• 17.06.2019

Муроҷиати духтари Гулнора Каримова ба мақомоти Ӯзбекистон

Имон Каримоваи 21-сола, духтари Гулнора Каримова бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли Ӯзбекистон дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш фишор меорад.

  • 15.06.2019

Эмомалӣ Раҳмон: Зуҳуроти ифротгароию терроризм дар Осиё афзоиш ёфтааст

Президенти Тоҷикистон афзоиши зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро таҳдиде ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ унвон кард.

  • 01.09.2018

Ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии  солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои  пойтахт кумаки молӣ расонида мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар арафаи таҷлили  ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии  солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои  пойтахт, ки дар ободонии шаҳр саҳми арзанда мегузоранд, кумаки моддӣ мерасонад. Дар ин бора  Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   ба имзо расид. […]

  • 01.09.2018

Президент гуфт: Кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд

Ҳукумати кишвар дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайкараи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар шаҳраки «Шифобахш» ва дар байни бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи ин алломаи бузург, ки аз нав қомат рост карда истодааст,  ҷойгир намуд, ки он рамзи ҷовидонаи эътибори илми тибби тоҷик мебошад.  Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, […]

  • 01.09.2018

Ҳаво имрӯз софу беғубор мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор шуда, ҳарорат шабона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Дар баъзе ноҳияҳо  шамол аз самти шарқ то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар […]

  • 01.09.2018

Толеъномаи 1 сентябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Назди худ мақсад гузореду барои амалӣ сохтанаш кӯшиш ба харҷ диҳед. Агар ақли солимро ба кор баред, ҳатман дар корҳоятон муваффақ мегардед. Муносибатҳоятон бо нафароне, ки ҳурматашонро ба ҷой меореду ба нуқтаи назарашон гӯш меандозед, хуб мегардад. Масалан, агар шумо падаратонро ҳурмату эҳтиром мекарда бошед, дар рафъи баъзе мушкилиҳо андешааш нақши ҳалкунандаро […]

App Banner