• 19.05.2019

Селаи шоҳпаракҳо мардумро ба воҳима андохтааст

Имрӯз селаи шоҳпаракҳо шабеҳи селаи малах дар шаҳри Душанбе пайдо шуда ва миёни сокинон як навъ биму ҳаросро ба миён оварданд.

  • 17.05.2019

Идораи ҳавошиносӣ: Селу жола дар назар аст

Бино ба маълумоти Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон интизор меравад дар ду рӯзи оянда, яъне, рӯзҳои 17-19 май борандагии шадид ба амал омада ва дар манотиқи кӯҳистонӣ сел ҷорӣ шавад.

  • 20.09.2018

Даргузашти Саодат Ҷӯраева, офарандаи нақши Зебо

Ҳунарпеша Саодат Ҷӯраева, ки бо нақши Зебо дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” маъруф шуд, имрӯз дар шаҳри Душанбе даргузашт. Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфт, Саодат Ҷӯраева дар синни 85-солагӣ ҷаҳонро падрӯд гуфт. Ӯ афзуд, ки Саодат Ҷӯраева дар Душанбе ба хок супорида мешавад. Ба гуфтаи Сафар Ҳақдод, Саодат Ҷӯраева бо нақши Зебо […]

  • 20.09.2018

Сохтмончиёни ғоратгар

150 000 доллари саҳмгузорон куҷо шуд? Агар боре аз назди бинои навсохти истиқоматие, ки дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (наздикии бинои Прокуратураи генералӣ)  гузаред, тарҳи  зебо ва рангубори он назар мерабояд. Бино аз се бинои даҳошёна иборат буда, дар он зиёда аз 270 оила иқомат доранд. Аммо бино фақат аз тарафи роҳи мошингарди кӯча […]

  • 20.09.2018

Бибии наберакуш

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як куштори ваҳшиёна дар ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод. Як зани 58-солаи сокини ин ҷамоат рӯзи 12 сентябр набераи сесолаашро маҷбурӣ ва зинда ба зинда таги хоку лой кардааст Дар натиҷа писарбачаи хурдсол ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро баъди қариб як ҳафта- рӯзи 18 сентябр пайдо […]

  • 20.09.2018

Номаи сипос аз Фаронса

Сомонаи “Тоҷикистон таймс” номаи  Масъуди Миршоҳиро ба раиси шаҳри Истаравшан дарёфт кард, ки дар он ӯ  барои  бозсозии қалъаи куҳани Муғтеппа изҳори сипос мекунад ва  матни пурраи ин сипосномаро дар зер мутолиа намоед. Мӯҳтарам ҷаноби Баҳром Иноятзода, бо дурудҳои бекарон Инҷониб Масъуд Миршоҳӣ, Раиси анҷумани Рӯдакӣ дар Порис, аз сӯи узви ин анҷумани форсизабонони бурунмарзӣ […]

  • 20.09.2018

Толеъномаи 20 сентябри соли 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ин рӯз аз робита бо сардор дурӣ ҷӯед. Агар роҳбарият шуморо ба суҳбати рӯ ба рӯ даъват кунад, ягон баҳона пайдо намуда, суҳбатро ба таъхир гузоред.  Аз ҳад зиёд саросема нашавед, вагарна кореро ба сомон расонида наметавонед. Нобарориҳои молиявиро       оромона қабул кунед, ин муваққатӣ ва ҳалшаванда аст. Савр ( […]

  • 20.09.2018

Ӯзбекистон соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид

Санаи 19 сентябр, соати 18:00 дар кинотеатри “Ватан” маросими пӯшидашавии 3 – юмин кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ “Навсоз” баргузор гардид. Ёдовар мешевем, ки имсол барои ширкат варзидан дар ҷашнвора наздики 80 филм пешниҳод шудаанд, ки аз миёнашон 20 филми бадеӣ ва ҳуҷҷатиро барои сабқат дар бахшҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ роҳ ёфтаанд ва дар фестивал 5 […]

  • 20.09.2018

Қотили эҳтимолии Ҳувайдоро ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ бурданд

Александр Сёмин, нафари гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол ёфтааст. Ташхис бояд муайян кунад, ки Сёмин гирифтори бемории рӯҳӣ аст, ё не. Дар ҳолати бемори рӯҳӣ эътироф шудан, эҳтимол аст, ӯ аз ҷавобгарӣ озод шавад. Олга Михайловна, вакили мудофеи хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 19-уми сентябр гуфт, Александр Сёмин ба беморхонаи […]

  • 20.09.2018

Боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

 Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Ҳарорат дар бештари ноҳияҳои кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мегардад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, […]

  • 20.09.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4234 сомонӣ; 1 евро – 10.9999 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1406 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; […]

  • 20.09.2018

Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео)

 10 сентябри моҳи равон дар шаҳри Варшава нишасти САҲА оғоз гардид,ки дар он Абдураҳим Каримов, мутахаллис бо  “Мулло Абдураҳим”, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҳузур дошт. Дар зер мусоҳибаи хабарнигори “Тоҷикистон”-ро бо ӯ мутолиа намоед  — Шумо дирӯз аз сафари Варшава баргаштед.Бигӯед,ки ҳадаф азин сафар чӣ буд? -Мо бо мақсади ширкат варзидан ба ҷаласаҳои […]

  • 20.09.2018

 Раис директорро заду аз вазифа дур кард

Субҳи рӯзи 14 сентябр дар Боғи марказии Кӯлоб раиси шаҳр Амонулло Хайрулло ва акнун собиқ директори боғ Абдураҳим Одинаев ба муноқишаву занозанӣ пардохтанд. Бино ба гуфтаи шоҳидони воқеа, сабаби муноқиша гӯё аз ҷониби раиси шаҳр дастур додани сангфарш кардани тамоми боғ будааст. Айни замон директори боғ барои корҳои таъмиру ободкунии он маблағу восита надорад ва […]

  • 20.09.2018

Боз як худкушии ошиқон

 Сокини шаҳри Конибодом Ҷаҳонгир Рӯзиев,баъди рад шудани хостгориаш аз ҷониби волидони Карима Дӯстматова аз деҳаи Файзбор (собиқ Даштқаратоқ) рӯзи 15 сентябр худро ба дор овехтааст. Хабари худкушии дӯстдоштааш шунида, Карима рӯзи 16 сентябр низ бо чунин роҳ  худкушӣ кардааст. Ҷаҳонгир 23 ва Карима 22 сола буданд. Карима дар мактаби рақами 11 муаллимаи фанни забони русӣ […]

App Banner