайваст мешаванд

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абулғозиев 3 август дар ҷаласаи порлумон гуфт, тамоми мактабҳои ин кишвар бояд то охири соли равон ба Интернет пайваст карда шаванд. Вай Кумитаи технологияи иттилоотӣ ва алоқаи Қирғизистонро дастур дод, ки вазифаи худро дар ин бобат «бечуну чаро» иҷро кунад. Ба гуфтаи ӯ, агар то аввали соли хониш 80%-и мактабҳо ба Интернет […]

  • 06.08.2018

Толеъномаи 6 август 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Имрӯз дар корҳои эҷодӣ ва ҷодаи муҳаббат навигариву дилхуширо интизор бошед. Нимаи аввали ҳафта дар робита бо атрофиён фаъолнокӣ нишон дода бурд мекунед. Ба хотири мулоқоти ошиқона аз нақшаҳои корӣ рӯ нагардонед. Агар ба нафаре писанд омадан хоҳед, ба соддалавҳӣ роҳ надиҳед. Ҳамзамон аз иғвогарии зане эҳтиёт шавед. Савр ( 21 апрел – […]

  • 06.08.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4200 сомонӣ; 1 евро – 10.9206 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1487 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300 […]

  • 06.08.2018

Имрӯз ҳаво +38+40 дараҷа гарм мешавад

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона   нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа баланд гашта, дар бештари ноҳияҳо ба 42 дараҷа мерасад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман […]

  • 06.08.2018

Дузд ба дор овехта шуд

Дар бозори ноҳияи Берунӣ дар ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистони Ӯзбекистон дӯкондорон ҷавонеро, ки бо гумони дуздӣ дастгир шуда буд, дар дарвозаи бозор овехтанд, то барои дуздони дигар дарси ибрат шавад. Мақомот дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми ҷазои худсарона парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Сомонаи Kun.uz рӯзи 2 август видеоро нашр кард, ки дар он як ҷавон дар […]

  • 06.08.2018

Ҷои забҳи қурбонии душанбегиҳо маълум шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фармон дод, ки дар арафаи иди саиди Қурбон дар 4 гӯшаи пойтахт нуқтаҳои махсус барои забҳи чорвои қурбонӣ ташкил карда шаванд. Ин нуқтаҳои забҳи чорво бояд дар назди Комбинати гӯшту консерва, ҶДММ «Ангара” (маҳаллаи Роҳи нав), Маҷмааи байторӣ(хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, паҳлуи Маркази дуюми гармидиҳӣ) ва дар корхонаи «Ёвар-11” дар ноҳияи […]

  • 06.08.2018

“Ҷияни Салимзода”  дастгир шуд

Ду корманди гузаргоҳи марзии Патар дар марзи Конибодом бо вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, капитан бо номи Аҳлиддин, ки худро «ҷияни генерал Шерхон Салимзода” муаррифӣ мекард, ҳамроҳи прапоршик Самадов аз ду шаҳрванди Русия, ки бо мошинашон тариқи транзит аз қаламрави Тоҷикистон мегузаштанд, 10 ҳазор рубл (ҳудуди 160 доллар) гирифтаанд.Капитан […]

App Banner