• 18.06.2019

Сипосгузории Путин аз Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории МҲТБО

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар суҳбати телефонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ барои баргузории Ҳамоиши панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар шаҳри Душанбе ибрози сипос кардааст.

  • 17.06.2019

Ҷинпин ба нишони олии Тоҷикистон сарфароз гардид

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, раҳбари давлати Чин нишони олии кишвар-“Зарринтоҷ”-и дараҷаи аввалро тақдим кард.

  • 05.09.2018

Ҷон Поммершейм сафири нави  Амрико  дар Тоҷикистон мешавад

Президенти  Амрико Доналд Трамп  ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон номзадии Ҷон Поммершейм (John Mark Pommersheim)-ро пешниҳод кардааст. Ӯ дипломати касбӣ буда, айни замон дар Сафорати ИМА дар Қазоқистон фаъолият дорад. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи сафед дар ИМА хабар медиҳад. Қабл аз фаъолият дар Сафорати ИМА дар Қазоқистон Поммершейм ба сифати консули генералии ИМА дар Владивосток […]

  • 05.09.2018

Суҳбати ошкоро бо режиссёри берун аз Ватан

 Вақте Барзу рафт… — ман шоҳиди гиряи ҳунармандон будам… — ман шоҳиди афсӯсхӯрии чанд зиёӣ шудам… — ман шоҳиди хурсандии ҳунармандон будам… Вақте Барзу рафт… -пояҳои театри тоҷик футур рафт мегуфт, яке… -баъди Фаррухи Қосим ӯ буд, ки театри моро нигоҳ медошт, дигар касе нуст, афсӯс мехӯрд дигаре… Вақте Барзу рафт… —чанд директор зиёфат ҳам […]

  • 05.09.2018

Мунтахаби Қирғизистон пешгоми Бозиҳои кӯчиҳо

Дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо мунтахаби Қирғизистон пешгом аст. То субҳи рӯзи 5 сентябр қирғизистониҳо 43 медал касб карда буданд, ки аз ин шумор 15 тило, 15 нуқра ва 13 медали биринҷӣ буд. Дар мақоми дувум мунтахаби Русия бо 11 медали тило, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ қарор дорад. Тими Қазоқистон бо 9 медали тило, 9 […]

  • 05.09.2018

Дӯстӣ Фирдавсӣ шуд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, Рустам Эмомалӣ, номи муассисаи давлатии боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт ба «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ» иваз карда шуд. Боғи «Дӯстии халқҳо» соли 1972 сохта шуда, дар майдони 30 гектар воқеъ аст. Дар майдони 2,3 гектари боғ, чор майдони футболи хурд, майдон барои бозии кӯдакон ва ҳамчунин бинои маъмурии […]

  • 05.09.2018

Сӯхтори мошин ва марги ду нафар дар шоҳроҳ

Шаби 4 сентябр  дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок  сӯхтори мошине,ки  30 тонна мводи сӯхт дошт, ба қайд гирифта шуд, Дар ин ҳодиса  ду нафар ба ҳалокат расида, мошини боркашони тамғаи “DAF” пурра сӯхтааст. Роҳ тақрибан ду соат баста буд. Тавре,ки Далери Абдулло, сухангӯи IRS, ба сомонаи “Тоҷикистон таймс” гуфт, сӯхтор ва ҳалокати ду нафар дар натиҷаи ба […]

  • 05.09.2018

Ҳабс карда шудани мард барои таҳқиру озори ҳамсар

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт як сокини шаҳри Душанберо ба хотири дашном ва озор додани ҳамсараш ба як ҳафта ҳабс маҳкум кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Душанбе, Эркинҷон Муқумови 49-сола “пайваста дар ҳолати сархушӣ ба хонааш омада, ҳамсари худро дашномҳои қабеҳ медодааст.” Ба қавли манбаъ, аз ҷумла ӯ рӯзи 1-уми сентябр “дар […]

  • 05.09.2018

Ноотбуки президент ба ҳама якумхонҳо нарасид

Тибқи анъана, дар Туркманистон 1 сентябр ба ҳамаи хонандагони синфи 1 аз номи президент ноутбук тақдим мекунанд. Дар соли ҷорӣ на ба ҳамаи хонандагон ноутбуки президентӣ тақдим карданд. «Дар ноҳияҳои Сакарчагину Тагтабозори вилояти Марӣ, инчунин ноҳияҳои Деҳнаву Керкини вилояти Лебап ноутбукҳои ваъдагиро тақдим накарданд», — гуфт як манбаъ. Анъанаи тақдими ноутбук ба хонандагони синфи 1 […]

  • 05.09.2018

Толеъномаи 5 сентябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Рӯзи нав ба ҳамалҳо бурдбориҳо дар соҳаи тиҷорат ҳамқадам мегардад. Бо дилдодаатон боэҳтиром ва самимӣ суҳбат намоед. Чунки як ҳарфи хатои шумо ӯро дубора бо шумо қаҳрӣ месозад. Муносибатро бо атрофиён хуб намоед.Рӯз барои сафарҳои дур мувофиқ нест. Савр ( 21 апрел – 22 май) Нимаи аввали рӯз аз дӯсти ранҷидаатон хабари нав […]

  • 05.09.2018

Имрӯз ҳаво софу беғубор мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти шарқ то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 27+32 ва дар шарқи ин вилоят […]

  • 05.09.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4215 сомонӣ; 1 евро – 10.8922 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1379 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; […]

  • 05.09.2018

Раис: Муллоҳо рӯҳи Ленинро шод карданд

Дар ноҳияи Шаритус муллоҳо коре карданд,ки ҳеҷ кас интизораш набуд. Имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъ як дасти шикастаи ҳайкали Владимир Ленин, пешвои коммунистҳоро таъмир карда, пайкараи дар зери барфу борон ва таъсири офтоб тирашудаашро рангу бор намуданд. Онҳо гуфтаанд, ки ин кор ихтиёрӣ ва бо харҷи пулҳои хайрияи мардум сурат гирифтааст.Тавре “Озодӣ” хабар медиҳад,пешвои коммунистҳо ба хотири ақидаҳои […]

  • 05.09.2018

Парлумон гадоиро ғайриқонунӣ эълон мекунад

Намояндагони мардумӣ дар парлумони Узбекистон лоиҳаеро барои  баррасӣ пешниҳод карданд, ки талбандагиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад. Тарҳи қонун, ки онҳоро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст, рӯзи 3-юми сентябр дар саҳифаи расмии маълумоти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд.Бар пояи тарҳи пешниҳодӣ, нафароне, ки ҳангоми талбандагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ошкор мешаванд, дар ростои се соли […]

Дин 0
  • 05.09.2018

Террорист иқрор мешавад…

Ҳусейн Абдусамадов,  сокини шаҳри  Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизионӣ пайдо  шуд. Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон таҳия ва шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода […]

App Banner