• 22.04.2019

Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар фазои Тоҷикистон

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соҳиби чаҳор ҳавопаймои ҷадиди бидуни сарнишини тамғаи “Орлан-10” шуд.

  • 19.04.2019

Намоишномаи корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон

«Баҳори ваҳдат» дар саҳнаи театри тоҷик нахустин спектакле аст, ки дар мавриди ошӯбҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аҳволи гурезагони ҷанг ва корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани гурезаҳо ва истиқрори сулҳ қисса мекунад.

  • 13.08.2018

Дардҳои ниҳони Ғарибшо (Видео)

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, ки мухлисон ӯро бештар бо номи Ғарибшо мешиносанд, дар барномаи «Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев қиссаҳои пурдардеро аз зиндагиаш нақл кардааст. Бахтиёр мегӯяд, модараш бо азобу машаққат 6 фарзанди худро ба воя расонд, вале вақте фарзандонаш рӯи кор шуданд, умр фурсаташ надод, ки дар сояи давлати фарзандон даме роҳат кунад… Орзу Исоев […]

  • 13.08.2018

КҲФ гуфт: 13 кӯҳнавард ва 3 сарнишини чархбол зиндаанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи 13 кӯҳнавард ва 3 сарнишини чархболе, ки рӯзи гузашта дар поёноби пиряхи Фортабек дар ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шуд зинда ҳастанд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи кумита 13 август гуфт, ки хабари бархӯрди ин чархбол ба кӯҳ иштибоҳан нашр шуда ва ҳама сарнишинони он саломат мебошанд Вай афзуд, ки […]

LM2019
  • 13.08.2018

Ҷавонони ошиқ худро ба зери қатора партофтанд

Дар ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарёи Узбекистон ду ҷавоне, ки ошиқи якдигар буданд, худро ба зери қатор партофта ва худкушӣ карданд. Ба гуфтаи наздикон, хонаводаи духтар ба издивоҷи ин ду ҷавон мухолиф буд. Б. К.-и 20-сола ва Г. К.-и 17-сола, сокинони деҳаи «Қумқишлоқ» шаби 9 ба 10 август дар ҳудуди ноҳияи Ҷарқӯрғон худро ба зери қатори […]

Дин 0
  • 13.08.2018

Кэсси Грэйвс- сарояндаи бадбӯй

Кэсси Грэйвс- сарояндаи ҷавону зебои Бритониёи Кабир буда, арақи бадан ва ҳатто нафасаш бӯйи моҳии вайроншуда мекунад. Шояд шумо гумон кунед, ки ин зан бисёр чалфас аст, вале дар асл чунин нест. Сабаби бӯйи бад кардани ин сарояндаи ҷавон касал буданаш аст. Бемории Кэсси триметиламинурия ном дошта, хеле нодир аст. Бо сабаби халалёбии мубодилаи моддаҳо […]

  • 13.08.2018

Фавти 27 нафар аз гармии офтоб

Дар Куриёи Ҷанубӣ аз ҳавои гарми тоқатфарсо 27 нафар вафот карда, беш аз ду ҳазор сокини ин кишвар ҷароҳат бардоштаанд. Бори аввал дар давоми 76 соли охир ҳарорати ҳаво дар Куриё то ба 41 дараҷа расидааст. Партияи демократии Куриё гармои имсол ба сари мардумаш омадаро офати табиӣ  мешуморад. Ҳукуматдорон барои муҳофизат кардани мардум аз ҳавои […]

  • 13.08.2018

Ба кӯҳ бархӯрдани чархболи кӯҳнавардон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯд, ки чархболи ҳомили кӯҳнавардон ҳини бозгашт дар поёноби пиряхи Фортамбек дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин), ба кӯҳ бархӯрдааст. Бино ба хабарҳои аввалия, чархболи МИ-8 соати тақрибан 16:30 дақиқаи рӯзи якшанбеи 12-уми август замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ, ба қароргоҳашон бармегардонд. Қуллаи […]

  • 13.08.2018

Саратони сина занро намекушад, агар…

Солҳои охир шумораи гирифторони саратон, хоса саратони ғадудҳои ширӣ торафт афзуда истодааст. Аксарияти одамон касалии саратонро дарди бедаво мешуморанд ва чунин ташхисро бо хутбаи марг баробар медонанд. Табибони саратоншинос бо ин ақида розӣ нашуда, мегӯянд дар сурати сари вақт бо табобат фаро гирифтани бемор пеши роҳи хуруҷ ва паҳншавии саратонро гирифта, бар ин беморӣ ғолиб […]

  • 13.08.2018

Ишқи пурдарди зани аробакаш

Саргузашти Лайлии қазоқ, ки ба хотири Маҷнуни тоҷик тарки Ватан намуда, ба азобҳои алим гирифтор шудааст Ӯ шояд дар тамоми Тоҷикистон ягона зане бошад, ки дар қатори мардон дар бозор ароба кашида, бо арақи ҷабин рӯзи худ ва чор фарзандашро мегузаронад. Ин ҷавонзан аслан қазоқ аст, вале забони тоҷикиро аз баъзе тоҷикони забонгумкарда хубтар медонад. […]

  • 13.08.2018

Толеъномаи 13 август 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Нимаи аввали рӯз барои хариди манзил ва ҷиҳози хона мусоид аст. Бо мушкилоти хонаводагӣ ва оилавӣ андармон шуда, уҳдадориҳои корхонаро фаромӯш накунед, вагарна сардор аз шумо нороз? Мегардад. Хатари ба доми ҳаннотон афтидану фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. ҳушёриро аз даст надиҳед, аз макри душманон бехабар намонед. Савр ( 21 апрел – 22 май) […]

  • 13.08.2018

Дастгиршавии зане, ки шавҳарашро бо санг зада кушт

Як зани 34-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қатли шавҳараш боздошт шудааст. Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ки ҳодиса ду соли пеш рух дода буд. Ба қавли манобеи Вазорати корҳои дохилӣ, ин зан моҳи сентябри соли 2016 аз хоб будани шавҳараш истифода карда, чанд дафъа бо санг ба сари ӯ задааст. Дар натиҷа мард дар ҷойи […]

  • 13.08.2018

Сомонаи дурӯғсанҷ ба кор оғоз кард

Дар Қирғирзистон сар аз 1 июни соли равон сомонаи factcheck.kg ба кор даромад, ки «фейкҳо»-ро ошкор ва хабари расонаҳову шабакаҳои иҷтимоиро муайян хоҳад кард. Ба гуфтаи як масъули сомона, то ба имрӯз дар он беш аз 50 мавод бо ду забон, аз ҷумла таҳқиқоти қарордоди иҷораи чархболҳо миёни Қирғизистон ва Уганда, матлабҳо дар бораи манфиатҳои […]

  • 13.08.2018

Қурби асъор-1 рубли русӣ — 0.1403 сомонӣ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4200 сомонӣ; 1 евро – 10.7821 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1403 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300 […]

  • 13.08.2018

Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон меравад

Баъзе аз расонаҳои давлатии Ӯзбекистон бархе аз ҷузъиёти сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба он кишвар ошкор карданд. Ин расонаҳо гуфтанд, ки президент Раҳмон рӯзҳои 17-18-уми август аз Тошканду Самарқанд дидан хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафтааст. Хабаргузории Kun.uz рӯзи 12-уми август бо такя ба манобеи […]

App Banner